Роҳи халосӣ аз бемории маҳалгароӣ
Бахши дуввум
Маҳалгароӣ як мароми козиб
Сайидюнуси Истаравшанӣ
2) Дар қисмати пешин гуфтем, маҳалгароӣ як маром (идеология) аст, албатта як идеологияи козиб, ки соҳибаш мутаваҷҷеҳ нест, ки якчунин мароми козиб ва дурӯғине домангири ӯст. Ҳоло бештар тавзеҳ медиҳам.
Одами маҳалгаро омилҳое чун жен (ё ба истилоҳи русӣ ген), ҷуғрофиё, фарҳанг, забон ва ғайраро мояи бартарӣ ва ё паст будани инсоне аз инсони дигар медонад. Масалан, ӯ мӯътақид аст, жени инсонҳое, ки аз як минтақаи муайян ҳастанд, як жени мутафовит аст, ки афроди мутаъаллиқ ба он жен ё боғайратанд ва ё беғайрат. Ва ё мӯътақид аст, афроде, ки дар манотиқи кӯҳистонӣ бузург мешаванд, аз назари фарҳангӣ аз афроде, ки масалан дар манотиқи шаҳрӣ бузург мешаванд паст ҳастанд. Ва ё ҳатто мӯътақид аст, инсонҳое, ки забонашон форсӣ аст, аз афроде, ки забонашон туркӣ аст, бартаранд, яъне бартарии онҳо фақат аз ҳамин ҷиҳат аст яъне аз ҷиҳати забон.
Ва ин дар ҳолест, ки ин боварҳо козиб ва ғайривоқеӣ ва як гумони дурӯғине беш нестанд, зеро на жен мояи бартарии инсоне бар инсони дигар ва ё паст будани ӯст, на омили ҷуғрофиё мояи бартарӣ аст, на забон ва ғайра. Инҳо, ҳам аз назари динӣ хусусан исломӣ дуруст нестанд ва ҳам ҳатто аз назари илмӣ собит нашудааст, ки масалан як жени бахусусе метавонад бартар аз жени дигаре бошад.
Донишмандони муосири зиёде ҳастанд, ки дар ин замина сухан гуфтаанд. Масалан, як файласуфи эронӣ буд ба номи Дориюши Шойгон, ки гӯяд:
“Ҳатто ихтилофоти женетик байни инсон ва шимпанзе ҳам хеле кам аст (чӣ расад байни ду инсон), чизе дар ҳудуди як дар сад. Як бумии омозунӣ, ки ҳанӯз дар асри деринасангӣ (paleolithic = палеолит) зиндагӣ мекунад, ба лиҳози женетик бо ману шумо ва Албрейт Эйнштейн яке аст. Ба ҳамин далел бояд гуфт, “нажод” аслан эътибор надорад.” (1)
Албатта, ислом дар 1400 сол пеш, бо ин гуна тарзи тафаккури беҷо ба мубориза бархоста ва ибтол кардааст. Дар ояти 13 сураи Ҳуҷурот фармояд:
يَا أَيُّهَا النَّاسُ إِنَّا خَلَقْنَاكُمْ مِنْ ذَكَرٍ وَأُنْثَى وَجَعَلْنَاكُمْ شُعُوبًا وَقَبَائِلَ لِتَعَارَفُوا إِنَّ أَكْرَمَكُمْ عِنْدَ اللَّهِ أَتْقَاكُمْ إِنَّ اللَّهَ عَلِيمٌ خَبِيرٌ
“Эй мардум! Мо ҳамаи шуморо нахуст аз як марду зан офаридем ва он гоҳ шӯъбаҳои бисёр ва гурӯҳҳои мухталиф гардонидем, то якдигарро бишносед (яъне агар тафовуте байни инсонҳо дар ранги пӯст ва чизҳои дигар вуҷуд дорад, барои шинохта шудани онҳост, на ба иллати ин ки яке бартар ва яке пасттар бошад). Ҳамоно бузургвортарин ва гиромитарини шумо назди Худо, ботақвотарини шумоянд. Ҳамоно Худо комилан доно ва огоҳ аст.”
Поён
(1) Асри Эрон; Нажодпарастӣ чист?
Қаламонлайн