Рӯзноманигори исроилӣ чигунагии терури Ҳаниаро ташреҳ кард
Ахбори байналмилал
Ба гузориши шабакаи Алъолам, як рӯзноманигори саҳюнист дар мусоҳиба бо шабакаи Алъарбияи Арабистони Саудӣ иддаоеро дар бораи наҳваи терури раиси дафтари сиёсии ҷунбиши муқовамати Фаластин (Ҳамос) матраҳ кард.
Юни бен Менохим гуфт, мушаке, ки Исроил, Ҳаниа – раиси дафтари сиёсии Ҳамосро дар маҳалли иқоматаш дар Теҳрон, пойтахти Эрон ҳадаф қарор дод, аз як зердарёии исроилии мавҷуд дар обҳои минтақаии Эрон шиллик шудааст.
Вай тавзеҳи бештаре дар бораи ин масъала надод.
Қаламонлайн