Раҳбари Эрон дар дидори Исмоил Ҳания: “Ваъдаи илоҳӣ барои маҳви режими саҳюнистӣ муҳаққақ хоҳад шуд”

Раҳбари Эрон дар дидори Исмоил Ҳания: “Ваъдаи илоҳӣ барои маҳви режими саҳюнистӣ муҳаққақ хоҳад шуд”

Ахбори байналмилал

Farsnews

Раҳбари Ҷ.И.Эрон дар дидори раиси дафтари сиёсии Ҳамос, гуфт: “Ҳамон тавр ки ваъдаи илоҳӣ ба модари ҳазрати Мӯсо (а) таҳаққуқ пайдо кард, ваъдаи илоҳӣ барои маҳви режими саҳюнистӣ низ муҳаққақ хоҳад шуд.”

Ба гузориши хабаргузории Форс, Исмоил Ҳаниа, раиси дафтари сиёсии Ҳамос ва ҳайати ҳамроҳ, (22/05/2024) дар дидори раҳбари Ҷ.И.Эрон маротиби таслият ва таъзияти худро ба Оятуллоҳ Хоманаӣ ва ҳамчунин ба миллат ва давлати Эрон эълом карданд.

Раҳбари Ҷ.И.Эрон дар ин дидор бо ташаккур аз ибрози ҳамдардии миллати Фаластин бавежа мардуми Ғазза, мутақобилан шаҳодати фарзандони оқои Ҳаниаро табрик ва таслият гуфт ва аз сабри раиси дафтари сиёсии Ҳамос тамҷид кард.

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба муқовамати фавқулодаи мардуми Ғазза, ки мӯҷиби тааҷҷуби ҷаҳониён шудааст, гуфт: “Чӣ касе бовар мекард, ки рӯзе дар донишгоҳҳои Омрико ба нафъи Фаластин шиор дода ва парчами Фаластин барафрошта шавад ва чӣ касе бовар мекард, ки рӯзе дар Жопун ва дар тазоҳурот ба нафъи Фаластин, ба забони форсӣ шиори “Марг бар Исроил!” сар дода шавад.”

Вай таъкид кард: “Дар оянда низ мумкин аст дар мавриди қазияи Фаластин ҳаводисе иттифоқ биафтад, ки имрӯз боваркарданӣ нестанд.”

Раҳбари Ҷ.И.Эрон бо ишора ба оёти қуръонӣ, ки дар бораи таҳаққуқи ду ваъдаи Худованд ба модари ҳазрат Мӯсо (а) аст, афзуд: “Акнун низ ваъдаи аввали Худованд дар бораи мардуми Фаластин муҳаққақ шуда ва он, ҳамон ғалабаи мардуми Ғазза, ки гурӯҳе кучак ҳастанд дар муқобили гурӯҳи бузург ва қудратманди Омрико, НАТО, Англис ва бархе кишварҳои дигар аст. Бар ҳамин асос ваъдаи дуввум яъне маҳви режими саҳюнистӣ низ қобили таҳаққуқ аст ва ба лутфи илоҳӣ он рӯзе, ки Фаластин аз баҳр то наҳр ташкил шавад, фаро хоҳад расид.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид кард: “Оқои Мухбир, ки бар асоси Қонуни асосӣ масъулияти умури иҷроии кишварро бар ӯҳда дорад, сиёсатҳо ва ҷиҳатгириҳои раиси ҷумҳури фақидро дар бораи Фаластин, бо ҳамон ангеза ва руҳия идома хоҳад дод.”

Farsnews

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Як хабарнигори англис: “Расонаҳои ғарбӣ дар бораи номаҳбуб будани Раисӣ дурӯғ гуфтаанд”
Обращение к правозащитным организациям и правительствам демократических стран

Матолиби пурбоздид