Силсиламабоҳиси ислоҳи андешаи динӣ

Фарҳанг

Силсиламабоҳиси ислоҳи андешаи динӣ

Фирқагарӣ

Бахши дуввум

Савол: Оё фирқа ва мазҳаб навъе бардошт аз дин аст?

Ин истифҳом сабаб шуда буд, то дар бораи матлаби пешин тавзеҳи бештаре бидиҳам, ки инак аз нав онро меоварам:

Манзурамро бо як мисол арз мекунам: масалан, мазҳаби эътиқодии мотуридия, (ки бештари мусалмонони Осиёи Миёна тобеи ин мактаби эътиқодӣ ҳастанд), ин мактаб дар воқеъ иҷтиҳод ва истинботе аст, ки Имом Абӯмансури Мотуридӣ аз Қуръон ва суннат берун оварда ва пешкаш кардааст. Инҷо баҳсам рӯйи дурустӣ ва ё нодурустии он мактаб ва он истинбот нест, балки фақат ин аст, ки мехоҳам азизон мутаваҷҷеҳ бошанд, ки ҳар мактаб ва ҳар мазҳаби эътиқодӣ, ин иҷтиҳоди соҳиби ҳамон мактаб аст, ки аз Қуръон ва суннат масоили эътиқодиро берун овардааст.

Ҳамчунин дигар мактабҳо ва мазҳабҳои эътиқодӣ низ ҳамин ҳолатро доранд. Яъне он чизе, ки онҳо ислом медонанд, ин натиҷаи талош ва кӯшише аст, ки соҳиби мазҳаб аз Қуръон ва суннат берун кашидааст.

Ҳол, як вақт ҳаст иҷтиҳоди вай дуруст ва мутобиқ бо воқеъ хоҳад буд (мутобиқ бо воқеъ яъне мутобиқ бо он чӣ пеши Худо ва Паёмбар (с) аст), ва як вақт ҳам ҳаст, ки он чӣ мегӯяд ва истинбот мекунад, мутобиқ бо воқеъ (он чӣ пеши Худо ва Паёмбар (с) аст) намебошад.

Хуб, дар ин ҷо уламо ва донишмандони исломӣ мегӯянд, як нафар муҷтаҳид ва соҳибназар (на ҳар олим ва донишманд, балки касе ки воқеан ба мартибаи иҷтиҳод расидааст) агар ниҳояти талош ва кӯшиши худро дар истинботи масоили эътиқодӣ аз Қуръон ва суннат ба харҷ дода ва истинботаш мутобиқ бо воқеъ бошад, ин муҷтаҳид ду аҷру подош дорад, вале агар мутобиқ бо воқеъ набошад, як аҷру подош насибаш хоҳад шуд.

Маънои ин гуфтор он аст, ки агар дидед, байни мазҳабҳои эътиқодӣ (ва ҳамчунин фиқҳӣ) фарқҳо ва тафовутҳое ҳаст, набояд ин сабаб бишавад, ки пайравони инҳо гиребони якдигарро бигиранд ва бо ҳам даъво кунанд, балки ҳатто он ҷо, ки яке дуруст ва яке ҳам нодуруст бошад, ислом ҳамаашро мепазирад (агар иҷтиҳод меъёрманд бошад албатта).

Мо бояд миёни ду чиз фарқ бигузорем: байни “ОН ЧӢ ҚУРЪОН ВА СУННАТ МЕХОҲАД БИГӮЯД” ва “ОН ЧӢ ЯК НАФАР МУҶТАҲИД АЗ ҚУРЪОН ВА СУННАТ МЕФАҲМАД.

Ҳамаи он чӣ пеши мо мусалмонон – ҳамаи мусалмонон билоистисно – ҳаст, ин “ОН ЧӢ ЯК НАФАР МУҶТАҲИД ФАҲМИДААСТ” аст, на “ХУДИ ОН ЧӢ ҚУРЪОН ВА СУННАТ МЕХОҲАД БИГӮЯД”. Бале, чи басо “он чӣ муҷтаҳид фаҳмидааст” бо “он чӣ Қуръон ва суннат мегӯяд” муботиқ бошад, ин имконпазир аст, вале ба ҳар ҳол, ин татобуқ барои худи муҷтаҳид ва ё пайравонаш қобили дарк нест.

Аммо бояд бидонем, ки “ОН ЧӢ ЯК НАФАР МУҶТАҲИД ФАҲМИДААСТ”-ро ислом қабул дорад, ҳатто агар нодуруст ҳам бошад. Агар инро фаҳмидем, дигар масоил ҳама қобили ҳалл ва даъвову ҷанҷол рахт хоҳад барбаст.

Оё касе ҳаст, ки бигӯяд, ин ҳарф ҳарфи дурусте нест? Агар касе бигӯяд, ин ҳарф дуруст нест, бояд аз ӯ пурсид, пас сабаби ихтилофи ду муҷтаҳид чист? Асосан, чаро мо мазоҳиб ва ҷараёнҳои мухталифи фикрӣ ҳатто дар даруни як мактаб мисли мактаби аҳли суннат дорем? Чаро яке ашъарӣ аст ва дигарӣ мотуридӣ ва севвумӣ аҳли ҳадис ва ғайра? Чаро?.. Оё ғайр аз ин, ки соҳибони ин мазоҳиб ва ҷараёнҳои фикрӣ, бардоштҳояшон аз як матлаби қуръонӣ ва ё ривоят мутафовит будааст? Албатта, на дар ҳамаи масоили эътиқодӣ, балки дар порае аз онҳо. Агар як каме фикр кунем, ин ҳақиқат бароямон равшан хоҳад шуд.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Демукросӣ аз дидгоҳи ислом
Худотарсӣ дар дунё

Матолиби пурбоздид