Сайре дар сираи набавӣ-III

Таърих

Сайре дар сираи набавӣ – I I I

Бахши севвум

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Муқаддима

Яке аз манобеи шинохт аз назари ислом, сираи пешвоёни ислом аст. Гуфтаҳояшон ба ҷойи худ, шахсияташон яъне сира ва равишашон, манбаест барои шинохт. Сираи пайғамбар барои мо як манбаи илҳом аст ва низ сираи имомон; ҳеч фарқ намекунад.

لَقَدْ كَانَ لَكُمْ فِي رَسُولِ اللَّهِ أُسْوَةٌ حَسَنَةٌ لِمَنْ كَانَ يَرْجُو اللَّهَ وَالْيَوْمَ الْآخِرَ وَذَكَرَ اللَّهَ كَثِيرًا

(“Барои шумо дар зиндагии Расули Худо сармашқи некӯест; барои онҳое, ки умед ба раҳмати Худо ва рӯзи растохез доранд ва Худоро бисёр ёд мекунанд.” (Сураи Аҳзоб, ояти 21))

Ин ки сираи пайғамбар яъне чӣ ва ба чӣ шакл барои мо як манбаи шинохт аст, тавзеҳашро арз хоҳам кард. Дар инҷо нуктаеро зикр мекунам:

Мо зулме назири зулме, ки дар мавриди Қуръон кардаем, дар мавриди сираи пайғамбар ва имомони атҳор кардаем. Вақте мегӯянд: пайғамбар чунин буд, мегӯем: ӯ, ки пайғамбар буд. Ё вақте мегӯянд: Алӣ чунин буд, мегӯем: ӯ, ки Алӣ буд, ту моро ба Алӣ қиёс мекунӣ?! Моро ба пайғамбар қиёс мекунӣ?! Моро ба Имом Ҷаъфари Содиқ қиёс мекунӣ?! Онҳо, ки “зи обу хоки дигар ва шаҳру диёри дигаранд”?! Ва чун “зи обу хоки дигар ва шаҳру диёри дигаранд”, дигар ба мо марбут нест, “кори поконро қиёс аз худ магир”.

Гоҳе як такмисроъ зарараш барои як миллат сад бор аз вабо ва тоун бештар аст. Аз он такмисроъҳои гумроҳкунанда дар дунё яке ҳамин аст: “Кори поконро қиёс аз худ магир”. Албатта, ин такмисроъ аз назари гӯяндааш як маъно дорад ва дар миёни мо маъное дигар роиҷ аст.

Мо мехоҳем бигӯем, кори худро қиёс аз покон магир, инро бо ин таъбир мегӯем: “Кор поконро қиёс аз худ магир”.

Ин шеър аз Мавлавӣ аст, зимни як достон омадааст, ки он достон чизи дигаре мегӯяд ва албатта афсона аст. Мегӯяд, баққоле тӯтие дошт: “Буд баққолеву вайро тӯтие”. Ин тӯтӣ забон дошт ва бо ӯ ҳарф мезад. Баққол гоҳе аз ӯ истифодаи як шогирдро мекард. Аҳёнан агар касе меомад онҷо, ӯ сарусадо роҳ меандохт ё ҳарф мезад ва ё баъд чизе мегуфт. Ва баққол бо ӯ маънус ва хуш буд.

Рӯзе ин тӯтии бечора масалан аз рӯи як ҷаъба парид рӯи ҷаъбаи дигар ё аз рӯи як шиша ба рӯи шишаи дигар, як шишаи равғани бодом рехт. Гузашта аз ин, равғани бодом рӯи аҷноси дигар рехт, хеле чизҳоро аз байн бурд ва як зарари фоҳише ба баққол ворид кард. Бо ин ки баққол тӯтиро дӯст дошт, зад ту сари ин тӯтӣ: эй хок ба сарат, ки ин корро кардӣ. Ончунон зад, ки парҳои рӯи сари тӯтӣ рехт. Аз он ба баъд дигар тӯтӣ хомӯшу сокит шуд ва як калима ҳарф назад. Баққол аз кори худаш пушаймон шуд: аҷаб коре кардам! Тӯтии хушхони худамро чунин кардам. Ҳар кор кард (барояш нақлу набот рехт, ӯро навозиш кард), дигар тӯтӣ барои ӯ ҳарф назад, ки назад.

