Тааммуле дар исми “Рабб”

Адаб

Тааммуле дар исми Рабб

Маорифи исломӣ

Дар Қуръони Карим матолибе омадааст, ки маҳол аст баромада аз андешаи як инсон бошад, ҳарчанд инсони бисёр-бисёр боҳуш ва донишманд ва таҳсилкарда, то чӣ расад ба касе, ки дар Арабистони қуруни вустои бе фарҳангу тамаддун бузург шуда. Ин маҳол аст.

Ҳоло ба яке аз он матолиб ишора мекунам:

Исми Рабб барои Худо дар Қуръон ва дар калимоти ҳазрати Расули Акрам (с), беш аз номҳо ва сифатҳои дигари Худо ба кор рафта. Яъне дар ҳоле, ки Худо масалан, холиқ (офаридгор) аст, раҳмону раҳим аст, қодир (тавоно) аст ва ғайра аз сифатҳои дигар, аммо аз миёни ҳамаи он номҳо ва сифатҳо, Худованд дар Қуръон бештар ба исми Рабб хонда мешавад.

Хуб ин як рози бисёр олие дорад, ки ҳоло арз мекунам.

Тавзеҳ ин ки: Рабб дар луғат яъне тарбияткунанда, мураббӣ, ки реша дар вожаи тарбият дорад. Тарбият ба тоҷикӣ яъне парвариш, нигоҳу бин, расидагӣ. Бинобар ин, Раббро ба форсӣ ба парвардигор тарҷума кардаанд ва дуруст ҳам тарҷума кардаанд. Ба мураббӣ дар маҳди кӯдак (хонаи кӯдакон) аз он ҷиҳат мураббӣ гуфта мешавад, ки кораш расидагӣ ва нигоҳу бини кӯдакон аст.

Ҳоло инро дошта бошед, баъд бармегардем, аввал як муқаддимаи дигар арз кунам.

Инсонҳои боварманд ба Худо, вақте бо як мулҳид ва атеист баҳсашон мешавад, барои он ки ба ӯ собит кунанд, ки Худое ҳаст, бештар аз ин ҷиҳат ворид мешаванд, ки ҳастӣ, холиқе дорад, офаридгоре дорад ва тасаввури ҳастӣ бидуни холиқ ва офаринанда, маҳол аст. Ва ба қавли Ибни Сино, тасаввури ҳастӣ бидуни зоти воҷиб (воҷибулвуҷуд) маҳоли ақлӣ аст. Бо ин гумон, ки агар ин амр барои ӯ собит шуд, дигар кофист.

Дар ҳоле, ки атистҳо (албатта атеистҳои таҳсилкарда) агар нек диққат карда бошед, беш аз ин ки мункири асли вуҷуди офаридгор бошанд, мункири Худое ҳастанд, ки динҳо муаррифӣ мекунанд. Ва дар мавриди асли офаридгор, бештар мегӯянд, мо намедонем. Балки як навъ “дуист” ҳастанд; мӯътақиданд, агар ҳам ҷаҳон офардгоре дошта, ӯ офарида ва сипас рафта пайи кораш, ҷаҳон дигар рӯйи пойи худ истода ва ниёзе ба Худо надорад.

Ва асосан, инсонҳое, ки аз беху бун мункири асли Худо бошанд, дар таърих бисёр андак буданд, аксари инсонҳо ба вуҷуди офаридгор мӯътақид будаанд, аммо эътиқоди дурусте надоштаанд, мушрик будаанд, яъне барои Худо шарик қоил буданд, мисли бутпарастҳо. Бинобар ин, Қуръон беш аз ин ки барои асли вуҷуди Худо бурҳону далел биёварад, барои яктоии ӯ, бешарик будани ӯ, ҳамто надоштани ӯ далелу бурҳон овардааст.

Аз ин рӯ, Қуръон Худоро бештар ба унвони Рабб яъне парваридгор; касе, ки ҳастиро идора мекунад ва касе, ки ҳозиру нозир аст муаррифӣ мекунад. Фиръавн он ҷо, ки аз ҳазрати Мӯсо (а) ва бародараш Ҳорун (а) пурсид, ҳоло бигӯед бибинам, ин Худое, ки мегӯед, чӣ касе аст? Мӯсо мегӯяд:

قَالَ رَبُّنَا الَّذِي أَعْطَى كُلَّ شَيْءٍ خَلْقَهُ ثُمَّ هَدَى

“Гуфт: парвардигори мо касест, ки ҳар чизеро офарид сипас ҳидоят ва роҳнамоӣ кард.” (Сураи Тоҳо, ояти 50)

Ва ё дар сураи Аъло он ҷо, ки Худоро муаррифӣ мекунад, мегӯяд:

سَبِّحِ اسْمَ رَبِّكَ الْأَعْلَى. الَّذِي خَلَقَ فَسَوَّى. وَالَّذِي قَدَّرَ فَهَدَى

“Номи парвардигори волои худро ба покӣ бистой! Ҳамон, ки офарид ва ҳамоҳангӣ бахшид. Ва он ки андозагирӣ намуд ва сипас ҳидоят ва роҳнамоӣ кард”. (Сураи Аъло, оятҳои 1-3)

Манзур аз “ҳидоят ва роҳнамоӣ”, роҳнамоии ғаризии мавҷудот аст, яъне Худованд дар вуҷуди ҳамаи мавҷудот, аз ҷамоду наботу ҳайвону инсон, ғаризае ниҳода, ки ба воситаи он, ба сӯйи ғояту ҳадафе, ки барои он офарида шудаанд ҳаракат мекунанд.

Ба унвони намуна, занбӯри асалро, ки Худо офарида, дар вуҷуди ӯ як навъ ғаризае гузошта, ки ин ҳашараи кучак бидуни он ки бидонад, бо ҳидояту роҳнамоии ин ғариза, ба сӯйи ҳадафе, ки барои он офарида шудааст ҳаракат мекунад; лона месозад, гард ҷамъоварӣ мекунад, асал дуруст мекунад. Бибинед, Қуръон чӣ қадр зебо ин ҳақиқатро баён медорад:

وَأَوْحَى رَبُّكَ إِلَى النَّحْلِ أَنِ اتَّخِذِي مِنَ الْجِبَالِ بُيُوتًا وَمِنَ الشَّجَرِ وَمِمَّا يَعْرِشُونَ. ثُمَّ كُلِي مِن كُلِّ الثَّمَرَاتِ فَاسْلُكِي سُبُلَ رَبِّكِ ذُلُلًا يَخْرُجُ مِن بُطُونِهَا شَرَابٌ مُّخْتَلِفٌ أَلْوَانُهُ فِيهِ شِفَاء لِلنَّاسِ إِنَّ فِي ذَلِكَ لآيَةً لِّقَوْمٍ يَتَفَكَّرُونَ

“Ва Худованд ба занбӯри асал ваҳй кард, ки: аз кӯҳҳову дарахтону сақфҳои баланд манзил бигир ва сипас аз меваҳои ширин тағзия бикун ва роҳи парвардигоратро ба итоат бипаймо. Он гоҳ аз даруни ӯ шарбате ширину рангоранг (асал) берун ояд, ки мояи шифои мардумон аст. Дар ин кор, ояту нишонаи қудрати Худо барои андешамандон ҳувайдост.” (Сураи Наҳл, оятҳои 68-69)

Манзур аз “ваҳй кард” дар ин оят ҳамон ғариза аст, ки ҳамеша ҳамроҳи ин мавҷуд будааст ва ҳамон ғариза аст, ки ин мавҷудро ҳидоят мекунад.

Ва ё як намунаи дигар, вуҷуди ғаризаи муҳаббату алоқа ба фарзанд дар мавҷудот бахусус мавҷудоти модина аст, аз кучактарин ҳашарот бигир то бузургҷуссатарини мавҷудот мисли филу наҳанг ва албатта инсон. Ҳар мавҷуде дар худ як эҳсоси аҷибу ғарибе нисбат ба фарзанди худ мекунад, ки ба мӯҷиби он, бо муҳаббат тамоми машаққатҳоро дар роҳи бузург кардани фарзандаш ба дӯш мегирад. Агар офаридгор ин ғаризаро дар ниҳоди мавҷудот намегузошт, насли мавҷудот мунқариз мешуд, зеро як мавҷуд дар оғози зиндагӣ, ниёз ба риояту нигаҳдорӣ дорад, ки ҷуз волидайн касе ҳозир нест онро ба дӯш бигирад.

Рабб яъне ҳамин. Парвардигор яъне ҳамин.

Сайидюнус Истаравшанӣ

Қаламонлайн  

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Чаро гоҳе истиҷобати дуо ба таъхир меафтад?
Вақте ҳайбати Исроил мешиканад

Матолиби пурбоздид