Сармоягузории Туркия дар бахшҳои иқтисодии Тоҷикистон
Ахбори иқтисодӣ
Бар асоси гузоришоти Ховар, Туркия барои сармоягузорӣ дар бахшҳои иқтисодии Тоҷикистон эъломи омодагӣ кардааст.
Сафири Тоҷикистон дар Туркия, Ашрафҷон Гулов, бо Аҳмад Бурок Довлиулу, раиси бахши сармоягузории дафтари иҷроии раиси ҷумҳури Туркия дидор ва гуфтугӯ кардааст.
Тибқи эъломи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, дар ин дидор, ҳарду тараф дар мавриди бархе аз мавзуоти дуҷониба, аз ҷумла, имкони ҷазби сармоя дар бахши иқтисодии Тоҷикистон гуфтугӯ намудаанд.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн