Славой Жижек
Ошноӣ бо нобиғаи аср; файласуфе, ки дар даврони коммунизм ба воя расида, онро дӯст надорад, вале таҳи дил ба он алоқаманд аст
Ба баҳонаи 75-солагии Славой Жижек, файласуф ва андешманд ва нобиғаи замона
Навишторе аз Кейт Моссман дар NEW STATESMAN
Мушкил, замоне аст, ки шумо ва ҳамсаратон, соатҳои кории мухталифе дошта бошед. Ҳамсари Славой Жижек, дер ба ҷойи хоб меравад, ҳудуди соати 4 субҳ, аммо ӯ соати 1 субҳ ба ҷойи хоб меравад. Жижек, субҳ хонаро тамйиз мекунад, ба фурӯшгоҳ меравад ва субҳонаро омода мекунад: нони тоза, тухми мурғи обпаз ва барои ҳамсараш як грейпфрут. Аср, замони тиллоӣ барои ҳамсари Жижек аст.
Ҳамсари Жижек мегӯяд: “Ҳоло рӯзи корӣ барои ман тамом шудааст, ман инак бояд истироҳат кунам.” Рӯйи диван менишинад, поҳояшро боло мегирад, чизҳои кучаке барои хӯрдан дорад, сигор кашидани пушти сари ҳам ва тамошо кардани филм.
Йела Кречич, рӯзноманигори словенияӣ, ҳамсари чаҳоруми Славой Жижек, як ҳамватани лаканӣ (пайрави мактаби Лакан дар равонковӣ) аст. Жижек – машҳуртарин назарияпардози фарҳангии зиндаи асри мо, рӯйи диван канори ҳамсараш нишаста ва бо ноутбуки худ кор мекунад ва аз як сайти русӣ истифода мекунад, ки дар он нақли қавлҳое зикр шудаанд аз гуфтаҳои Маркс, Гегел, Лакан, Кьеркегор, Шеллинг ва ҳатто худи ӯ.
Жижек наметавонад ҳарфашро мутаваққиф кунад, аммо метавонад ба мавқеъ сари мулоқот ҳозир шавад. Жижек васвоси ҷисмоние дорад, ки ағлаб дар равшанфикрони бузург дида мешавад. Ӯ доиман вокунишҳо ба шӯхиҳояшро баррасӣ мекунад, то бибинад оё зиёдаравӣ кардааст ё хайр.
Дар хиёбонҳои Любляна, пойтахти Словения, теъдоде муҷассамаи азимҷуссаи сохташуда аз бронза вуҷуд дорад; намое аз гузаштаи коммунистии кишвар дар давраи зимомдории Тито. Аз назари Жижек, он муҷассамаҳо фақат “чанд чизи музахраф” ҳастанд ва арзиши тавзеҳ додан надоранд. Ӯ, бо ишора ба блоки модернистӣ дар наздики майдони Ҷумҳурӣ мегӯяд: “Акнун ба маркази қудрат мерасем. Ин сохтмони Маҷлиси халқ дар замони коммунизм буд, сипас ба порлумони Словения пас аз фурӯпошии Югославия табдил шуд. Ва он сохтмони дорои парчам, тарсноктарин бино буд: мақарри пулиси махфӣ. Хеле хуб! Ман ҳамеша мегӯям, ин сегонаи гегелӣ аст: мардум, ҳизб ва қудрати воқеӣ!”
Жижек, аз тарафдорони бузурги пулиси махфӣ аст. Ӯ мегӯяд: “Дар бисёре аз кишварҳои иқтидоргаро, ин пулисҳои махфӣ манбаъи ҳақиқат буданд. Вуҷудашон комилан ҳаётӣ аст. Пулисҳои махфӣ амалгаро ҳастанд. Ман нисбат ба Куба бадбин ҳастам. Онҳо пулиси махфиро хароб карданд ва фанноварии радёбии васоили нақлияро тавсиъа доданд ва Кастро гуфт: “Акнун дигар қочоқ дар бозори сиёҳ вуҷуд нахоҳад дошт!“ Пулиси махфӣ гуфт: “Девона шудӣ? Мардуми мо аз гуруснагӣ мемиранд, танҳо чизе, ки ба онон иҷозаи зинда мондан медиҳад, бозори сиёҳ аст! Агар ин корро бикунед, инқилоб хоҳад шуд!”
Жижек аз музейи пулиси махфӣ шамъе ба шакли сари Сталин харид. Инки Жижек, Сталин – чеҳраи нохушоянди коммунизмро дӯст дорад, дар ҳоле, ки шикасти режими коммунистии Сталинро ҷашн мегирад, яке аз чизҳое аст, ки ӯро ба як таноқуз табдил мекунад.
Жижек имсол 75-сола шуд. Шӯҳрати ӯ шабеҳи як “ситораи рок” ва ба унвони як равшанфикр ба дунболи тафсирҳояш дар бораи бӯҳрони молӣ буд. Ҷаҳони лаканиаш ба иртибот байни сиёсат ва равонковӣ ҳамроҳ буд. Ӯ филмҳое монанди “Роҳнамои мунҳариф дар идеология” (сохтаи 2012, The Pervert’s Guide to Ideology)-ро сохт, ки навъе назарияи интиқодии малмуси фарҳанги попро ироа мекард, ки аз замони Ролан Барт – файсалуф ва назарияпардози адабии франсиявӣ ба ин сӯ дида нашуда буд. Ӯ дар чаҳор соли гузашта 9 китоб навишта ва 50 китоб бидуни унвонро аз соли 1989 ба ин сӯ чоп кардааст.
Дар он сол асари “Объекти мутаъолии идология” (The Sublime Object of Ideology) аз ӯ чоп шуд, ки аз диди бисёре, шоҳкораш маҳсуб мешавад. Ҳангоме, ки режими коммунистӣ дар Словения дар соли 1990 фурӯ пошид, Жижек ба намояндагӣ аз Ҳизби либерал-демократ номзади интихоботи риёсати ҷумҳурӣ шуд. Ӯ мегӯяд: ”Ин, ба он андозае, ки ба назар мерасад, бузург нест. Ба унвони яке аз аъзои ҳайати ҷамъӣ барои риёсати ҷумҳурӣ номзад шудам, аммо интихоб нашудам”. Алорағми он ки ӯ демократияи капиталистиро бар ваҳшати тоталитарӣ (тамомиятхоҳона) тарҷеҳ медиҳад, алоқае тақрибан васвосгуна ба ин мавзӯъ дорад, ки “чаро коммунизм бо шикаст мувоҷеҳ шуд”? Ӯ вақте бо шунидани як идея ҳаяҷонзада мешавад, тикҳояш низ беш аз ҳадд мешаванд: кашидани бинӣ, бӯ кашидан, соф кардани лабҳо бо ду ангушт ба шакли мусаллас. Ӯ бо тарҳи ин пурсиш, ки чаро сталинизм то ин андоза муртакиби иштибоҳ шуд, мегӯяд: мо ҳанӯз назарияи хубе дар мавриди чароии ин мавзӯъ надорем. Ӯ мӯътақид аст, ки проекти (асри) равшангарӣ зарфияти билқувваи тоталитар (тамомиятхоҳ) шуданро даруни худ дошт. Ӯ мегӯяд: “Натсистҳо нажодпарастҳои мубҳам буданд, аммо маншаъи сталинизм баргирифта аз омӯзаҳои маҳзи асри равшангарӣ буд, бо ин вуҷуд ба ваҳшати бадтар табдил шуд.”
Мо ба макони мавриди алоқаи ӯ расидем: Неботичник. Осмонхароши сохташуда дар даҳаи 1930, ки замоне баландтарин сохтмон дар Балкан маҳсуб мешуд. Фазои дохилии он бино аз санги мармари сиёҳи сайқалӣ сохта шуда ва як роҳ морпечи борик ба сурат амудӣ ба самти боло то бениҳоят кашида мешавад. Жижек мегӯяд: ”Замоне, ки ҷавонтар будам, ин макон маҳбубтарин ҷо барои худкушӣ буд.”
Ман мепурсам, оё лаканиҳо фикри хоссе дар мавриди худкушӣ доранд ё хайр? Ва Жижек каме буҳтзада ба назар мерасад. Ба назар мерасад, шӯхиҳои Жижек ағлаб аз як ҳисси ваҳшат ношӣ мешавад. Зеҳни ӯ бо достонҳои инсонӣ аз режимҳои ваҳшатнок нуқтагузорӣ шудааст. Занони боснияӣ, дар муқобили чашмони падарони худ, тавассути сербҳо мавриди таҷовуз қарор мегирифтанд, чиниҳо дар ГУЛАГ-ҳои русӣ ошпазӣ мекарданд, биринҷи кампухтаи ҳазмнашударо аз туалет берун меоварданд ва дубора мепухтанд ва мехӯрданд, то аз гуруснагӣ намиранд. Жижек ин мавзӯъро аз романҳои Варлам Шаламов – нависандаи рус омӯхта буд.
Дар тӯли ду рӯзи сӯҳбат бо Жижек, 22 марди ҷавон дар хиёбон ба ӯ наздик мешуданд, то вайро мавриди таҳсин қарор диҳанд. Дар ҳоле, ки донишҷӯён Жижекро мешиносанд, расонаҳои словенияӣ ӯро нодида мегиранд. Ва ба таври фазояндае чунин нодида гирифтан аз сӯйи ҷараёни асли матбуоти чап дар сатҳи байналмилалӣ низ дида мешавад.
