Султон агар туӣ…

Адаб
Султон агар туӣ…
Адибаи Хуҷандӣ
Гар нодирию ганҷи худодод, меравӣ
Вайронаӣ ва ё ки ту обод меравӣ
Султон агар ту, ё ки гадое ба кӯчаҳо
Занҷирбастаи ва гар озод меравӣ
Эй кӯдакона шод ба як қанд ё ки фанд
Шодона зи, зи олами бедод меравӣ
Монанди чаҳ набош ба роҳи расидагон
Ҳар ҷо расӣ дарғеғ , ки барбод меравӣ
Умри азиз сарфи дирам шуд дареғи ту
Бе халта халта зар, ки туро дод, меравӣ
Афсӯс ин дарахт фаромӯш мешавад
Вақте ки чун гул аз кафи эҷод меравӣ
Борон дигар ба доди ғамонат намерасад
К-аз ин ғам оқибат ҳама озод меравӣ
Ин шоду ғам қаламрави рангу адад бувад
Дур аз адад ва ранг чаро шод меравӣ
Гуфтанд Адиба илму адабвор нодирӣ
Чун ифтихори отифа аз ёд меравӣ.
Адибаи Хуҷандӣ
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Дар Гурҷистон чӣ хабар аст?
Дар ҳаво бӯи баҳор аст…

Матолиби пурбоздид