Рисолат-ут-тайри Ибни Сино

Таърих
Рисолат-ут-тайри Ибни Сино
Муарифии китоб
“Рисолатул-тайр” яке аз шоҳкорҳои фалсафӣ ва ирфонии Шайхурраис аст. Ӯ дар ин рисола тавониста масоили печидаи фалсафӣ ва ирфониро дар қолаби тамсил ва рамз ба таври ҷолибу ҷаззоб барои хонанда ироа диҳад.
Яке аз касоне, ки ба тарҷумаи ин рисола ҳиммат гумошт, Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Қосим ибни Аҳмад ибни Хадиви Ахсикатӣ (1) мулаққаб ба Зулфазоил аст, ки дар назму наср табаҳҳури фаровоне дошта ва бештари удабо ва фузалои Хуросон шогирдони вай буданд. Дар тӯли таърих касоне монанди Ғаззолӣ хостанд ба сабки Бӯалӣ “Мантиқут-тайр” бинависанд, вале дар ин миён рисолаи Шайхурраис чашмгир буда ва аз ҷойгоҳи вежае бархӯрдор мебошад.
* * *
Бӯалӣ дар ибтидои ин рисола, дар ҷустуҷӯи рафиқе бармеояд, то андӯҳи вайро гӯш диҳад, то эҳсоси оромиш ба ӯ даст диҳад, вале афсӯс, ки чунин дӯсте ёфт намешавад; чун, ба навиштаи Бӯалӣ, руфақои он рӯзгор дар ҳукми бозаргоне ҳастанд, ки дар вақти ҳоҷат ба инсон рӯй меоварданд ва дар вақти бениёзӣ рӯй мегардонанд, магар дӯстони илоҳӣ ва бародарони ҳақиқат, ки мадори рафоқати онҳо қаробати илоҳӣ ва ризои Ҳақ аст.
Ва ногуфта пайдост, ки мухотаби ин рисола ҳамон дӯстони илоҳӣ ҳастанд. Бӯалӣ қабл аз пардохтан ба асли достон, нукотеро ба дӯстони ҳақиқат мутазаккир мешавад, ки ҳоло ба сурати мухтасар ба онҳо ишора мекунем:
Бӯалӣ ба бародарон суфориш мекунад, ки ҳақиқатро ба ҳамдигар ошкор кунанд ва пардаҳоро аз рӯи ақлҳои худ бардоранд, то баъзе аз онҳо бархе дигарро мутолеа карда ва ба камол роҳ ёбанд. Дӯстони илоҳӣ бояд монанди хорпушт ботини худро ошкор карда ва зоҳири худро пинҳон кунанд, зеро Худои Таъоло бар ботини онҳо ошкор ва бар зоҳири онҳо хафӣ аст.
Бародарон бояд монанди мор аз пӯсти худ мунсалих шуда ва берун оянд ва монанди кирм нарму оҳиста ҳаракат кунанд ва монанди ақраб бошанд, то силоҳи онҳо ҳамвора дар пушташон шайтонро нишона бигирад; зеро шайтон ҳамеша аз пушти сар инсонро мефиребад.
Бӯалӣ суфориш мекунад, ки маргро пайваста дӯст дошта бошед, то ба ҳаёти абадӣ даст ёбед ва монанди мурғон парвоз кунед ва дар як ошёна қарор нагиред, монанди шутурмурғ бошед, ки санги гарми биёбонро мехӯрад ва монанди афъӣ, ки устухонҳои сахтро мебалъад ва монанди самандар дар миёни оташ бошед, ки фардои қиёмат оташ зараре ба шумо нарасонад ва монанди хуффош бошед, ки дар рӯз берун намеравад, то аз дасти душманон дар амон бошад.
Бӯалӣ шуҷоътарини мардумро касе медонад, ки ба фардо эътимод кунад, ба назари вай баддилтарини мардум касе аст, ки аз камоли хеш бозмонад.
Агар фариштае аз кори зишт худдорӣ кунад ва агар чорпоён муртакиби қабеҳе шаванд, набояд таъаҷҷуб кунед. Чун фаришта олати фасод надорад ва чорпоён ҳам олати ақл надоранд, балки аз кори одамӣ таъаҷҷуб кунед, ки бо вуҷуди қувваи шаҳват онро фармонбардори ақл месозад, чунин инсоне аз фаришта ҳам бартар аст.
Ва баръакс агар одаме ақлро асири шаҳвату ҳавоҳои нафсонӣ созад, вай аз ҳайвон ҳам пасттар аст; зеро ҳайвон ақл надорад, дар ҳоле ки чунин одаме дорои қувваи ақлонӣ мебошад.
* * *
Шайхурраис баъд аз ин муқаддима, ба достони парандагон мепардозад, ки мазмуни он чунин аст: гурӯҳе аз сайёдон барои сайд берун омада ва домҳои мухталифе паҳн карданд, алаф бар рӯи он пошиданд ва худашон низ пинҳон шуда ва мунтазири омадани сайд буданд ва ман дар миёни мурғон будам. Чун моро диданд, бо овози хуш моро садо заданд ва мо ҳам чун неъмати зиёде дидем, бидуни ҳеч шакке дар он ҷо фуруд омадем. Вале ба якбора дар доми сайёдон гирифтор шудем, ҳар қадр барои озодии худ кӯшиш мекардем, ба натиҷае намерасидем ва банди домҳо бар андому аъзои мо сахттар мешуд. Муддате дар фикри раҳоӣ аз қафас будем, вале дере напоид, ки ҳамагӣ ноумеду маъюс шудем. Билохира ҳар як ба гӯшае хазидем ва баъд аз муддате чунон бо муҳит хӯй гирифтем, ки аслан паранда будани худамонро фаромӯш кардем.
Рӯзе аз миёни бандҳои қафас берунро нигоҳ мекардем, иддае аз мурғонро дидем, ки пару боли худро аз қафас берун кашида ва бо заҳмати фаровон парвоз мекарданд, чун пойи онҳо низ асири домҳо буд, аз ин рӯ на ба таври куллӣ озод буданд ва на асир. Дар ин миён, вақте онҳоро наззора кардам, гузашта ва асли худро ба ёд овардам, ки ман ҳам рӯзгоре паранда будам ва мисли онҳо парвоз мекардам, пас акнун чӣ гуна худро ба асорат улфат дода ва ба қафас хӯй гирифтаам?
Дар ин ҳолат, андӯҳи аҷибе тамоми вуҷудамро дарбар гирифт, ба тавре, ки наздик буд аз он ғусса ҳалок шавам, бо гиряву зорӣ онҳоро садо задам, то роҳи озодӣ аз қафасро ба ман нишон бидиҳанд.
Онҳо ибтидо аз ман ваҳшат карданд, чун садои сайёдон дар зеҳни онҳо расида буд, вале бо савгандҳои фаровоне, ки ман хӯрдам, билохира ба тарафи ман омаданд ва бо кӯмаку ёрии онҳо аз қафас халосӣ ёфтам. Баъд аз раҳоӣ, ба онҳо гуфтам, ки ин бандро аз пойи ман боз кунед, то ман роҳат парвоз кунам. Онҳо дар ҷавоб гуфтанд, ки агар ин кор дар тавони мо буд, аввал банд аз пойи худ бозмекардем ва шумо ҳам аз табибе, ки худ бемор аст, дору талаб накунед, чун фоидае намедиҳад.
Бӯалӣ сипас мегӯяд, парандагон ҳамагӣ барои раҳоӣ аз банд парвоз мекунанд ва дар миёни роҳ манзараҳои зебоеро мушоҳида мекунанд, вале ин бор ба ҳеч як аз онҳо эътино намекунанд, чун қаблан маззаи талхи асоратро чашида буданд. Баъд аз муддате, ба сари кӯҳе мерасанд.
Вақте нигоҳ мекунанд, ҳашт кӯҳи дигар мебинанд, ки дар ниҳояти азамату баландӣ аст, ба тавре, ки чашм аз дидани интиҳои он оҷиз мемонад.
Дӯстон гуфтанд, ки фуруд омадан дар ин ҷо ҷоиз нест, бояд тайи тариқ кард, то ба сарманзили мақсуд расид, чун мумкин аст сайёдоне дар камини мо бошанд. Билохира бо ранҷу заҳмати зиёде худро ба болои кӯҳи ҳафтум расондем.
Баъзе аз дӯстон гуфтанд, ки акнун вақти истироҳат аст ва мо дигар наметавонем парвоз кунем, аз ин рӯ муддати кӯтоҳе он ҷо раҳли иқомат гузидем; бӯстону ободии ҳайратангезеро мушоҳида намудем, вале овоз баромад, ки акнун вақти истироҳат нест ва ҳамоно таваққуф дар ин ҷо умр зойеъ кардан аст; чун эҳтимол дорад сайёдон дар таъқиби мо бошанд, аз ин рӯ ба суръат парвоз кардем.
Ва чун ба кӯҳи ҳаштум расидем, мурғоне дидем, ки дар зарофату латофату ҳусни камолу баҳо, беназир буданд. Вақте гирифтории худро бар онҳо арза доштем, гуфтанд, ки пушти ин кӯҳ шаҳре аст, ки подшоҳи он ҷо ҳоҷати ҳар мазлумеро бароварда месозад.
Сипас бо шӯру шавқи зиёде худро ба қасри подшоҳ расонидем, чун онҳо моро ба ҳузури подшоҳ роҳ доданд, ҷамолу ҷалоли подшоҳ бар мо зуҳур кард ва мо беҳушу мадҳуш афтодем.
Баъд аз ҳушёрӣ, подшоҳ фармуд, ки ҳалли гирифтории шумо ба дасти он касе аст, ки шуморо гирифтор намудааст, аз ин рӯ ман расуле пеши онон мефиристам, то банд аз пойи шумо боз карда ва шумо аз бадӣ бираҳед.
Пас ҳамроҳи фиристодаи подшоҳ баргаштем. Дӯстон дар бораи ҷамолу баҳои подшоҳ аз ман суол карданд ва ман зебоӣ ва ҷамоли вайро тавсиф карда ва сутудам, вале мутаассифона дӯстон бар ман хӯрда гирифта ва забон ба маломат гушуданд ва маро ба дармони тиббӣ суфориш намуданд.
Афсӯс, ки суханони ман дар назди инон зойеъ гашт ва беасар монд ва ман аз Худованди Мутаъол кӯмак ҷуста ва аз чунин мардуми нодон безорӣ меҷӯям!
* * *
Ин буд хулосаи достоне, ки Бӯалӣ аз забони парандагон ба риштаи таҳрир даровардааст. Баъд аз Бӯалӣ, шореҳоне пайдо шуданд ва нукоти ҳикамӣ ва ирфонии рисоларо таъвилу тафсир намуданд. (2)
* * *
Пайнавишт:
1) Ахсикат – пойтахти Фарғона дар қадим, ки зодгоҳи андешмандони фаровоне будааст.
2) Хулоса аз шарҳи Умар ибни Саҳлони Совӣ аз ин рисола, ки бо кӯшиши Муҳаммадҳусайни Акбарӣ ба нашр расида.
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Фарқи диктотурӣ ва демукросӣ
Зиндагиномаи Бӯалӣ Сино – II

Матолиби пурбоздид