Ройзаниҳои Риёз ва Душанбе ва назароти коршиносон

Ройзаниҳои Риёз ва Душанбе ва назароти коршиносон

Ахбори минтақа

2-октябр, нишасти вазоратхонаҳои умури хориҷаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар Душанбе, баргузор шуд.

Дар ин нишаст, мавзӯи вазъияти кунунӣ ва чашмандози равобит дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ, сармоягузорӣ, гардишгарӣ, фарҳангӣ, илмӣ, омӯзишӣ ва беҳдоштӣ дар чорчуби ҳамкории дуҷониба мавриди гуфтугӯ қарор гирифт.

Ба гуфтаи коршиносон, тавсиаи равобити Арабистон бо Тоҷикистон дар сутуҳи давлатӣ ва сиёсӣ ва иқтисодӣ хулоса намешавад; сафорати Арабистон дар Тоҷикистон аз фаъолтарин сафоратҳо дар кишвар буда ва рӯзона шоҳиди ройзаниҳои фарҳангӣ, боздидҳо ва мулоқотҳои сафирони ин кишвар бо аҳолии расона ва қишри фарҳангӣ ва илмии Тоҷикистон ҳастем.

Коршиносон аз мушоҳидоти худ ба ин натиҷа расидаанд, ки сафири Арабистон ба боздид аз донишгоҳҳо, китобхонаҳо, расонаҳо ва ба мулоқот бо тоҷирон, фарҳангиён ва фаъолони иҷтимоии кишвар машғул аст.

Бо нигоҳе ба таҳлилҳои коршиносон ва расади кулли амалкарди Саудӣ дар Осиёи Марказӣ метавон дарёфт, ки аз муҳимтарин ангезаи ин кишвар (Саудӣ) рақобат бо Эрон ва пешгирӣ аз нуфузи идеологии инқилоби Эрон дар байни мардуми минтақа, бахусус Тоҷикистон мебошад.

Сомонаи иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ваҳдат ва тақриб дар суханони Шайх Маҳмуди Шалтут
Конфронси Байналмилалии Ваҳдати Исломӣ дар Теҳрон оғоз ба кор кард

Матолиби пурбоздид