Сухангӯи Ҳамос: Амалиёти заминии Исроил алайҳи Ғазза амалан оғоз шудааст
“Ғофилгириҳои зиёде барои ишғолгарон дорем”
Сухангӯи Ҳамос бо баён ин ки нерӯҳои “Исроил” тонкҳоро вориди маконҳое кардаанд, ки ҳеч чиз дар он вуҷуд надорад, гуфт: “Ишғолгарон дар чандин меҳвар вориди таҳаррукоти заминӣ шудаанд ва амалан амалиёти заминӣ оғоз шудааст, аммо бино ба далоили хоссе, онро эълом намекунанд.”
Сухангӯи Ҳамос дар гуфтугӯ бо Алҷазира тасреҳ кард: “Ишғолгарон дар бархе меҳварҳо ва манотиқи кишоварзӣ ва маконҳое, ки пеш аз бомбборон дорои ҷамъият буд, пешравӣ кардаанд, аммо ин меҳварҳо заъиф ё аз пеш бомбборон шуда ва ин, дастоварди низомӣ маҳсуб намешавад.”
Вай гуфт: “Касе, ки дар зарбаи нахуст дар амалиёти “Тӯфон ал-Ақсо” душманро ғофилгир кард, ғофилгириҳои зиёде дар чанта дорад ва мо дар гурдонҳои Қассом омодагии комиле барои амалиёти заминии “Исроил” дорем.”
Сухангӯи Ҳамос бо таъкид бар оғози амалиёти заминии “Исроил” дар чандин меҳвар, гуфт: “Муқовамат имон дорад, ки қодир ба дарҳам шикастани артиши “Исроил” ва ноком гузоштани он аз таҳаққуқи аҳдофаш аст.”
Дар ҳамин иртибот, гурдонҳои Қассом бо баёни ин ки шуморе аз саҳюнистҳоро, ки вориди сохтмоне дар Байти Ҳонун шуда будандро ба ҳамроҳи ҷарри сақил ва худрави зиреҳӣ нобуд кардем, гуфт: “Мо ҳамчунин чандин дастгоҳи низомии исроилӣ, ки дар меҳварҳои шимол ва ҷануби шаҳри Ғазза нуфуз карда будандро мунҳадим кардем.”
Фармондеҳи майдонии гурдонҳои Қассом бо баёни ин ки набардҳои шадиде дар меҳвари ҷануби шаҳри Ғазза ва минтақаи Аттавом ва Алкарома дар шимоли ғарби Ғазза дар ҷараён аст, гуфт: “Мо тонки исроилӣ, ки вориди шарқи Ҳаййи Зайтун шуда будро бо рокети “Ёсин-105” мунҳадим кардем.”