Сафҳаи андешаҳо

Сафҳаи андешаҳо

Луқмон Бойматов

Нодоне, ки аз заъфи худ огоҳ нест, чӣ гуна метавонад,

дигаронро огоҳ созад?!

Агар фарди оддӣ аҳмақ аст, хирадро хор мекунад. Вале раҳбар агар аҳмақ бошад, ҳам хирадро хор мекунад ва ҳам мардумашро.

***

Дурустӣ падидоварандаи ростист. Агар боварҳо дуруст нестанд, ба водии ростӣ нахоҳед расид.

***

Ҳамаи худкомагон бешарафанд. Умеди зиндагӣ, муқаддаси ҳар инсон аст, ки бешарафон онро ҳам хор кардаанд.

***

Бадбахтист, ки агар ҷомеа паёмоварони ҳақиқатро нашносад, вале аз кӯрони рӯшанӣ барои хеш паёмбароне бисозад.

***

Агар доноён сукут ихтиёр кунанд, мардум фазилатро хор мекунанд.

***

Он чизеро, ки бояд аз сидқ эҳтиром кард, фазилати шуҷоат ва оини ҷавонмардист.

***

Ватанпарастони меҳан ғарибонеанд, ки дар оғӯши гарми ватан хуфтаанд. Ғарибон меҳандӯстонеанд, ки дар ғурбати сарди хеш бедоранд.

***

Ҳарфи аҳмақ мизони хиради ӯст. Бигзоред, то аҳмақон бештар ҳарф бизананд.

***

Миллате, ки ба гузаштаи худ бетафовут аст, имрӯзашро хор мекунад ва фардояшро ба  зориҳо хоҳад гузаронд.

Луқмон Бойматов

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Сафари Дунолд Лу ба Тоҷикистон ва Қирғизистон
Роберт Кеннеди: “Амрико ДОИШ-ро эҷод кардааст!”

Матолиби пурбоздид