Салоҳуддин Аюбӣ ва озодии Байтулмуқаддас
Баргоҳе аз торих
Ангезаи ҷангҳои салибӣ
Ҷунбиши бозгашт ба дин дар Урупо, дар қарни 10-уми милодӣ оғоз шуд ва дар қарни 11-ум ба авҷи худ расид ва ба тақвияти мавқеияти Поп мунҷар шуд. Дар суханронии Поп Урбони дуввум (Pope Urban II) дар иҷтимоъи Клермон дар Фаронса дар соли 1095 милодӣ, чунин омадааст:
“Эй урупоиён! Эй миллати баргузидаи Худо! Хабарҳои нигаронкунандае аз Фаластин ба мо расидааст, ки мардумони лаъин ва дур аз Худо бар сарзаминҳои муқаддаси масеҳӣ дар Машриқзамин мусаллат шудаанд ва амокини муқаддасро олуда сохтаанд… Озими ин мамолик шавед ва аз гуноҳони худ раҳоӣ ёбед.” (Википедияи русӣ, Урбан II)
Ҳозирон дар поён фарёд заданд, ин иродаи Худованд аст! Ва ин фарёди масеҳиён барои набард бо мусалмонон буд. Онҳо салибро ба унвони шиор интихоб карданд ва бад-ин ҷиҳат ба “салибӣ” маъруф гаштанд.
* * *
Нахустин ҷанги салибӣ
Пас аз ин иҷтимоъ, зуд артиши бузург аз ақшори мухталифи мардум ташкил ва роҳии Байтулмуқаддас гардид. Бархе аз муаррихон теъдоди лашкариёни салибиро 600 ҳазор нафар шумурдаанд.
Лашкар ба сӯи Байтулмуқаддас роҳ афтод ва дар тайи ин масири тӯлонӣ, ба ғорати шаҳрҳое, ки дар роҳаш қарор дошт иқдом намуд. Пас аз расидан ба Қудс, онро ба муддати як моҳ таҳти муҳосира дароварданд ва дар ниҳоят муваффақ ба тасарруфи он шуданд. Муҳоҷимон пас аз вуруд ба шаҳр, ба кушторе даст заданд, ки намунаи он камтар дар таърих дида шудааст.
Онон ҳар яҳудӣ ва мусалмонеро, ки диданд, чӣ бузург ва чӣ кӯдак, аз дами теғ гузаронданд ва шаҳрро табдил ба ҳаммоми хун намуданд.
Як муаррихи ғарбӣ ин воқеаро чунин тавсиф мекунад: “Танҳо дар дохили маъбади Сулаймон, даҳ ҳазор сар аз бадан ҷудо гардид ва пойи инсон то зону дар дили хун фурӯ мерафт. Дигар чӣ бигӯям? Ҳатто як тан ҷон бадар набурд. Ҳатто аз ҷони занону кӯдакон ҳам нагузаштанд.” (Тимутӣ Луи Биел (Timothy Levi Biel) Ҷангҳои салибӣ, тарҷумаи Суҳайли Симӣ, с.91)
* * *
Дуввумин ҷанги салибӣ
Дар соли 1145 милодӣ, мусалмонон иқдом ба бозпасгирии шаҳри Эдсо, ки дорои аҳаммияти фаровоне буд намуданд. Хабари бозпасгирии ин шаҳр ба Рум расид ва Попро бар он дошт, то дубора барои тасхири ин шаҳр мардумро ба ҷанге дигар фаро хонад. Сипоҳи масеҳиён ба сӯи Эдсо раҳсипор шуд. Ин бор туркҳои салҷуқӣ сипоҳи салибиро шикаст доданд ва наздик ба ду севвуми ин лашкарро нобуд карданд.
Пас аз ин шикаст, нерӯҳои салибӣ аз пой нанишастанд ва пас аз таҷдиди қувва тасмим гирифтанд то ба Димишқ ҳамла кунанд ва онро ба тасарруфи хеш дароваранд. Лашкари салибӣ алорағми он ки дар аввалин бархӯрди хеш тавонист ба пирӯзиҳое даст ёбад, аммо ба далоиле номаълум, фармондеҳони сипоҳ дастури ақибнишиниро содир карданд ва пас аз гузашти чанд рӯз бидуни он ки ба натиҷае бирасанд, роҳи бозгашт ба Байтулмуқаддасро дар пеш гирифтанд. (Стивен Ронсиман (Steven Runciman), Таърихи ҷангҳои салибӣ, тарҷумаи Манучеҳри Кошиф, ҷ.2, с.285-330)
* * *
Салоҳуддин Аюбӣ кист?
Салоҳуддин дар соли 1137 милодӣ дар қалъаи Тикрит дар як хонаводаи шарифи курдӣ дида ба ҷаҳон гушуд. Аз падараш сиёсат омӯхт ва аз амуяш шуҷоат касб кард. Ӯ улуми аср ва низ фиқҳу ҳадис ва ҳифзи Қуръонро назди уламои бузурги минтақаи Шом аз ҷумла Шайх Қутбуддини Нишопурӣ таламмуз намуд.
