Сухангӯи гурдонҳои Қассом: “Ба ҷанги фарсоишии тӯлонимуддат ва дарднок алайҳи душман идома медиҳем”

 

 Сухангӯи гурдонҳои Қассом: “Ба ҷанги фарсоишии тӯлонимуддат ва дарднок алайҳи душман идома медиҳем”

 “Агар терурҳо пирӯзӣ буд, то кунун бояд муқовамат алайҳи ишғолгарон поён меёфт”

Байналмилал

Абӯубайда, сухангӯи гурдонҳои шаҳид Иззуддин Қассом, шохаи низомии Ҳамос, дар паёме видеоӣ ба муносибати солгарди нахусти амалиёти “Тӯфон ал-Ақсо” изҳор дошт: “Як сол пас аз оғози набарди “Тӯфон ал-Ақсо” аз Ғаззаи пойдор ва сарафроз бо шумо сухан мегӯям, як сол аз муваффақтарин ва ҳирфаитарин амалиёт дар асри муосир мегузарад, мо тайи ин амалиёт, зарбае пешдастона ва сангин ба душман ворид кардем; душмане, ки таъаррузоташ ба Масҷид ал-Ақсо ба марҳилае хатарнок ва бесобиқа расида буд.”

Ба гузориши Алҷазира, Абӯубайда афзуд: “Набарди “Тӯфон ал-Ақсо” пас аз он анҷом шуд, ки душман шаҳраксозӣ, яҳудисозӣ ва таъарруз ба асирони моро ташдид кард, мардуми Фаластин алорағми бетаҳаррукии кишварҳои арабӣ ва буздилии ин режимҳо ва иттифоқи онҳо ва низ ҳамалоти ваҳшиёнаи душман, муқовамати устураӣ аз худ нишон доданд.”

Вай бо баёни ин ки дар атрофи Фаластин ҷабҳаҳои мултаҳибе дар ҳимоят аз мардуми мо ва ҷанги мустақим бо душман шакл гирифтааст, гуфт: “Паҳподҳои Яман ва Ироқ дар осмони Фаластини ишғолӣ ҷавалон медиҳанд ва заработ ва хисоратҳои бузурге ба душман ворид мекунанд.”

Сухангӯи Қассом гуфт: “Пас аз як сол аз набарди “Тӯфон ал-Ақсо”, Ҷумҳурии Исломӣ ҳамалоти “Ваъдаи содиқ”-ро анҷом дод, то душманро маръуб созад.”

Абӯубайда идома дод: “Режими саҳюнистӣ танҳо бар рӯйи таноби давлати Омрико ҳаракат мекунад, аммо ин таноб бешак бо гузашти замон пора хоҳад шуд.”

Вай тасреҳ кард: “Амалиёти муқовамат мӯҷиби заъиф шудани тавонмандиҳои амниятӣ ва дифоъии душман мешавад ва хисоратҳои иқтисодӣ бад-он ворид карда ва кӯчи маъкусро бар он таҳмил мекунад.”

Сухангӯи Қассом бо таъкид бар ин ки режими саҳюнистӣ акнун ба режими матруд дар миёни миллатҳои ҷаҳон табдил шудааст, гуфт: “Як сол аст, ки мо дар набарди нобаробпр бо душмани ҷинояткор меҷангем, ки аз иртикоби ҳеч ҷинояте ибо намекунанд.”

Вай бо ишора ба идомаи муқовамати қаҳрамононаи муҷоҳидон дар ҳар ваҷаб аз навори Ғазза, таъкид кард: “Мо ҳазорон низомии душманро кушта ва маҷрӯҳ кардем ва садҳо худрави низомии онро аз кор андохтем.”

Абӯубайда гуфт: “Гузинаи мо, идомаи набарди фарсоишии тӯлонимуддат ва дарднок алайҳи душман аст ва набардҳо муваффақ будани ин гузинаро собит кардааст.”

Сухангӯи Қассом идома дод: “Душмани мағрур, аз таърих ва воқеиятҳои майдонӣ ва фарҳанги мардум ва уммати мо чизе намефаҳмад, шаҳодати ду фармондеҳи бузург яъне Исмоил Ҳаниа ва Ҳасан Насруллоҳ, далеле ошкор бар адами дарки душман аз моҳияти муқовамат аст, агар терурҳо пирӯзӣ буд, акнун бояд муқовамат алайҳи ишғолгарон поён меёфт.”

Вай изҳор дошт: “Амалиёти пуштибонӣ аз муқовамати Ғазза дар минтақа, мавозее қобили тақдир ва бузург дар назари мардуми мост, шодии душман аз терурҳо кӯтоҳмуддат аст ва агар ин терурҳо муваффақ буд, муқовамат аз замони терури Иззуддин Қассом поён меёфт.”

Абӯубайда хитоб ба размандагони Ҳизбуллоҳ гуфт: “Мо аз қудрат ва салобати шумо дар ворид кардани талафот ва хисороти дарднок ба душман итминон дорем.”

Сухангӯи Қассом бо тақдир ва тамҷид аз муқовамати Яман, Ироқ ва Лубнон изҳор дошт: “Дар ҳамаи меҳварҳои ҷанг ва дар имтидоди Ғазза мо садҳо низомиро ҳадаф гирифта ва ҷангафрӯзҳои душманро нобуд карда ва токтикҳои худро тавсиъа бахшидем.”

Вай бо баёни ин ки иттифоқот дар урдугоҳҳои каронаи Бохтарӣ таъкиде бар тасмими роҳбурдии душман дар ҳамаи манотиқи Фаластин аст, гуфт: “Ишғолгарон ва бахусус кобинаи теруристии кунунӣ намехоҳад ҳатто як фаластинӣ дар ғарби рӯди Ӯрдун бибинад.”

Абӯубайда бо баёни ин ки амалиёти ахири Телавив танҳо гӯшае аз амалиётҳои дарднок ва саҳмгини мост, гуфт: “Мо аз бародарони худ дар каронаи Бохтарӣ мехоҳем муқовамати худро дар вокуниш ба таъаррузот ва ҷиноёти душман афзоиш диҳанд.”

Сухангӯи Қассом бо баёни ин ки муқовамат аз рӯзи нахуст талош кард, то ҷони асирони ишғолгарро ҳифз кунад, гуфт: “Мо ба саҳюнистҳо мегӯем як сол пеш метавонистед асирони худро бозгардонед, аммо ҷоҳталабиҳои Натонёҳу монеъ шуд.”

Вай афзуд: “Он чи бар сари 6 асири исроилӣ дар Рафаҳ омад, эҳтимол дорад дар сояи лаҷоҷати Натонёҳу ва кобинаи теруристи вай бори дигар такрор шавад, хатарот алайҳи асирон ҳар рӯз афзоиш меёбад.”

Абӯубайда гуфт: “Мо дастур додаем агар асирон дар маърази хатар қарор гиранд ё даргириҳое дар наздикии онҳо рӯй дод, асирон ба амокини амнтар интиқол ёбанд, шояд 100 Рон Аради ҷадид барои Исроил ба вуҷуд ояд.”

Қаламонлайн

 

 

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Хабарҳое дар бораи нуфузи чатрбозони Ҳизбуллоҳ ба Исроил
Ҳамлаи мушакӣ аз Яман ба Телавив

Матолиби пурбоздид