“Спектакл”
Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ
Вожаи “спектакл” имрӯзҳо зиёд дар забонҳо ҷорист, хусусан забони касоне, ки хамирмояи вуҷуди онҳо ба гунае сиришта шудааст, ки бо ҳар чи бо Эрони Исломӣ муртабит аст мушкил доранд (на Эрони бидуни қайд, балки бо Эрони бо қайди исломият мушкил доранд, вагарна бо Эрони ғайриисломӣ чи басо алоқаи қалбӣ ҳам дошта бошанд, ки албатта ин орзуро ба гӯр хоҳанд бурд.) Хулоса, бо якчунин Эроне инҳо навъе падарсӯхтагӣ доранд. Гӯӣ дасти худашон ҳам нест, хамирмояашон чунон сиришта шуда, аз нутфаи падар ва раҳими модар чунон ба дунё омадаанд (ки умедворам, аз роҳи ҳалол нутфаашон мунъқид шуда бошад).
Инҳо мегӯянд: он чи дар ҳафтаи пеш шоҳид будем, аз ҳамлаи Эрон ба Исроил, ин ҳама як “спектакл” будааст; ба ин маъно, ки Исроил ва аз пушташ Омрико, ба Эрон ин иҷозаро додаанд, ки ту ба мо ҳамла кун ва обрӯямонро дар ҷаҳон бибар ва баъзе пойгоҳҳои низомии моро бо хок яксон кун.
Хуб, суол: ин “спектакл” барои чист? Ҷавоб: барои ин ки то душманони “воқеӣ”-и Исроил пай набаранд, ки Эрон “дӯст”-и Исроил будааст, на душманаш.
Хуб, ин душманони “воқеӣ”-и Исроил чӣ касоне бошанд, ки барои худашон чунин ҷойгоҳе қоиланд?! Ҷойгоҳе, ки саҳюнистҳо аз онҳо чунон меҳаросидаанд, ки ҳатто ҳозир шудаанд, заминашон бо хок яксон шавад ва обрӯяшон дар дунё биравад ва масхараи омму хосс бишаванд?!
Ба хаёли ин касоне, ки се рӯз аст вожаи “спектакл” аз лабонашон канда намешавад, ин “душманони воқеии Исроил”, худашон будаанд: як мушт одамони мутаваҳҳим ва маҷҳулулҳувияте, ки ҳатто аз сояи худашон метарсанд! Як мушт мутаваҳҳим ва кинатӯз ва уқдаӣ, ки тасбеҳашон шуда адоват бо Эрони Исломӣ, дуояшон шуда душманӣ бо Эрони Исломӣ, фикру зикрашон шуда хусумат бо Эрони Исломӣ!
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: