Сардабири як маҷаллаи амрикоӣ ба далели паёми ҳамбастагӣ бо Ғазза барканор шуд
New York Times: Сардабири як маҷалла ба далели паёми ҳамбастагӣ бо Ғазза барканор шуд
Ахбори байналмилал
Сардабири яке аз муҳимтарин маҷаллоти ҳунарии ҷаҳон пас аз он барканор шуд, ки соҳибони нашрияи Artforum гуфтанд: «Тасмими кормандон барои интишори номаи саркушода дар мавриди таҷовузоти Исроил ба навори Ғазза, мутобиқ бо меъёрҳои ин созмон нест».
Ба гузориши New York Times, Дэвид Веласко, сардабири нашрияи Artforum, бо эъломи ин ки “шаш сол пас аз тасаддии сардабирии нашрияи Artforum, аз ин симат барканор шудам”, гуфт: «Аз ин иқдом пушаймон нестам, аммо ноумедам, зеро маҷаллае, ки ҳамвора аз озодии баён ва садои ҳунармандон ҳимоят кардааст, таҳти фишорҳои хориҷӣ қарор гирифтааст».
Гуфтанист, ҳазорон корманд, донишгоҳӣ ва фарҳехта, аз ҷумла Веласко, номаи саркушодаеро, ки дар ҳимоят аз озодии Фаластин ва интиқод аз сукути муассисоти фарҳангӣ дар қиболи бомбборони Ғазза содир шуд, имзо карданд.
Қаламонлайн