Сарбози озодшудаи исроилӣ: “Ҳамос ба ман иҷоза медод намоз бихонам ва Таврот бароям таҳия кард”

Сарбози озодшудаи исроилӣ: “Ҳамос ба ман иҷоза медод намоз бихонам ва Таврот бароям таҳия кард”

Ахбори байналмилал

Як сарбози исроилӣ, ки тавассути ҷунбиши Ҳамос дар Ғазза асир шуда буд ва рӯзи душанбе озод шуд, гуфт, ки ин ҷунбиш ба дархости ӯ барои фароҳам кардани лавозими ибодати яҳудӣ ва китоби Таврот посухи мусбат дода буд.

Ба гузориши пойгоҳи исроилии Yeshiva World News, ин сарбоз ба номи Матан Ангрест, дар нахустин изҳороти худ пас аз озодӣ гуфт: “Аз асиркунандгонам хостам, ки бароям Тфиллин (ҷаъбае чармӣ, ки яҳудиён ҳангоми намоз рӯйи пешонӣ мебанданд), Сидур (китоби дуои яҳуд) ва Таврот биёваранд.”

Ӯ афзуд, ки Ҳамос ин васоилро аз маконҳое, ки артиши Исроил пештар дар онҳо ҳузур дошт таҳия кард ва дар ихтиёраш гузошт.

Ангрест ҳамчунин гуфт, ки рӯзона се бор дар дохили тунелҳо намоз мехонда ва чандин бор аз ҳамалоти ҳавоии Исроил ба маконҳои нигаҳдориаш ба таври мӯъҷизаосо ҷони солим бадар бурдааст.

Гуфтанист, рафтори шохаи низомии Ҳамос, яъне гурдонҳои Қассом, бо асирон ҳамвора бо вокунишҳои мусбат рӯ ба рӯ шудааст. Бисёре аз асирон пас аз озодӣ, бо нигаҳбонони худ худоҳофизӣ карда ва барояшон даст такон додаанд.

Ҳамос борҳо таъкид карда, ки тамоми талоши худро барои ҳифзи ҷони асирон ба кор мегирад ва дар айни ҳол ҳушдор дода, ки ҳамалоти ҳавоии беравия ва хунини артиши Исроил, ҷони онҳоро таҳдид мекунад.

Дар тӯли ду соли гузашта, ҳамалоти артиши Исроил ба Ғазза боиси кушта шудани бархе аз асирон ва сарбозони исроилӣ шудааст.

qalamonline.net

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Музокироти Русия ва Тоҷикистон дар бораи тавсиаи майдонҳои нафту газ дар кишвар
Торихчаи Истиқлол

Матолиби пурбоздид