Сайидҳасан Насруллоҳ: Поёни ҷанг – шикасти душман ва пирӯзии бузурги муқовамат аст

Сайидҳасан Насруллоҳ: “Теруризми сойберии Исроил дар Лубнон ва ҷаҳон бесобиқа аст”

 “Инфиҷори таҷҳизоти электронӣ эъломи ҷанг алайҳи Лубнон аст”

 “Муқовамати Лубнон ҳаргиз аз ҳимоят аз Ғазза даст нахоҳад кашид”

 “Режими ишғолгар барои ҷинояти ахир қасос хоҳад шуд”

Сайидҳасан Насруллоҳ гуфт: “Куштори ду рӯзи гузашта, як ҷинояти ҷангӣ аст ва эъломи ҷанг алайҳи Лубнон аст, режим ба дунболи ба шаҳодат расондани ҳазорон нафар дар Лубнон буд ва ин ҷиноят низ дар корномаи сиёҳи онҳо сабт шуд.”

Ба гузориши Алъолам, Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон, дар суханронии имрӯзи худ гуфт: “Он чи имрӯз маро бар он дошт, то суханронӣ кунам, иттифоқоте аст, ки дар ду рӯзи гузашта рух дод, ки ниёз ба арзёбӣ ва эъломи мавзеъ дорад.”

Насруллоҳ идома дод: “Аз тамоми касоне, ки хун эҳдо карданд қадрдонӣ мекунам, мардуми Лубнон як ҳамоса дар ин ҳодиса рақам заданд.”

Вай изҳор дошт: “Душмани саҳюнистӣ ҳазорон дастгоҳи пейҷерро ҳадаф қарор дод ва бо ин иқдом, тамоми қавонин ва хутути қирмизро зери по гузошт.”

Сайидҳасан Насруллоҳ гуфт: “Бархе аз инфиҷорҳо дар бемористонҳо, бозор дар мағозаҳо ва хонаҳо рух дод.”

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон баён дошт: “Душман бо як абзори ғайринизомӣ на танҳо нерӯҳои Ҳизбуллоҳ, балки мардуми оддиро низ ҳадаф қарор дод.”

Сайидҳасан Насруллоҳ афзуд: “Душман дар рӯзи сешанбе 4 ҳазор дастгоҳи пейҷерро ҳадаф қарор дод.”

Вай тасреҳ кард: “Душмани саҳюнистӣ дар рӯзи гузашта бо инфиҷори дубораи дастгоҳҳои пейҷер ба дунболи ба шаҳодат расондани 5 ҳазор нафар буд.”

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон таъкид кард: “Мо кумитаҳои таҳқиқи дохилии мутаъаддиде ташкил додем ва ҳамаи сенарияҳо, фарзияҳо ва эҳтимолотро баррасӣ кардем ва ба натиҷаи тақрибан қатъӣ расидем. Аммо таҳқиқот дар хусуси ин ҷиноят ҳамчунон дар ҳоли анҷом аст, мо мунтазири натоиҷи қатъӣ ҳастем ва теорияҳоро мавриди баррасӣ қарор намедиҳем.”

Вай афзуд: “Ин ҷиноят дар таърихи даргирӣ бо душман, бесобиқа буд. Ҳатто метавон гуфт, ин ҷиноят дар ҷаҳон низ бесобиқа аст.”

Насруллоҳ таъкид кард: “Ин воқеият, ки душман бо такя ба ғарб, аз тавонмандии технологӣ бархӯрдор аст, ғайри қобили инкор аст, аммо бо тамоми итминон мегӯям, ин зарбаи қавӣ моро аз масири худ мутаваққиф намекунад, балки мо қудратмандтар дар муқобили онҳо хоҳем истод.”

Вай афзуд: “Ҳизбуллоҳ аз ибтидои “Тӯфон ал-Ақсо” комилан собитқадам будааст. Ба солгарди амалиёти мубораки “Тӯфон ал-Ақсо” наздик мешавем. Як рӯз пас аз оғози амалиёти “Тӯфон ал-Ақсо” ҷабҳаи муқовамат дар Лубнон фаъолияти худро оғоз кард ва то имрӯз ҳам ҳимоят аз мардуми Фаластин идома доштааст.”

Сайидҳасан Насруллоҳ хотирнишон кард: “Муовини раиси Ситоди артиши саҳюнистӣ гуфт, ки авзоъ дар ҷабҳаи шимол, як шикасти таърихӣ барои Исроил аст. Ин зарбаи бузург, моро ҳаргиз соқит нахоҳад кард. Мо қавитар, мусаммамтар ва қудратмандтар барои ғалаба бар тамоми хатарот хоҳем буд. Ҷабҳаи мо хеле муассир буд ва душманро таҳти фишор қарор дод ва беҳтарин далел бар ин муддаъо иқдомот ва изҳороти душман аст. Вақте душман мегӯяд, он чи дар шимол мегузарад, аввалин шикасти таърихии “Исроил” аст, далели дигаре бар коромадии ҷабҳаи мост.”

