Тааммуле бар мафҳуми “Дин афюни халқ аст”

Тааммуле бар мафҳуми “Дин афюни халқ аст”

Ин ки мегӯянд: “Ба он чи мегӯянд бингар, на ба касе, ки мегӯяд”, бо ин ки тӯтивор такрораш мекунем, вале афроде, ки воқеан пойбанд ба ин ҳикмат бошанд, ангуштшуморанд.

Як замон ҳарфҳои Морксу Ленин харидор дошт, хусусан дар замони Шӯравӣ, аммо алъон чунин нест. Одамҳо мутаассифона тобеи фарҳанги пирӯз ва ғолибанд. Фарҳанг ва андешае, ки бештар таблиғ шавад ва сари забонҳо бошад, мардум аз ҳамон пайравӣ мекунанд.

Зеро гумон мекунанд, агар фарҳанге дуруст бошад, ҳатман гаравандагонаш ҳам зиёд аст. Дар ҳоле, ки чунин нест. Шояд фикру андешае сад дар сад дуруст бошад, вале пайравонаш андак ва акси ин ҳам содиқ аст. Меъёри ташхиси дурустӣ ва нодурустии як андеша, ҳаргиз зиёдии пайравон набуда ва нест. Балки мутобиқати он бо мантиқ ва воқеъ аст. Иттифоқан, мантиқи Қуръон низ ҳамин аст, мефармояд:

بَلْ أَكْثَرُهُمْ لَا يَعْقِلُونَ

“Балки аксари мардумон ақли худро ба кор намегиранд.” (Сураи Анакабут, ояти 63)

Моркс, фориғ аз порае андешаҳояш, ки на пояи мантиқӣ доранд ва на бо воқеиятҳо мехонанд, аммо андешаҳои қобили таваҷҷӯҳи зиёде ҳам дорад. Ӯ, одами бисёр боҳуш ва пуркоре буд. Мегӯянд, 16 соат аз вақти худро дар шабонарӯз ба мутолиа ва таҳқиқ мегузаронидааст. Албатта дар бораи Ленин ҳам чунин гуфтаанд.

Яке аз ҷумлаҳои маъруфи Моркс ин ҷумла аст: “Дин афюни халқ аст”. Яъне дин, чизе аст, ки мардумро тахдир ва беҳуш мекунад, дуруст мисли тарёк ва нашъа, ки одам вақте истеъмол мекунад, ӯ дигар ҳушаш сари ҷой нест ва ба қавли маъруф, дар олами ҳапарут аст. Моркс динро якчунин чизе мешуморад.

Хуб, ҳоло оё ӯ дар ин гуфтор дуруст гуфта ё на? Агар андаке диққат кунем, мебинем, рост мегӯяд. Чаро? Ба ин далел: Моркс дар далели ин ҳарф мегӯяд: аз монеаҳои табақаи маҳрум барои рӯ дар рӯйӣ бо табақаи истисморгар, яке дин аст. Мегӯяд, руҳониҳо ба мардуми бечора гуфтаанд, шумо аз ҳокимон ҳарчанд золиманд итоат кунед, Худованд аҷру подошатон медиҳад.

Моркс мегӯяд, асосан дин, сохтаи табақаи истисморгар аст барои тобеъ сохтани табақаи маҳрум. (Дуруст хилофи дидгоҳи Ниче, ки динро сохта ва пардохтаи табақаи бечора ва заиф медонад.)

Хуб, оё воқеан чунин нест? Яъне, вақте як мулло аз болои минбари масҷид мардумро ба номи дин ва аз номи дин ташвиқ ба итоат аз ҳокими ҷаббор ва ситамгаре намояд ва онҳоро аз ҳар навъ эътироз алайҳи ӯ боздорад, оё наметавон гуфт, ин афюн аст?! Дар боздоштани мардум аз қиём алайҳи ҷаббору ситамгар, ҳеч чиз қудрати динро надорад. Яъне, мардуми боварманд, агар ба онҳо гуфта шавад, ки Худо мефармояд, аз ҳокими золим итоат кунед, дар ин сурат, агар нахоҳанд ҳам, аз ӯ итоат хоҳанд намуд, зеро онро дастури Худо медонанд.

Оё чизе мухаддиртар аз ин афюн суроғ доред?

Оё муллоҳое нестанд, ки аз болои минбари масоҷид корашон ҳамин аст? Яъне, корашон ин аст, ки мардумро ба номи дин, аз қиём ва аз ҳар навъ эътироз алайҳи фиръавнсифатон манъ карда ва мекунанд. Ин аст афюн.

Албатта, иштибоҳи Моркс дар ин ҷумла он аст, ки ӯ асли динро афюн дониста, на он чиро, ки муллоҳои дарборӣ ба унвони дин таблиғ мекунанд. Агар мегуфт: “Дини дарбор афюни халқ аст” таъбираш комилан мутобиқ бо воқеъ буд. Вагарна, асли дин на ин ки аз қиёму эътироз алайҳи зӯргӯён манъ накарда, балки онро як воҷиби динӣ мешуморад. Лоақал ойини ислом ва мантиқи Қуръони Карим ҳамин аст. Паёмбар (с) фармуданд: “Беҳтарин ҷиҳод, сухани ҳақ дар баробари ҳокими ситамгар аст.” Қуръони Карим, фалсафаи фиристодани паёмбарон ба сӯйи мардумро “барпоии адолат дар ҷомеа” медонад. (Сураи Ҳадид, ояти 25)

Мусалмони воқеӣ пайрави Мӯсо (а) аст, ки алайҳи Фиръавн қиём мекунад. Мусалмони воқеӣ пайрави ҳазрати Муҳаммад (с) аст, ки алайҳи Абӯсуфёнҳо, Абӯҷаҳлҳо, Абӯлаҳабҳо ҷиҳод мекунад. Мусалмони воқеӣ пайрави Ҳусайн ибни Алӣ (а) аст, ки алайҳи Язид, бо вуҷуди камии пайравон, қиём мекунад ва бо хунаш одамҳоро аз зулми золим раҳо месозад. Дине, ки Моркс аз он мегӯяд, дини амсоли Фиръавну Қайсару Абӯҷаҳлу Язидҳост. Зеро инҳо низ дин доштанд ва динашон барои худ пайравоне дошт.

Дар поён як нуктаро арз кунам. Асосан, на танҳо дин, балки ҳар чизе шабеҳи дин, метавонад мухаддир (афюн) бошад. Агар як шоир дар васфи як ҳокими ҷаббор шеър сарояд ва ба мадҳу ситоиши ӯ бипардозад, кори ӯ ҳам тахдир аст ва шеъраш афюн. Як нависанда ҳам метавонад ҳамин нақшро ифо кунад. Як ҳунарманд ҳам метавонад ҳамин корро бикунад. Як корманди Окодемӣ ҳам, ки дам аз равшангароӣ мезанад низ метавонад якчунин нақшеро ифо кунад. Инҳо ҳама афюн ҳастанд.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳуқуқи башари амрикоӣ
Мақоми ҳикмат

Матолиби пурбоздид