Сарзамини Мовароуннаҳр – 1

Таърих

Сарзамини Мовароуннаҳр – 1

Бахши аввал: Бухоро

Ҷойгоҳ ва нақши шаҳри Бухоро дар Осиёи Миёна

Сарзамини торихии Мовароуннаҳр, ки миёни рудҳои Ҷайҳун ва Сайҳун қарор дорад, имрӯза Осиёи Миёна хонда мешавад. Ин минтақа масири иртиботии байни шарқ ва ғарб, Чин, Ҳинд, Эрон, сарзаминҳои Медитарона ва Русия аст, Осиёи Миёна ҳамчунин маҳалли тасодуми адёни шаман, будоӣ, зардуштӣ, яҳудӣ, масеҳӣ ва ислом ба шумор меравад.

Пеш аз зуҳури ислом афроде бофарҳанг, мазоҳиб ва суннатҳои ҷадид ва куҳан дар Осиёи Миёна ҳузур доштанд.

Дар миёни давлат-шаҳрҳои ин минтақа як дини расмӣ ва ҳамагонӣ барқарор набуд. Пазириши фарҳанги исломӣ ва таркиби он бо тамаддуни эронӣ дар қарнҳои севвум ва чаҳорум, торихи бошукӯҳе аз ин сарзамин бавуҷуд овард. Яке аз вижагиҳои боризи мазҳаб дар Осиёи Миёна тавсиаи андешаҳои ирфонӣ ва суфиёна буд. Суфиён бар пояи шариати исломӣ ва ба таври хос, мазҳаби ҳанафӣ, ба таблиғи ислом дар ин сарзамин машғул шуданд ва тавонистанд нақши муҳимме дар тавсиа ва шаклгирии зиндагии мазҳабии ин сарзамин ифо кунанд.

Тавсиаи болои иқтисодии Осиёи Миёна бо такя ба зерсохтҳои пешрафтаи кишоварзӣ ва бозаргонӣ дар канори рӯйкарди тасомуҳҷӯёнаи ҳукуматгарони ин минтақа сабаб шуд, ки шаҳрҳои муҳимми ин минтақа аз ҷумла Бухоро, Самарқанд, Фарғона ва Хоразм ба авҷи қуллаи фарҳангу тамаддуни худ даст ёбанд.

Дар миёни ин навоҳӣ, Бухоро дар гузашта бахше аз сарзамини Эрон ба шумор мерафт ва ҳамбастагии фарҳангӣ ва торихии он бо Эрон то кунун боқӣ модааст.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Қафқоз дар масири торих – 1
Қиссаи фарзанду падар

Матолиби пурбоздид