Падари Салоҳуддин дар он замон волии Тикрит буд ва аз он ҷое, ки падар ва амуи Салоҳуддин ҷузъи коргузорони ҳукумати Нуруддин Маҳмуд буданд, Асадуддин (амуи Салоҳуддин) дар се ҳамлаи сипоҳи Нуруддин ба Миср мушорикат ва дар мавориде Салоҳуддини ҷавонро бо худ ба ин набардҳо бурда буд.
Салоҳуддин саранҷом бо ташвиқҳои амуяш вориди артише шуд, ки фармондеҳии онро низ ба ӯҳда дошт. Вай ба ҳамроҳи амуяш озими фатҳи Миср, ки дар ихтиёри ҳукумати Фотимиён буд шуд ва он ҷоро фатҳ ва дар синни 35-солагӣ (1173 милодӣ) бар тахти салтанат ҷулус ва бад-ин тартиб силсилаи Аюбиёнро поягузорӣ кард.
Даврони ҳукумати Салоҳуддин барои мисриён, айёме тиллоӣ ва пурхайру баракат буд, чаро ки ғайр аз амният ва осоиш, шукуфоии иқтисодӣ ва рифоҳро низ ба ҳамроҳ оварда буд. Аз корҳои бисёр боарзиши Салоҳуддин, ба кор гумордани афроди лоиқ ва ботадбир дар мақомҳои муҳимми мамлакатӣ буд. Дар замони Салоҳуддин ба далели алоқаи шахсии вай ба улум ва низ фиқҳ ва ирфон, марокизи илмӣ ва фарҳангӣ аз ҷумла Донишгоҳи Алазҳар (ки тавассути Фотимиён поярезӣ шуда буд) равнақи бисёре ёфтанд.
* * *
Тасарруфи Байтулмуқаддас ба дасти Салоҳуддин
Дар 20 сентябри соли 1187 милодӣ Салоҳуддин бо сипоҳи худ дар ҷилави дарвозаҳои шаҳри Байтулмуқаддас истод ва ба фармондеҳони шаҳр пешниҳоди сулҳ дода ва хостори таслими онон шуд.
Аз як сӯ руъбу ваҳшат аз салобати Салоҳуддин бар ҷони салибиҳо ларза афканда буд ва аз сӯи дигар, овозаи меҳрубонии ӯ ба гӯшашон расида буд ва аз ин рӯ чорае ҷуз таслим надоштанд ва шаҳрро дар 2 октябри соли 1187 милодӣ таслими сипоҳи султон Салоҳуддин намуданд.
Акнун, ки пирӯзӣ насиби султон Салоҳуддин шуда буд, вай тасмим надошт даст ба амале монанди амали салибиҳо бизанад. Тибқи он чи муаррихони мусалмону масеҳӣ навиштаанд, “Салоҳуддин на монанди ҳокимони қоҳири хунрез вориди шаҳри Уршалим шуд ва на ҷоеро вайрон ва ғорат кард, балки аз рафтори паёмбарон табаъият, ва гузашт ва меҳрубониро пешаи худ сохт.” (Стивен Ронсиман (Steven Runciman), Таърихи ҷангҳои салибӣ, тарҷумаи Манучеҳри Кошиф)
Ӯ сокинони шаҳрро даъват кард, ва дар мондан дар Қудс ва ё рафтан аз он, соҳибихтиёрашон қарор дод. Онҳое, ки тасмим ба мондан гирифтанд, Салоҳуддин ба аҳаде иҷозаи таҷовуз ва бадрафторӣ бо онҳоро надод, ва онҳое, ки қасди муҳоҷират доштанд, тӯша ва имконоти сафар барояшон муҳайё кард. (Ҳамон манбаъ)
Ҷолиб ин ки вақте шуморе аз мутаъассибон ба Салоҳуддин тавсия карданд амокин ва муқаддасоти масеҳиёнро вайрон бикунад, Салоҳуддин посух дод: “Шоиста нест чунин рафтори иҳонатомезе бо макони муқаддас бишавад.” (Ҳамон манбаъ)
Салоҳуддин ҳамвора дар тӯли ҳаёташ ҳурмати маконҳои муқаддаси дигар адёнро нигоҳ дошт.
Бо фатҳи Байтулмуқаддас ба дасти сипоҳи ислом, яҳудиён, ки қаблан муҷоз ба зиёрати амокини муқаддаси худ набуданд, иҷоза ёфтанд аз нав ба онҷо омада ва ба зиёратгоҳҳои худ дасти табаррук бисоянд. (Ҳамон манбаъ)
Салоҳуддин ба сароҳат эълом карда буд, ки пайравони адёни иброҳимиро, ки аз ҳар куҷои ҷаҳон ба Қудс биёянд, ба тиби хотир хоҳад пазируфт.
Қаламонлайн