Робиаи Адавия
Робиа духтари Исмоили Адавия, ки кунияаш Уммулхайр буда, аз занони неку поксиришти садаи нахуст ва дуввуми ҳиҷрӣ буда, ки дар ишқ, тасаввуф ва ирфон, ба мартибае боло даст ёфт. Вай дар соли 95 ҳиҷрӣ дар Басра (шаҳре дар Ироқ) дида ба ҷаҳон гушуд. Матолиби бисёре аз даврони кӯдакӣ ва навҷавонии Робиа ба замони мо нарасидааст. Танҳо медонем, ӯ аз ҳамон кӯдакӣ аз ҳуши саршоре бархӯрдор буд, Қуръони Каримро ҳифз кард ва ба илму адаб баҳои фаровон медод. (“Вафаёт ал-аъён”, ҷ.2, с.285; “Шаҳидатул-ишқ ал-илоҳӣ”, с.9)
Ӯ бахши бисёре аз умри хешро сарфи рафту омад ба масоҷид ва шунидани ҳадис, мавъиза ва андарз аз забони бузургон, солеҳон ва шайхҳои зоҳидони Басра намуд ва хилватро баргузида ва муноҷот бо Худовандро бисёр дӯст медошт ва ҳамвора забонаш ба зикру ёди Худо машғул буда ва ё ба қироати Қуръони Карим мепардохт. (“Робиа ал-Адавия фӣ меҳроб ал-ҳубб ал-илоҳӣ”, с.36)
Тафаккур ва хилватгузинӣ, аз вежагиҳои муҳимми ин бонуи ирфон ва тасаввуфи исломӣ буда ва ғарқ дар ишқи илоҳӣ буд, то ҷойе, ки чандон ба перомуни худ таваҷҷӯҳ накарда ва ишқи Худованд ва таваҷҷӯҳ ба ёди он маҳбуби ҳақиқӣ, ӯро аз ҳар чи ҷуз Худост, поку муназзаҳ сохта буд. Дар ин бора нақл аст: рӯзе ходимаш дар фасли баҳор ва зебои табиат ба ӯ гуфт: эй бонуи ман! Берун ойед, то сунъу офариниши Худоро мушоҳида намоед. Ӯ гуфт: мушоҳидаи сонеъ (парвардигори ҷаҳониён) маро аз мушоҳидаи маснуъ (офаридашудаҳо, махлуқот) ба худ машғул доштааст. (“Ориф ва сӯфӣ чӣ мегӯянд?”, с.5)
Робиаи Адавия, аз занони номдори ирфони исломӣ буда, ки номаш дар канори номи бузургоне ҳамчун Боязиди Бастомӣ, Шиблии Истаравшанӣ, Ҷунайд ва ғайра бурда шуда ва дар миёни орифони номвар, ба ишқи илоҳӣ шӯҳра гардида ва ӯро “Шаҳидаи ишқи илоҳӣ” тавсиф намудаанд. Метавон гуфт, дар миёни орифон ва онон, ки пой дар сулуки илаллоҳ ниҳода ва аз таъаллуқоти дунявӣ даст шустаанд, камтар касе дар ишқ ва дӯстии парвардигори ҷаҳониён ва тавсифи ин ишқ ва дилдодагӣ ба андозаи Робиъа даст ёфта бошад, ҳатто Ибни Форизи Мисрӣ, ки ӯро шайхи ушшоқ ва пешвои Худодӯстон ва соликони тариқи дӯст ном ниҳодаанд, дар ашъораш беш аз он чи Робиъа дар сурудаҳояш дар ин хусус матлаб оварда, чизе наяфзудааст. (“Робиа ал-Адавия, имома ал-ошиқин вал-маҳзунин”, с.61-60)
Ӯ, ки дар бештари ашъораш, ишқ ба худои ҷаҳониён мавҷ мезанад, дар сурудае машҳур чунин гуфтааст:
أحبُّکَ حُبَّینِ حُبَّ الهَوَی
وَحُبّاً لأنَّکَ أهلٌ لِذاکَا
فَأمَّا الذي هُوَ حُبُّ الهَوَی
فَذِکرٌ شُغِلتُ بِه عَن سِواکَا
وَأما الذي أنتَ أهلٌ لَهُ
فَکَشفُکَ الحُجبَ حَتَّی أراکَا
فَمَا الحَمدُ في ذا وَلا ذاکَ لِي
وَلکِن لَکَ الحَمدُ في ذا وَذاکَا
(“Робиа ал-Адавия, имома ал-ошиқин вал-маҳзунин”, с.65)