Муддатҳо гузашт. Рӯзе як одами качал (кал) омад дами дӯкони баққолӣ, ки як чизе бихарад. Тӯтӣ нигоҳ кард ба ӯ, дид, сари ӯ ҳам качал аст. То дид сараш качал аст, ба забон омад. Гуфт:

К-аз чӣ эй кал бо калон омехтӣ?

Ту магар аз шиша равған рехтӣ?

Гуфт: оё ту ҳам равғани бодомҳоро рехтаӣ, ки сарат качал шуда? Забонаш боз шуд.

Мавлавӣ дар инҷо матлаберо мегӯяд, баъд ба ашхосе ҳамла мекунад, ки худашонро миқёси бузургон қарор медиҳанд. Дар инҷо тӯтӣ худашро миқёс қарор дод; он качалро ба худаш қиёс гирифт, яъне качалро монанди худаш пиндошт. Мавлоно мегӯяд, ин корро накун, бузургонро монанди худат надон.

Ин ҳарфи дурусте аст. Ин бисёр иштибоҳ аст, ки инсон, ки худашро дорои як эҳсосоте мебинад (дигаронро низ чунин бидонад). Масалан, фарде наметавонад як намоз бо ҳузури қалб бихонад, мегӯяд: эй бобо! Дигарон ҳам ҳамин ҷур ҳастанд, магар мешавад намози бо ҳузури қалб хонд?! Яъне худашро миқёси дигарон қарор медиҳад.

Ин ғалат аст. Мо набояд дигаронро ба худамон қиёс кунем. “Кори поконро қиёс аз худ магир” яъне худатро миқёси покон қарор надеҳ. Ин ҳарфи дурусте аст. Вале ин шеърро мо ағлаб мехонем ва мегӯем:

Дигаронро миқёси худат қарор надеҳ. Яъне ту чӣ фикр мекунӣ, ки ман монанди пайғамбар бишавам (яъне аз пайғамбар пайравӣ кунам), монанд ва пайрави Алӣ бошам?!

Ин аст, ки мегӯям, ин шеър дар миёни мо гумроҳкунанда шуда. Ҳамон тавр, ки Қуръонро бардоштем ба тоқча боло гузоштем ва ба тоқи осмон кӯбидем, сираи анбиё ва авлиё ва махсусан сираи Пайғамбари Акрам ва имомони маъсуминро ҳам бардоштем ба тоқи осмон кӯбидем, гуфтем: ӯ, ки пайғамбар аст, ҳазрати Заҳро ҳам, ки дигар ҳазрати Заҳрост, амирулмӯъминин ҳам, ки ҳазрати Амирулмӯъминин аст, Имом Ҳусайн ҳам, ки Имом Ҳусайн аст.

Натиҷааш ин аст, ки агар як умр барои мо таърихи пайғамбар бигӯянд, барои мо дарс нест ва мисли ин аст, ки масалан бигӯянд, фариштагон дар олами боло чунин карданд. Хуб, фариштагон карданд, ба мо чӣ марбут? Як умр агар биёянд дар бораи Алӣ ҳарф бизананд, аслан кайкамон намегазад.

Мегӯем, Алӣ, ки намешавад миқёси мо қарор бигирад. Як умр барои мо аз Имом Ҳусайн ҳарф бизананд, кайкмон намегазад, ки дар роҳи Имом Ҳусайн ҳам бояд як қадам бардошт, чун “кори поконро қиёс аз худ магир”. Яъне ин манбаи шинохтро ҳам аз мо гирифтанд.

