Сайре дар намоз – қатрае аз асрори намоз

Сайре дар намоз – қатрае аз асрори намоз
Ба қалами Сайидаббос (Абулфазл) Бурҳонов
Бисмиллоҳир Раҳонир Раҳим
Умед он аст, ки он чи бо қалам нигорам мӯҷиби ризои Ҳақ Таоло бошад! Ва нанависам он чи ҷуз хости ӯ бошад!
Дар боби намоз ва он чи сирри он аст менависам; он чи аз каломи ӯ ва аз расули ӯ ва аз авсиёи расули ӯ ёфтам, дар ҳадди тавфиқ ва зарфе, ки ӯ аз лутфаш дар ҳаққи бандаи хатокораш ато дошта.
Он дам, ки истода ва нидои Аллоҳу Акбар сар медиҳем, ба он расидаем, ки аз ғайр дил канда ва мунқатеъ гаштаем ва танҳо ӯро молики худ донистаем ва ба сӯи ӯ барои ёди ӯ ва барои ӯ омадаем…
Он гоҳ мунқатеъ шуда ба сӯи ӯ меойем ва сураи Ҳамд зикр карда бо ҳамду ситоиши танҳо бениёз ва молик ва мусаллат оғоз мекунем; ҳамд гӯйем ӯро бо сифати раббонияташ ва ӯро ба сифати раҳмонияташ ёд кунем ва иқрор ба раҳмонияти ӯ кунем; молики рӯзи ҳисоб ва явмуддин хонемаш, дар ин ҷост, ки тоза “ийёка наъбуду ва ийёка настаъин”-и мо маъно меёбад, ки фақат туро мепарастем ва фақат аз ту ёрӣ меҷӯем.
Бо ин маърифат аст, ки тоза метавон бо шинохт ва ишқ, аз ӯ хост, ки моро ба “сироти мустақим ҳидоят фармо”; сироти мустақими неъматдодашудаҳо…
Дар ин оят “сироти мустақим” таъриф шуда, ки сироти мустақими «ӯст». Лизо ҳар чи бо ӯст ва барои ӯст, нишон аз ин сирот дорад, ки агар таваҷҷӯҳ буд, ба ин расида будем, ки ҳар машғулияте чун рангу бӯи ӯ ва ҷиҳате ба сӯи ӯ надошта бошад, ҳатто агар намоз ва рӯза бошад, дар сироти мустақим нест ва агар мо машғул ба ғайр будем то ҳол, ин оят талангуре аст.
Агар таваҷҷӯҳ ба ин маонӣ набошад ва намози мо холӣ кардани дӯшамон аз воҷиб бошад, ки ғоят чунин нияте худ низ бозмегардад ба нафс, хуб чӣ баҳра ва суде?
“Ғайрил мағзуби алайҳим валаззолин”. Ҳол дар охири сура чунин аст, ки: на роҳи касоне, ки ба онон ғазаб намудӣ ва на гумроҳон.
Дар ду ояти охир шоҳиди марз байн ду сироти илоҳӣ ва ғайри илоҳӣ ҳастем.
Касоне, ки Худо ба онон ғазаб намуда, ба сӯи табоҳӣ ва гумроҳӣ мераванд. Аз ин оят метавон дарёфт, чуноне, ки Худованд одил аст ва беҳуда ва бедалел ба касе ғазаб намекунад, онон дар натиҷаи аъмоле, ба сияҳдилӣ ва қасовати қалб дучор гашта буданд ва роҳе ғайр аз ӯро дар пеш гирифта буданд, ки маврид ғазаби илоҳӣ қарор гирифтанд; ва бо ихтиёр, хештанро аз неъмат маҳрум ва дар масири гумроҳон қарор доданд.
Пас аз зикри Ҳамд, бо сураи Тавҳид ин сайр идома меёбад. Сурае, ки ба фармоиши Имом Ризо, агар касе ин сураро бихонад ва дарк кунад ва ба он имон оварад, ба тавҳид мерасад ва тавҳидро шинохта ва ба он маърифат меёбад.
Сурае, ки Худо дар он муаррифӣ шуда ва ба фармоиши Имом Содиқ, дар ин сура нисбати Худованд бо махлуқоташ мушаххас гаштааст.
Мо бо зикри ин сура ва дарку фаҳми он, маърифат ба тавҳид ва Худованд таборак ва таоло ва маърифат ба хештан ва маърифат ба нисбат миёни холиқ ва махлуқ мерасем. Мо бо ёдоварӣ ва иқрор ба ягонагии ӯ ва бо ёдоварӣ ва иқрор ба бениёзии ӯ ва ба ниёзмандии мутлақи хеш ба вуҷуди ӯ, худро ором омодаи суъуд мекунем.
Ва кош бо сиъаа садр ва маърифат, ба рукӯъ ва саҷда даройем!
Саҷдае, ки гар ба сараш воқиф будем, хештан ҳама ҳол дар саҷда медидем; манзур дар вазъияти таҳаққуқи маъно ва ҳадафи саҷда ва на дар шакл ва амали зоҳирии он. Саҷдае, ки таҷаллигари инқитоъи ҳақиқии абд аз ғайр ва дар маъно ва ҳақиқат дарбардорандаи ниҳояти хузуъ ва хушуъи абд дар баробари ӯст; ҳолате, ки фақат дар он сурат зоҳири саҷда ва фақат дар намоз таҷаллӣ надорад, ки дар амал мӯъмин саҷда ва хузуъ ва хушуъ ва таслим мутлақи Ҳақ будан бояд таҷаллӣ ёбад.
Рукӯъ ва саҷда чеҳрае дорад зоҳирӣ ва ботинӣ, ки гар ба маънои ботинаш расем, саҷдаи ҳақиқиро наздиктарин ҳолат ба маъбуди хеш дониста ва ҳама ҳол дар маънои саҷда, ки ҳамон хузуъ ва хушуъ ва таслими мутлақ будан дар назди мақоми ӯст ба сар мебурдем.
Бояд гуфт, агар ба фақри худ воқиф нашавем, саҷдае таҷриба нахоҳем кард; ҳарчанд агар соатҳо сар ба хок ниҳода бошем. Агар ба фақр ва ниёзи мутлақи хеш ба ӯ пай бибарем, он “ман”, мане, ки абдро аз маъбудаш дур ва дуртар мекунад, хоҳад мард – ки мухбитин дарк карданд мастӣ зи ҷоми ишқро…
Дар намоз, бо ин ҳол, ба рукӯъ меравем ва ошиқона ва обидона маъбуди хеш тасбеҳ гӯем; туӣ пок, туӣ муназзаҳ!..
Ба саҷда меравем ва ҳоламон чунон бояд, ки гӯё ба ӯ расидаем. Хозеъона ва хошеъона ва мухибтона сар ба хок ниҳода, ҳатто бо зоҳираш гӯем, ки аз хокам ва аз хок офаридӣ ва аз туам ва нест “ман”-е!
Сар аз хок бардорем ва бо зоҳир амал гӯем, берунам ва овардӣ. Ва боз сар ба хок ниҳем бо зоҳир амал гӯем боз ба сӯи ту ойем ва дубора сар аз хок бардорем ва бо зоҳираш гӯем, он рӯз низ бедорам намоӣ!..
Ва аммо дар ботин ва ҳақиқати суҷудамон, ҷуз ӯ набинем ва таслими мутлақ бошем, ки зоҳири саҷда инро гӯяд ва кош дар ҳақиқаташ низ чунин сайр кунем.
Аммо намоз ҳама дар намоз хулоса нагардад!
Намози ҳақиқӣ оғози роҳи бандагӣ аст ва чун он кас, ки тиҳӣ шуд ва “ман”-ро надид ва ба Ҳақ расид, дар ин марҳала таваққуф наменамояд. Ҳарчи бинад, ӯро бинад ва хоҳад он чи ӯ мехоҳад ва гӯяд он чи аз ӯ бошад ва хоҳад ва кунад он чи, ки ӯ хоҳад. Лизо рӯ меоварад ба хидмат ба ӯ ва ба ҳар чи, ки аз ӯст ва барои ӯст.
Дар миёни махлуқоташ, чӣ махлуқе азизтар барои ӯ аз банӣ Одам аст?!
Лизо абд ба халқуллоҳ рӯ оварад ва чун ба Ҳақ расид ба Ҳақ расонд ва хидмат ба ӯ ва ба ҳар он чи, ки аз ӯстро ва қиём барои Ҳақро пеша кунад…
Дар ин боб гуфтаниҳо бисёр ва қалам нотавон ва ман нотавонтарам.
Сайидаббос Бурҳонов
facebook
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Фақеҳон ва дунёпарастӣ
Афзоиши содирот дар табодулоти тиҷорӣ

Матолиби пурбоздид