Саногӯи ту ҳастам
Чанд рубоӣ аз Субҳӣ Ҷавҳаризода
Нигори ман, саногӯи ту ҳастам
Асири доми гесуи ту ҳастам
Машав ҳайрон чу бинӣ рӯбарӯят
Гули хуршедаму сӯи ту ҳастам.
***
Ин хона, ки аз риё надорад асаре
Аз сидқу сафо дар ӯ кушоданд даре
Чун хонаи дил танг аз он сохтаам
То он ки ҷуз дӯст нагунҷад дигаре.
***
Бо ҳоли дили мо ҳар кас, ки насӯхт
Шамъи дили мо бод нахоҳад афрӯхт
Аҷноси саодат, ки ба бозори дил аст
Ҷуз нақди вафо ба кас нахоҳад бифрӯхт.
***
Аҷаб мӯъҷизае дидам даме дӯш
Гирифта моҳ абреро дар оғӯш
Биё, андар канорам, кош гардад
Тамоми хастагиҳоям фаромӯш
Субҳӣ Ҷавҳаризода
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн