Сарнагунии ҳавопаймои амрикоӣ тавассути ҳусиҳои Яман
Ахбори байналмилал
Ҳавопаймои бидуни сарнишини омрикоӣ пас аз сарнагун кардани яманиҳо
Ҳусиҳои Яман тасовире аз як ҳавопаймои бидуни сарнишини MQ-9 омрикоиро мунташир карданд, ки тавассути падофанди ҳавоии Яман бо мушаки “замин ба ҳаво” дар Саъда, шимоли Яман, сарнагун шуд.
Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман, баёнияи нерӯҳои мусаллаҳи Яманро қироат ва эълом кард:
“Падофанди Яман муваффақ ба сарнагунии як ҳавопаймои бидуни саншини омрикоӣ аз навъи MQ-9 ҳангоми иқдоми таҷовузкорона бар фарози устони Саъда шуд. Ин ҳавопаймо 7-умин ҳавопаймо аз ин навъ аст, ки дар ҷараёни набарди “Фатҳи мавъуд” ва ҷиҳоди муқаддас дар ёрии Ғазза сарнагун мешавад.”
Қаламонлайн