Тарҷума: “Туро (эй парвардигор!) ду бор дӯст дорам: яке ба хотири ҳавои худ (ва хоҳиши даруниам, чаро ки ту ба ман неъмат арзонӣ дошта ва аз ин рӯ туро дӯст медорам) ва дигар он ки ту сазовор онӣ. Он ишқ ва дӯстӣ, ки марбут ба хоҳиши дарунӣ мешавад, ёде аст, ки чунон маро машғул карда, ки аз ғайри ту, буридаам (ва ба касе ҷуз ту таваҷҷӯҳе надорам ва дӯстии касе ҷуз ту, маро ба худ ҷазб намекунад, чаро ки ҳамаи неъматҳоро аз ҷониби ту дида ва дидгонам ҷуз туро намехоҳад ва намебинад). Он дӯстӣ, ки ту бад-он сазоворӣ, ҳамон макшуф шудани ҳиҷобҳо ва монеъаҳо аст, то он ки туро дарёбам (ва ба шинохти волое нисбат ба ту даст ёбам, чунонки туро мебинам). На дар ишқи аввал ва на ишқи дуввум, ситоиш ва тақдир ба ман бознамегардад, балки ҳамд, ситоиш ва сипос аз они ту хоҳад буд (ки маро шайдои худ карда ва ҷуръае аз ишқи худро ба ман чашондаӣ)”.
Бону Маргарет Смит (ховаршиноси бузурги ангилисӣ, вафотёфта дар соли 1970) Робиаро чунин васф кардааст: “Ӯ аз бузургтарин занони ирфони исломӣ буда ва бо он ки дар хонадоне шариф дида ба ҷаҳон гушуд, гирифтори фақри шадиде буда ва шабеҳи занони масеҳии роҳиба рафтор намуд, ки аз издивоҷ дурӣ гузид; бо он ки мардони зиёде аз сӯфия ва низ амирон ва ашроф, аз вай хостгорӣ намуданд. Вай дар солм 185 ҳиҷрӣ дар Басра чашм аз ҷаҳон фурӯ баст ва дар ҳамон шаҳр вайро ба хок супурданд.” (“Робиъа ал-Адавия, имома ал-ошиқин вал-маҳзунин”, с.67)
Робиа, дар муноҷоте бо Худованди ҷаҳон чунин гуфтааст:
“Эй худои ман! Агар туро аз ҳароси оташ парастиш намудам, маро бад-он бисӯзон ва агар ба тамаи биҳишт туро парастиш кардам, маро аз он маҳрум гардон ва агар туро барои худат парастиш кардам, маро аз мушоҳидаи ваҷҳат (дастёбӣ ба маърифат ва шинохти бисёр ва шавқи фаровон нисбат ба Худованд; он сон, ки ориф ӯро мебинад) маҳрум макун!” (“Робиа ал-Адавия фӣ меҳроб ал-ҳубб ал-илоҳӣ”, с.60)
Ин муноҷоти вай, баргирифта аз омӯзаҳои баланд ва орифонаи пешвоёни дин бавежа ривояте назири ин ҳадис буда, ки аз Имом Алӣ ибни Абӯтолиб, пешвои орифон ва сарвари Худобоварон нақл гардидааст:
“Парвардигоро! Туро аз тарси оташат ва аз рӯйи шавқ ба биҳиштат парастиш накардам, балки туро сазовори ибодат ёфтам ва парастидам.” (“Ъаволӣ ал-лаёлӣ”, ҷ.2, с.11)
Нақл аст: “Марде сарватманд бар Робиъа ворид шуд ва ба ӯ гуфт: ҳар чи мехоҳӣ, бигӯ (то бароят фароҳам намоям). Робиа ба ӯ гуфт: ман ҳаё дорам аз касе, ки дунёро молик аст ва дар ихтиёр дорад (яъне Худованди баландмартиба), ниёзе дунявӣ матраҳ кунам; пас чӣ гуна хоҳад буд арзи ҳоҷат бар касе, ки молики дунё нест?” (“Шаҳида ал-ишқ ал-илоҳӣ”, с.109)
Ҳамчунин нақл карданд: “Ба Робиаи Адавия гуфтанд: алоқаат ба Расули Худо (с) чӣ гуна аст? Посух дод: ба Худо савганд, ӯро бисёр дӯст дорам, аммо дӯстии холиқ маро ончунон машғул карда, ки ба махлуқ намерасад.”
Дар нақли мушобеҳе аз Абӯсаъиди Харроз ривоят аст, ки гуфт: як бор Паёмбари Худо (с)-ро дар хоб дидам, гуфтам: эй Расули Худо (с)! Узри маро бипазир; дӯстӣ ва алоқаи Худованд маро аз дӯстии шумо машғул доштааст. Паёмбар (с) фармуд: эй муборак! Ҳар ки Худоро дӯст бидорад, маро дӯст доштааст. (“Шаҳида ал-ишқ ал-илоҳӣ”, с.132)
Марде ба Робиъаи Адавия гуфт: гуноҳонам бисёр шудааст, агар тавба кунам, Худованд бар ман бозмегардад (ва тавбаи маро қабул хоҳад кард)? Посух дод: хайр, агар ӯ бар ту тавба кунад (ва тавфиқи тавбаро насибат намояд), ту ба сӯйи ӯ тавба мекунӣ. (Яъне то аз ҷониби Худованд тавфиқ бар банда арза нагардад, бандаро роҳе ба сӯйи Худованд ва бозгашт ба ӯ нахоҳад буд). (“Шаҳида ал-ъшқ ал-илоҳӣ”, с.124)
Аз Робиъа пурсиш шуд: чӣ замоне банда розӣ хоҳад буд (ва ба мақоми ризо ва хушнудӣ аз парвардигор даст меёбад)? Гуфт: замоне, ки мусибат ӯро хушнуд созад, ҳамон гуна, ки неъмат мӯҷиби хушнудиаш мешавад. (“Шаҳида ал-ъшқ ал-илоҳӣ”, с.124)
Ба ривояти Ибни Халлакон, Робиа дар муноҷот бо Худованд чунин изҳор дошт: Худовандо! Акнун ва дар ҳангомаи шаб, садоҳо ором шуда ва ҳаракатҳо ба сукун (ва оромише, ки дар хоб ба инсон даст медиҳад) бадал шуда ва эй маҳбуб! Ман бо ту хилват намудаам. Пас подоши маро дар хилватгузиниам дар ин шаб, раҳоиам аз оташи дӯзах қарор деҳ! (“Вафаёт ал-аъён”, ҷ.2, с.286)
Саранҷом, ин бонуи бузург ва номвар дар ишқу ирфон, дар соли 185 ҳиҷрӣ чашм аз ҷаҳон фурӯ баст. (Албатта нақлҳои дигаре низ дар бораи таърихи вафоташ гуфта шудааст). Ҳангоми марг, ба ходимаш гуфт: ба хотири марги ман, касеро ба заҳмат маяндоз. Замоне, ки аз дунё рафтам, маро дар ин пероҳан кафан кун. Он пероҳан, либосе буда, ки Робиъа бо он дар ҳангоми шаб, ба намозу ибодати парвардигор истода ва бо Худо муноҷот мекардааст. (“Вафаёт ал-аъён”, с.287)
Қаламонлайн