Жижек дар соли 2024 дар нуқтаи аҷибе истодааст. Шӯхӣ кардани ҳамроҳ бо бадбинии сиёсӣ, амре зотӣ барои ӯст ва бадбиниаш бо энергияе, ки дорад, ҷуброн мешавад. Дар ҳоле, ки танз кори ӯро ҳидоят мекунад, ҷиддият низ онро тазъиф мекунад. Ӯ мегӯяд: ”Ҳаводорон ҷазби шӯхиҳои касифи ман мешаванд, ҷазби ин тасаввур, ки ман оддӣ ҳастам, аммо ростгароён аз ин тасаввур алайҳи ман истифода мекунанд. Онон маро яке аз шинохташудатарин “далқакҳои (клоунҳои) хандаовари ҷаҳон” меноманд.”
Славой Жижек дар ҳоли кор бар рӯйи китобе дар бораи “фашизми нарм” аст. Ӯ мегӯяд: ”Натсизм як истисно буд, мисдоқи фашизми интиҳорӣ буд: ҳамаи онҳоро бикуш! Бо ин вуҷуд, Муссолинӣ ва Франко мазҳари фашизми нарм буданд. Агар Муссолинӣ он қадр аҳмақ набуд, ки бо Гитлер муттаҳид шавад, ба яке аз падархондаҳои Иттиҳодия Аврупо табдил мешуд. Оянда, асри фашизми нарм аст. Дэн Сяопин Чинро аз як кишвари коммунистӣ ба фашизми нарм тағйир дод: иқтисодро озод кунед, фарҳангро озод кунед, аммо ҳизб контроли мутлақро ҳифз мекунад. Урдуғон низ дақиқан ҳамин корро дар Туркия анҷом медиҳад, аммо Путин шабоҳати бештаре ба Гитлер дорад.”
Жижек гуфта, ки Британия ба ҳамроҳи Франсия дар масири табдил шудан ба давлатҳои дармонда (ва заъиф) ҳастанд. Ӯ алоқаи чандоне ба сиёсати Британия надорад ва мегӯяд: “Шумо як ҳизби рости миёнаи бузург доред, ки Ҳизби коргар номида мешавад ва сипас чанд чапи девона ҳошияе ба номи Муҳофизакоронро дорад!” Ӯ интихоботи Британияро дунбол накард ва барояш ҷаззобияте надошт. Бо ин вуҷуд, интихоботи Франсия орзуҳояшро бароварда кард, бавежа шикасти Ле Пен. Чаро ки фикр мекунад, ин падида замоне ҳосил шуд, ки раъйдиҳандагон бовар карданд, имкони пирӯзии Ле Пен вуҷуд дорад. Пас онон басиҷ шуданд, то сарнавишташанро тағйир диҳанд.
Украина барои Жижек нуқтаи меҳварӣ аст: мавзеъи Жижек дар бораи ҷанги Украина боиси дур шудани бархе аз чапҳо аз ӯ шудааст. Ӯ мегӯяд: “Русия аз сулҳ сӯҳбат мекунад, аммо сулҳ ба маънои пирӯзии комили онон аст. Ин дар ҳоле аст, ки чапҳо дар ривояти худ мегӯянд, оё ин мо набудем, ки боиси таҳрики Русия шудем?”
Жижек мегӯяд: инки иддае дар расонаҳои бузург ӯро омили НАТО медонанд, иддаъои бисёр аҳмақона аст. Жижек меафзояд: “Ман 15 сол пеш дастикам як бор дар моҳ мақолае барои New York Times, Newsweek ва Guardian менавиштам. Акнун аммо интишори матолибам дар тамоми он нашриёт ва расонаҳо мамнӯъ шудааст!”
Ӯ мегӯяд: рӯзномаи чапгарои Guardian натавонист шӯхиаш дар мавриди Трамп дар соли 2016-ро бибахшад ва дигар матолибашро чоп накард. Жижек мегӯяд: “Манзури ман дар он замон ин буд, ки пеш аз он ки Трамп хеле қавӣ шавад, ба ӯ фурсат диҳед; бо ин умед, ки авзоъро хароб кунад, аммо гӯё ин сухан барои Guardian сангин будааст.”
Мегӯяд: имрӯз бояд бидуни қайду шарт бо Трамп мухолифат кард, риёсати ҷумҳурии ҷадиди ӯ оқибатҳои ваҳшатноке дар сатҳи байналмилалӣ хоҳад дошт.
Як рӯз баъд аз зуҳр бо Жижек дар як қаҳвахона нишаста будем ва марде бо айнаки гирди кучак наздики ӯ шуд ва фарёд зад. Ӯ ба Жижек гуфта буд: Метавонӣ инҷо биншинӣ ва фалсафабофӣ кунӣ, аммо ин чизҳо ба мо чӣ рабт дорад?”