Вай афзуд: “Тамоми низомиёне, ки душман ба шимол мунтақил кардааст, таъйид мекунад, ки ӯ дар ин ҷабҳа бо таҳдиди воқеӣ рӯ ба рӯст. Ҳамалоти таваққуфнопазири ҷабҳаи Лубнон хобро аз чашми Исроил гирифт. Ҷабҳаи Лубнон, яке аз муҳимтарин авомили фишор бар душман аст ва яке аз муҳимтарин абзорҳои музокира аст, ки дар ихтиёри гурӯҳҳои муқовамати Фаластин қарор дорад.”

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар идома гуфт: “Рӯзи сешанбе аз каналҳои расмӣ ва ғайри расмӣ паёмҳое дарёфт шуд мабнӣ бар он ки ҳадаф аз таҷовузи ахир, мутаваққиф кардани ҷабҳаи Лубнон аст. Ба рағми тамоми фидокориҳо ва ҷонфишониҳо ва ба рағми тамоми табаъот ва паёмадҳо, муқовамат аз ёрӣ расондан ба Ғазза ва каронаи Бохтарӣ мунсариф нахоҳад шуд.”

Вай афзуд: “Ба Натонёҳу ва Галлант ва ҳамаи ишғолгарон қавиян мегӯям, ҷабҳаи муқовамат дар ҳимоят аз Ғазза мутаваққиф нахоҳад шуд.”

Вай гуфт: “Изҳороти маҷрӯҳон руҳияи боло ва сабри зиёд ва иродаи онҳоро барои бозгашт ба майдон нишон медиҳад. Ташйеъи пайкари шуҳадо ҳомили паёми муҳимме аз иттиҳод, инсиҷом ва ҳамбастагӣ аст. Душман мехост ба системи фармондеҳӣ ва контрол зарба бизанад, то дар сохтори муқовамат ҳарҷу марҷ эҷод кунад ва ин амр ҳаргиз иттифоқ нахоҳад афтод.”

Насруллоҳ бо таъкид бар ин ки муқовамати Лубнон барои ҳар сенарияе омодагӣ дорад, гуфт: “Ҳатто як лаҳза ҳам зерсохти муқовамат дучори заъф нашуда ва мо омодаи ҳар сенарияе дар ҷабҳаи набард ҳастем. Инфиҷорҳои ахир ҳеч таъсире бар сохтори муқовамат надошт. Сохтори муқовамат бисёр қавӣ ва мунсаҷим аст ва душман бояд бидонад, ки он чи рух дода таъсире бар системи фармондеҳӣ ва ҳузур дар ҷабҳаҳо надоштааст.”

Насруллоҳ бо ишора ба ин ки ҳамлаи сайберӣ дастоварди хаёлии режими саҳюнистӣ аст, гуфт: “Душман бар ин бовар аст, ки аз назари технологӣ бартар аст, аммо коре, ки ӯ бо инфиҷорҳо анҷом дод, нишон дод, ки ӯ бисёр кавдан аст. Дар Исроил аз ташдиди таниш дар шимол сӯҳбат мешавад ва касоне ҳастанд, ки аз ҷанги ҳамаҷониба сӯҳбат мекунанд.”

Вай бо таъкид бар ин ки таваққуфи ҳамалот ба навори Ғазза ва каронаи Бохтарӣ, танҳо роҳи бозгашти оворагони шимолӣ аст, гуфт: “Танҳо роҳ барои бозгардондани оворагони режим ба шимол таваққуфи ҳамалот ба навори Ғазза ва каронаи Бохтарӣ аст, иқдомоти Натонёҳу раванди овора шудани афрод дар шимолро афзоиш дода ва фурсати бозгардондани ононро маҳол мекунад.”

Насруллоҳ идома дод: “Пешниҳоди фармондеҳи аҳмақи минтақаи шимолӣ дар эҷоди камарбанди амниятӣ, умедворем амалӣ шавад ва онро фурсате таърихӣ медонем ва таъсироти зиёде бар набард хоҳад дошт. Агар душман камарбанди амниятӣ эҷод кунад, бояд бидонад, ки ҳамин камарбанди амниятӣ ба доме табдил хоҳад шуд, ки худаш дар он гирифтор мешавад.”

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ бо баёни ин ки режими саҳюнистӣ барои ҷинояти ахир қасос хоҳад шуд, гуфт: “Ҳаводиси рӯзҳои сешанбе ва чаҳоршанбе бо қасоси мунсифона ва ҳисобрасии сахт ва кӯбанда мувоҷеҳ хоҳад шуд. Ман аз замон ва макони мушаххасе барои посух ба душман сӯҳбат нахоҳам кард. Хабари қатъӣ ҳамон чизе аст, ки хоҳед дид, на он чизе, ки мешунавед, зеро мо дар дақиқтарин, ҳассостарин ва амиқтарин бахш аз набард ҳастем.”

Вай дар поён таъкид кард: “Поёни ҷанг, шикасти душман ва пирӯзии бузурги муқовамат аст.”

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Оятуллоҳ Субҳонӣ: Яҳудиён дар садади эҷоди тафриқа ва душманӣ миёни ҷомеаи исломӣ ҳастанд
Ҳамалоти сангини Ҳизбуллоҳ ба Исроил

Матолиби пурбоздид