Суханони сенатори амрикоӣ пеш аз ҳамла ба Эрон

Таҳлили хабарӣ

Суханони сенатори амрикоӣ пеш аз ҳамла ба Эрон

Гуфтугӯи бисёр пурҷанҷоли Такер Карлсон, муҷрии маъруфи омрикоӣ бо Тед Круз, намояндаи Сенои Омрико аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ, дар яке ду рӯз пеш аз ҳамлаи Омрико ба таъсисоти ҳастаии Эрон

Такер Карлсон: Бошад, гумон кунем, ки шумо омадед ва низоми Эронро бар ҳар шевае сарнагун кардед, баъдаш чӣ? Зимнан, оё медонӣ, чанд миллион нафар дар Эрон зиндагӣ мекунанд?

Тед Круз: Ман ҷамъияти Эронро намедонам.

Такер Карлсон: Аслан?

Тед Круз: На! Ман ҷамъияти Эронро балад нестам.

Такер Карлсон: Ту ҷамъияти кишваре, ки мехоҳӣ низомашро сарнагун кунӣ, намедонӣ?

Тед Круз: Хуб, чанд миллион нафар дар Эрон зиндагӣ мекунанд?

Такер Карлсон: 92 миллион нафар.

Тед Круз: Хуб, бошад.

Такер Карлсон: Ту чӣ тавр балад набудӣ?

Тед Круз: Ман, ки бекор нестам ва биншинам ҷамъияти кишварҳоро аз бар кунам.

Такер Карлсон: Иттифоқан ин ба кори ту рабт дорад, чун мехоҳӣ ҳукумати онҳоро барандозӣ кунӣ.

Тед Круз: Чӣ рабте дорад? Магар чӣ арзише дорад, ки бидонам, Эрон 90 миллион, 80 миллион ё 100 миллион нафар ҷамъият дорад.

Такер Карлсон: Чун агар дар бораи кишваре чизе надонӣ…

Тед Круз: Ман нагуфтам, аз Эрон чизе намедонам.

Такер Карлсон: Агар рост мегӯӣ, бигӯ бибинам, бофти қавмиятии Эрон чӣ таркибе дорад?

Тед Круз: Онҳо форс ҳастанд ва бештарашон шиъа…

Такер Карлсон: Чанд дар сад?

Тед Круз: Аслан инҳо чӣ арзише дорад, ки аз ман мепурсӣ…

Такер Карлсон: Охир, ту ҳеч чиз аз Эрон намедонӣ.

Тед Круз: Бибахшед, ки ман ҳамонанди шахсияти Такер Карлсон коршиноси масоили Эрон нестам.

Такер Карлсон: Ту сенотуре ҳастӣ, ки хостори сарнагунии ҳукумате ҳастӣ, ки ҳеч чизе дар бораи кишвараш балад нестӣ.

Тед Круз: Ту ҳеч чизе дар бораи он кишвар намедонӣ. Ту касе ҳастӣ, ки вонамуд мекунӣ, онҳо қасд надоштанд раисиҷумҳур Тромпро терур кунанд.

Такер Карлсон: Ту аз худат даровардӣ!

Тед Круз: Ту касе будӣ, ки гуфтӣ, набояд женерол Сулаймониро терур кунем, чун барои Омрико бад аст.

Такер Карлсон: Ту боварат мешавад, ки мехостанд Тромпро терур кунанд?

Тед Круз: Бале, ки бовар мекунам.

Такер Карлсон: Ту касе ҳастӣ, ки хостори ҳамлаи низомӣ дар вокуниш ба таҳдиди терур ҳастӣ, чӣ тавр чунин чизе боварат мешавад?

Тед Круз: Мо ҳамин имрӯз ҳам дорем ба онҳо ҳамла мекунем.

Такер Карлсон: Ту, ки гуфтӣ Исроил дорад ин корро мекунад.

Тед Круз: Оре, бо пуштибонии мо. Гуфтам, мо, чун Исроил раҳбарии амалиётро бар ӯҳда дорад, вале мо дорем аз онҳо пуштибонӣ мекунем.

Такер Карлсон: Хуб, хуб. Мо ин ҷо як хабари фаврӣ дорем. Дишаб давлати Омрико ва сухангӯи Шӯрои амнияти миллӣ, бо такя ба Тромп, пинҳон кард ва гуфт, ки мо дар пуштибонӣ аз амалиёти Исроил коре накардаем.

Тед Круз: Мо онҳоро бомбборон намекунем. Исроил онҳоро бомбборон мекунад.

Такер Карлсон: Ту, ки гуфтӣ, мо бомбборон мекунем… Худат гуфтӣ. Ин хеле ҳассос аст, сенотур! Агар ту бигӯӣ, ки давлати Омрико дорад ба Эрон ҳамла мекунад, яъне дар ҷанг алайҳи Эрон ҳастем ва мардум ҳам доранд мешунаванд.

Тед Круз: Мо онҳоро бомбборон намекунем. Исроил дорад онҳоро бомбборон мекунад. Чаро ҳарфи дар даҳонам мегузорӣ?

Такер Карлсон: Чӣ дорӣ мегӯӣ? Дорем аз чизе ҳарф мезанем, ки беш аз андоза хатарнок аст… Эрон кишвари паҳноваре аст, бо кишварҳои бисёр муҳимме ҳаммарз аст, бештари энержии ҷаҳон аз он ҷо меояд. Ту мехоҳӣ барои мо дубора фоҷеа дуруст кунӣ? Чаро ин ҳама бепарвоӣ?

Тед Круз: Медонӣ, Оятуллоҳ ба Омрико чӣ мегӯяд? Шайтони бузург! Ва ба Исроил мегӯяд, шайтони кучак!

Такер Карлсон: Оре медонам.

Тед Круз: Ҳангоме ки ба Омрико мегӯяд, шайтони бузург, ҳарфашро бовар мекунӣ?

Такер Карлсон: Албатта, ки бовар дорам.

Тед Круз: Боварат мешавад, ки агар Оятуллоҳ ирода кунад, метавонад ҳар дуи моро ҳамин ҷо бикушад? Ман бовар дорам.

Такер Карлсон: Бошад. Ман ҳеч ҳусни нияте дар Оятуллоҳ (Хоманаӣ) фарз намекунам. Агар хоҳӣ илқо кунӣ, ки ман ҳомии Оятуллоҳ ё ҳамчунин чизе ҳастам…

Тед Круз: На! Масъалаи ҳусни ният нест.

Такер Карлсон: Ту қонунгузори ин кишвар ҳастӣ. Ту одами пурнуфузе дар Вошингтун ҳастӣ. Ин ҷо (Омрико) нерӯмандтарин кишвари ҷаҳон аст. Агар хостори барандозии ҳукумате бошӣ, пас вазифаи туст, ки дар бораи ин кишвар чизе бидонӣ ва аз паёмадҳои даргир шудан бо онҳо огоҳ бошӣ. Аммо балад нестӣ ва чизе ҳам намедонӣ. Ин барои ман сабуксарӣ аст.

Тед Круз: Бибахшед, ки инро мегӯям. Аммо ту номуҳтотона забонбозӣ мекунӣ ва барои суханонат ҳам ҳеч санад ва мадраке надорӣ.

Такер Карлсон: Ман хоҳони барандозии ҳеч ҳукумате нестам. Ин ту ҳастӣ!

Тед Круз: Ту бо забонҳоят, ба Дунолд Тромп метозӣ ва ӯро ҳамдаст меномӣ.

Такер Карлсон: Ман ба Дунолд Тромп ҳамла намекунам.

Тед Круз: Кардӣ!

Такер Карлсон: На! Ман барои ситоди интихоботии Тромп заҳмат кашидам.

Тед Круз: Ҷолиб шуд.

Такер Карлсон: Пас аз анги яҳудиситезӣ, охирин чораат ин аст: анги Тромпситезӣ ба ман бизанӣ! Ман Тромпро дӯст дорам.

Тед Круз: Ман бароят мехонам. Ту дар матлабе хабарӣ гуфта будӣ, ки Тромп сиёсати “аввал Омрико”-ро раҳо кардааст. Ин ҳам вокуниши Тромп: “Ба ёд дошта бошед, ки ин ман будам, ки сиёсати “аввал Омрико”-ро поягузорӣ кардам ва пеш аз ман касе ин истилоҳро ба кор набурда буд, то ин ки мар сари кор омадам. Ба гумонам, ин ман ҳастам, ки тасмим мегирам. Ба онҳое, ки хостори сулҳ ҳастанд, бояд бигӯям, ки агар Эрон силоҳи ҳастаӣ дошта бошад, сулҳе даркор нахоҳад буд. Ба ҳамаи инсонҳои дӯстдоштанӣ мегӯям, ки агар намехоҳед барои ҷилавгирии Эрон аз дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ коре кунед, ин сулҳ ва оштиро ба армуғон нахоҳад овард.” Мухотаби ин паём ту будӣ.

Такер Карлсон: Мард! Гумон мекунӣ, маро гир андохтӣ?! Бохтам!

Тед Круз: Дидгоҳҳои ман…

Такер Карлсон: Бибин, ман Тромпро дӯст дорам. Ман барои сари кор омаданаш таблиғ кардам. Ман Тромпро мешиносам. Дишаб бо ӯ гуфтугӯ кардам. Ман зидди Тром нестам ва худат ҳам инро медонӣ.

Тед Круз: Ту бо сиёсатҳои бурунмарзии Тромп мушкил дорӣ!

Такер Карлсон: Ман бар ин боварам, ки мо бояд нисбат ба вуруд ба ҷангҳои хориҷии бештаре, ки суде барои мо надорад дар ҳоле, ки кишвари мо дорад мемирад, эҳтиёт кунем. Кишвари мо дорад ҷон медиҳад.

Тед Круз: Оре, ҳамеша шиор медиҳӣ, ки “рӯйи кишвари худамон тамаркуз кунем, ман оишқи ин кишвар застам.” Аммо ин соддалавҳона аст…

Такер Карлсон: Ту ҳатто намедонӣ ин ҷанг чӣ ҳазинае ба ҳамроҳ дорад. Ту ҳеч чизе дар бораи кишваре, ки мехоҳӣ ҳукуматашро барандозӣ кунӣ, балад нестӣ, он гоҳ ба ман мегӯӣ, “бепарво”?!

Тед Круз: Ман мехоҳам ҷилави девонаеро бигирам, ки бо силоҳи ҳастаӣ мехоҳад миллионҳо тан аз моро куштор кунад. Ту мегӯӣ, намедонам, ин чӣ суде барои мардуми Омрико дорад? Ин хеле аҷиб аст. Сиёсати хориҷии ту, сиёсати хориҷии Борок Убомо ва Ҷимӣ Кортер аст.

Такер Карлсон: Оре, медонам, ман як чизи тамомаёр ҳастам.

Тед Круз: Ин сиёсати ту роҳ ба ҷойе намебарад.

Такер Карлсон: Аблаҳона аст. Бошад. Ман Ҷимӣ Кортер ё Борок Убомо ҳастам. Ишколе надорад. Бигузор дар поён аз ту бипурсам: Сиёсати ту чӣ фарқе бо Ҷимӣ Кортер дорад? Ҷиддӣ мепурсам.

Тед Круз: Бас кун!

Такер Карлсон: Ман дорам ҷиддӣ аз ту мепурсам. Ман намедонам ту дорӣ чӣ ҳарфе мезанӣ! Ҷимӣ Кортер! Моли кадом қарн аст! Ман фарзанди 25 соли гузашта ҳастам, ки бо диққат ҳама чизро нигоҳ кардам ва паёмадҳои ҷараёни бепоёни фоҷеабори сиёсати хориҷие, ки кишварамро бечора карда ва ба он осеб задааст, дидаам.

Тед Круз: Ин даври ботил аст.

Такер Карлсон: Ин даври ботили Афғонистон, Ироқ ва Либӣ ва Сурияро дарбар мегирад. Ва тоза наметавонем ҷилави Ҳусиҳои Яманро бигирем, ки ба ҳама нишон дод, мо нотавон ҳастем ва ин барои ман ҷонгузод буд. Инҳо шикастҳое ҳастанд, ки та бу унвони намояндаи Сено дар онҳо даст доштӣ.

Тед Круз: Кадом шикаст дар сиёсати хориҷиро ман раҳбарӣ кардам?

Такер Карлсон: Мо натавонистем Русияро дар ҷанги Укройн шикаст диҳем, ки ту аз он пуштибонӣ мекардӣ. Дар се соли гузашта ҳама ҷо мечархидӣ ва ба мо мегуфтӣ, ки Владимир Путин дев аст ва бояд бо баччаҳои кишварҳои дигар ӯро шикаст диҳем. Миллионҳо навҷавонро дар ҷанги Укройне ба кушторгоҳ фиристодӣ, ҳеч гоҳ аз ин бобат пӯзишхоҳӣ накардӣ.

Қаламонлайн 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Раҳо кардани орзуҳои бемаъно

Матолиби пурбоздид