Ҷон Грей – файласуф ва сутуннавис дар нашрияи New Statesman, дар конференсияе дар бораи Спиноза, дар Амстердам бо Жижек мулоқот кард. Ӯ мегӯяд: “Жижек як либерали стандарт ё ҳатто як гуманисти марксист нест. Ӯ тамоюл дорад ба шеваи диалектикӣ фикр кунад. Дастабандӣ карданаш бисёр сахт аст, ин як вежагии хубаш мебошад. Як унсури муҳофизакорона дар тафаккураш вуҷуд дорад. Дар айни ҳол, паёми ӯ ин аст: “Идома диҳед ва бар рӯйи руъёҳои худ пофишорӣ кунед, ҳатто агар бидонед, ки ҳеч як аз онҳо муҳаққақ намешванд”.
Грей, фалсафаи Жижекро асил намедонад, балки ӯро як фарди боҳуш мехонад. Ӯ дар бораи навъи рафтори номуносиби матбуот ва расонаҳои чап бо Жижек, ҳамдардӣ мекунад. Ӯ мегӯяд: “Жижек як мутафаккири интиқодии воқеӣ аст, ин яке аз далоиле аст, ки онон ӯро дӯст надоранд.”
Жижек мегӯяд: “Мо дар даврони қаҳқароӣ ба сар мебарем. Ман намехоҳам дар ҷомеае зиндагӣ кунам, ки бояд ҳамеша алайҳи таҷовуз, ба унф баҳс кунед. Ман мехоҳам дар ҷомеае зиндагӣ кунам, ки агар касе таҷовузро тавҷеҳ кунад, бо ҳамаи ҳамоқате, ки барои истидлолаш ба кор мебарад, як аҳмақ ба назар бирасад.”
Робитаи Жижек бо падару модараш чӣ гуна буд? Жижек мегӯяд: “Ба таври маъмул ононро дӯст доштам, аммо воқеан онҳоро дӯст надоштам. Модари ман хеле кунҷков буд. Яке аз хотироти кобусвори ман ин буд: дар дабиристон ба духтари ҳамсинфам алоқаманд будам, алоқае бисёр драматик. Ӯ маро нахост ва модарам мутаваҷҷеҳи ин мавзӯъ шуд ва назди модари он духтар рафт ва гилоя кард. Модари он духтар мавзӯъро ба ӯ гуфт ва ӯ қазияро бо тамасхур ба ман гуфт. Ин бароям табдил ба як зарбаи сахт шуд.”
Падари Жижек корманди давлат дар даврони зимомдории Тито буд. Ӯ ба навъе содиқ, аммо бисёр мутакаббир. Ӯ як коммунист, аммо ҳамзамон як оппортунист (фурсатталаб) буд. Жижек мегӯяд: падараш ба ӯ ҳасодат меварзид. Замоне, ки ӯ номзади интихоботи риёсати ҷумҳурӣ шуда буд, падараш бо ҳолате ҷунуномез ба ӯ гуфта буд: “Ин кор, зиндагии туро хароб мекунад!” Жижек мегӯяд: падараш монеъи кӯмаки ӯ ба модараш дар корҳои хона мешуд. Жижек дар бораи падараш мегӯяд: ”Вақте 13 ё 14-сола будам, ӯ аз сари кор ба хона бозмегашт ва рӯйи як сандалии роҳат менишаст ва аз ман мехост, ки банди кафшҳояшро боз кунам. Сипас ӯ мегуфт: ”Лутфан чанд калимаи музахраф бигӯ, то каме ҳавосси ман парт шавад.” Ин рафторҳояш хеле таҳқиркунанда буд.”
Ҳангоме, ки Жижек 16-сола буд, модару падараш ба Штутгарт нақли макон карданд ва ӯ ба танҳоӣ дар Любляна зиндагӣ кард. Ӯ мегӯяд: “Он иттифоқ маро наҷот дод.”
Ман Жижекро барои охирин бор баъд аз кардиография маъмулаш мебинам: ӯ тапиши қалб ва диабет дорад. Ӯ ҳамчунин колоноскопияҳои муназзам анҷом медиҳад ва мегӯяд: “Ин муойанат барои ман мушкиле надоранд, рӯдаи ман хеле соф аст.” Ӯ гилоя мекунад, ки имсол эҳсоси хастагӣ мекунад ва ин боис мешавад, ки хеле кор накунад. Жижек майли серинопазире барои барқарории иртибот дорад ва хабарнигорон билофосила барояш табдил ба “дӯст” мешаванд.”
Манбаъ: NEW STATESMAN
Қаламонлайн