Роҳи нави ҳавоӣ миёни Тоҷикистон ва Русия ба фаъолият оғоз мекунад
Ахбори минтақа
Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» эълон намуд, ки парвозҳои мустақим миёни шаҳри Душанбе ва Минералние Води (вилояти Ставрополи Федератсияи Русия) аз 30 ноябр ба роҳ монда мешаванд.
Бар асоси иттилои расмии ширкат, ин хатсайри нав бо ҳавопаймоҳои Boeing 737-900NG як маротиба дар ҳафта — рӯзҳои якшанбе — анҷом хоҳад шуд.
Масъулони “Сомон Эйр” таъкид кардаанд, ки роҳандозии ин самти нав бахше аз стратегияи тавсеаи шабакаи парвозҳо ва тақвияти робитаҳои ҳавоӣ миёни Тоҷикистон ва Русия мебошад.
Ба гуфтаи мутахассисони соҳа, ин иқдом метавонад на танҳо имкониятҳои сафар ва иртиботи шаҳрвандони тоҷикро бо минтақаҳои ҷанубии Русия густариш диҳад, балки ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ миёни ду кишвар низ мусоидат намояд.
Парвозҳои нав дар давраи афзоиши талабот ба сафарҳои ҳавоӣ миёни Тоҷикистон ва Русия роҳандозӣ мегарданд, ки ин худ нишонаи тавсеаи ҳамкориҳои нақлиётӣ ва мустаҳкамшавии робитаҳои инсонӣ миёни ду миллат арзёбӣ мешавад.
qalamonline.net
Қаламонлайн













