Сафари Рустами Эмомалӣ ба Теҳрон

Сафари Рустами Эмомалӣ ба Теҳрон
Ахбори байналмилал
Рустами Эмомалӣ ҳамлаи теруристӣ ба Кирмонро ба шиддат маҳкум кард
Раиси Маҷлиси Тоҷикистон зимни ибрози хурсандӣ аз сафар ба Эрон ва дидор бо мақомоти ин кишвар, ҳамлаи теруристии Кирмонро маҳкум кард. Вай ёдовар шуд: “Ин нахустин сафари банда ба кишваре аст, ки муштаракоти фаровоне бо он дорем ва умедворам ин муштаракот барои тавсиаи ду кишвар ба наҳви матлубе корсоз бошад.”
Ба гузориши хабаргузории садо ва симои Эрон, Муҳаммадбоқири Қолибоф ва Рустами Эмомалӣ пас аз дидори дуҷониба, ин тафоҳумномаро бо ҳадафи тавсиаи равобити порлумонӣ миёни маҷолиси Эрон ва Тоҷикистон имзо карданд.
Рустами Эмомалӣ ва Муҳаммадбоқири Қолибоф дар дидори дуҷонибаи худ бар иртиқои сатҳи ҳамкориҳои ду кишвар таъкид карданд.
Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон дар ин дидор муштаракоти фарҳангӣ ва динӣ ва таърихӣ ва забонии Эрон ва Тоҷикистонро муъаллафаҳои бисёр мусбате барои иртиқои сатҳи ҳамкориҳо донист, ки метавонад ба ин амр суръат бахшад.
Муҳаммадбоқири Қолибоф ҳамчунин сафари раиси Маҷлиси Тоҷикистон ба Теҳрон ва боздиди вай аз марокизи иқтисодӣ ва илмиро дар равобити ду кишвар муҳим донист.
Раиси Маҷлиси Тоҷикистон низ зимни ибрози хурсандӣ аз сафар ба Эрон ва дидор бо мақомоти ин кишвар, ҳамлаи теруристии Кирмонро маҳкум кард.
Рустами Эмомалӣ ёдовар шуд: “Ин нахустин сафари банда ба кишваре аст, ки муштаракоти фаровоне бо он дорем ва умедворам ин муштаракот барои тавсиаи ду кишвар ба наҳви матлубе корсоз бошад.”
Вай ҳамчунин хостори афзоиши равобити порлумонӣ ва сиёсати хориҷӣ байни ду кишвар шуд.
Қарор аст раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон дар иқомати дурӯзаи худ дар Эрон, аз бахшҳои мухталифи иқтисодӣ, санъатӣ ва илмӣ дидан кунад.
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Дидори руасои Маҷлиси Тоҷикистон ва Эрон
Порае аз бозтобҳои шаҳрвандони эронии дохил ва хориҷи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба баёнияи ҷунбиши “Ватандор”

Матолиби пурбоздид