Дар сурате, ки агар ин ҷур мебуд, Худо ба ҷои пайғамбар фаришта мефиристод. Пайғамбар яъне инсони комил, Алӣ яъне инсони комил, Ҳусайн яъне инсони комил, Заҳро яъне инсони комил. Яъне мушаххасоти башариятро доранд бо камоли олии мофавқи малакӣ. Яъне монанди як башар гурусна мешаванд, ғизо мехӯранд, ташна мешаванд, об мехӯранд, эҳтиёҷ ба хоб пайдо мекунанд, баччаҳои худашонро дӯст доранд, ғаризаи ҷинсӣ доранд, отифа доранд ва аз ин рӯ метавонанд муқтадо бошанд. Агар ин ҷур набуданд, имом ва пешво набуданд. Агар — алаёзу биллоҳ! — Имом Ҳусайн авотифи як башарро намедошт, яъне агар чунонки як башар аз ранҷе, ки бар фарзандаш ворид мешавад, ранҷ мебарад, Имом Ҳусайн аз ранҷе, ки бар фарзандаш ворид мешавад, ранҷ намебурд ва агар баччаҳояшро ҳам ҷилави чашмаш қитъа-қитъа мекарданд, ҳеч дилаш намесӯхт ва мисли ин буд, ки кундаро тикка-тикка кунанд. Ин ки камоли нашуд. Ман ҳам агар ин ҷур бошам, ин корро мекунам.

Иттифоқан, авотиф ва ҷанбаҳои башариашон аз мо қавитар аст ва дар айни ҳол дар ҷанбаҳои камоли инсонӣ аз фаришта ва аз Ҷабраили Амин болотаранд.

Ва аз ин рӯ Имом Ҳусайн метавонад пешво бошад, чун тамоми мушаххасоти башариро дорад. Ӯ ҳам вақте, ки ҷавони рашидаш меояд аз ӯ иҷоза мехоҳад, дилаш оташ мегирад ва сад дараҷа аз ману ту отифаи фарзанддӯстиаш бештар аст — ва отифа аз камолоти башарият аст — вале дар муқобили ризои Ҳақ по рӯи ҳамаи инҳо мегузорад.

فَاسْتَأْذَنَ اَباهُ فَأَذِنَ لَهُ

Омад гуфт: падарҷон! Ба ман иҷоза медиҳӣ? Фармуд: бирав фарзанди азизам. Инҷо муаррихин нукоти хуберо мутаарриз шудаанд. Навиштаанд:

فَنَظَرَ اِلَیْهِ نَظَرَآیِسٍ مِنْهُ وَآَرْخی عَیْنَیْهِ

Як нигоҳе кард, нигоҳи касе, ки аз ҳаёти дигарӣ маъюс аст. Аз ҷанбаҳои равоншиносӣ ва таъсири ҳолатҳои руҳӣ дар аворизи бадании инсон, ин як амри возеҳе аст, ки инсон вақте муждае ба ӯ медиҳанд, беихтиёр мешукуфад ва чашмҳояш боз мешавад. Инсон агар бар болини як азизи худаш нишаста бошад, дар ҳоле, ки яқин дорад, ки ӯ мемирад, вақте ба чеҳраи ӯ нигоҳ мекунад, ниме аз чашмҳояш хобидааст, бо он ними дигар нигоҳ мекунад, яъне чашмҳояш рӯи ҳам мехобад, гӯӣ ин ки дил намедиҳад хира бишавад, ба хилофи онҷое, ки масалан фарзандаш қаҳрамонӣ нишон дода ё шаби арӯсии ӯст.

Вақте нигоҳ мекунад, ҳамин ҷур хира аст. Мегӯянд, Ҳусайнро дидем дар ҳоле, ки чашмҳояшро хобонд ва ба ҷавонаш назар меандохт:

فَنَظَرَ اِلَیْهِ نَظَرَآیِسٍ مِنْهُ

Гӯӣ ҷозибаи Алии Акбар чанд қадам Ҳусайнро пушти сари худаш мекашонад. Ӯ рафт, диданд, Ҳусайн чанд қадам ҳам пушти сари ӯ равона шуд. Гуфт:

Дар рафтани ҷон аз бадан гӯянд ҳар навъе сухан,

Ман худ ба чашми хештан дидам, ки ҷонам меравад.

(Саъдӣ)

Омад ва омад ҷилав. Якмартиба он садои мардонаашро баланд кард, Умари Саъдро мухотаб қарор дод: эй писари Саъд! Худо наслатро бибуррад, ки насли маро қатъ кардӣ:

قَطَعَ اللّهُ رَحِمَكَ كَما قَطَعْتَ رَحِمی

Идома дорад

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Роҳу расми зиндагӣ – III
Роҳу расми зиндагӣ – II

Матолиби пурбоздид