Русия ҳамчунон аз муҳимтарин шарикони тиҷории Тоҷикистон

Русия ҳамчунон аз муҳимтарин шарикони тиҷории Тоҷикистон

Русия ҳамчунон аз муҳимтарин шарикони тиҷории Тоҷикистон мебошад. Бар асоси гузоришоти расида, дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, мубодилоти тиҷоратии дуҷонибаи Тоҷикистон ва Русия 22% афзоиш дошта, ба 922,6 миллион доллар расидааст.

Дар ин маврид, Дмитрий Волвач, муовини вазири тавсиаи иқтисоди Русия изҳори назар намуда гуфтааст: Равобити Русия ва Тоҷикистон ва пуёии тамосҳо дар ҳамаи сутуҳ бо ин кишвар рӯ ба афзоиш аст. Мубодилаи тиҷорӣ байни ду кишвар дар соли 2021 тақрибан 45 дарсад нисбат ба соли 2020 афзоиш ёфта ва ба 1.2 миллион доллар расида буд.
инчунин вай дар идома гуфтааст: Бар асоси натоиҷи оморгирии ҳашт моҳаи аввали соли ҷорӣ, тиҷорати дуҷонибаи Русия ва Тоҷикистон нисбат ба муддати мушобеҳи соли 2021 беш аз 22 дарсад афзоиш дошта ва 922.6 миллион долларро ташкил додааст.
Муовини вазорати тавсиаи иқтисодии Русия ҳамчунин ба масоили марбут ба ҳузури сармоягузории тоҷирони ин кишвар дар Тоҷикистон ишора доштааст.

Бинобар суханони вай, қонуни ҳимоят аз ҳуқуқи сармоягузорон, дар ҳоли тавсиа ва қавонини молиётӣ дар ҳоли тағйиранд. Барои мисол, аз аввали январи соли 2022 қонуни молиётии ҷадиде дар Тоҷикистон ба иҷро даромад, ки коҳиши теъдоди пардохтҳои молиётӣ ва ҳамчунин коҳиши тадриҷии нархи молиёт бар арзиши афзударо пешбинӣ мекунад.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

“Сиёсати хориҷӣ”-и амири Бухоро дар баёни Аҳмади Дониш
Пирӯзии донишҷӯёни тоҷик дар мусобиқоти илмии байналмилалӣ

Матолиби пурбоздид