Рафори некӯ бо ҳамсар

Рафори некӯ бо ҳамсар

Сабки зиндагии исломӣ

Паёмбари меҳру муҳаббат, дар мавриди рафтори писандида бо ҳамсар ба шавҳарон нукоти дақиқеро мутазаккир шудаанд. Дар бахше аз баёни ҳазрат омадааст:

“Ҳаққи ҳамсар (зан), ки бо пайванди издивоҷ, зердаст ва дар ихтиёри ту қарор гирифта, он аст, ки бидонӣ Худо ӯро дилором, роҳатбахш, анис ва нигаҳдори ту қарор додааст”.

Аз он ҷо ки ҳамсарӣ ду сар дорад ва зану шавҳар ҳар ду бояд қадри якдигарро бидонанд, то зиндагӣ барои ҳар ду ширин шавад, дар бахши дуюми баёни хеш, Паёмбар(с) ба зану шавҳар фармудаанд:

“Зану шавҳар ҳар ду бояд неъмати вуҷуди якдигарро ба даргоҳи Худо сипосгузор бошанд, ҳар ду бидонанд, ки ҳамсар неъматест, ки Худо ба шумо дода ва бояд бо неъмати ҳамсар, рафоқати хушу хубе дошта бошед, эҳтиромашро нигаҳ доред ва бо ӯ, бо дӯстӣ ва мудоро рафтор кунед”.

Дар бахши дигаре аз суханон, ҳазрат бори дигар шавҳаронро хитоб қарор дода ва дар мавриди рафтор бо ҳамсарон супоришҳои латифе доранд ва фармудаанд:

“Ҳарчанд ҳаққи ту бар ӯ бештар ва итоати ту бар ӯ дар он чӣ ту дӯст дорӣ, ё хуш надорад, беш аз он лозим аст, ки анҷом диҳад, вале ҷуз он ҷо ки маъсияти Худо бошад, ҳаққи ӯ ин аст, ки бо ӯ меҳрубонӣ кунӣ, ҳамдам ва оромбахши вай бошӣ, комҷӯӣ ва лаззате, ки ночор бояд дар байн бошад, риоят кунӣ ва ин ҳаққи бузургест

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Фили сиёҳ
Гузашту бурдборӣ ва ҳилм дар сираи Расули Акрам(с)

Матолиби пурбоздид