Таваҷҷуҳ ба шахсияти кӯдак
Сабки зиндагӣ
Шахсияти ҳар кас ба андозаи асари вуҷудии он фард аст. Ҳар қадар ки таъсири вуҷудии инсон дар ҷомеа, таърих ва наслҳо бештар бошад, ба ҳамон нисбат арзиш ва ифтихори бештаре насиби вай мешавад. Баъзе афрод дорои шахсияти мусбат ҳастанд, яъне аз тавоноиҳои билфеъл ва билқувваи худ, барои салоҳи ҷомеа ва афроди наздики худ истифода мекунанд ва баъзе дигар аз инсонҳо дорои шахсияти манфӣ ҳастанд, яъне ниру ва истеъдоди онҳо монанди заҳри кушандае аст, ки ба пайкари ҷомеа ворид мешавад. Набояд фаромўш кард, ки шакли аслӣ ва аввалии ин ду шахсият ду рафтор, аз ҳамон даврони кўдакӣ сохта мешавад. Аз тарафи дигар осори вуҷудии ҳар шахсе аз нуқтае шурўъ мешавад, ки ба таври сад дар сад таҳти таъсири атрофиён, хусусан падару модар қарор доштааст. Дар таълимоти динӣ омадааст, ки ончӣ кўдак дар тифлӣ меомўзад, то поёни умр ўро ҳамроҳӣ мекунад.
Имом Ҳасан ва Имом Ҳусейн инсонҳои бузурге ҳастанд, ки дар асари шахсияти нофиз ва илоҳии худ тавонистанд масири таърихро тағйир диҳанд ва тағйири сайри таърих ҳосил намешавад магар ба ҳимматҳои баланде, ки дар ҳар асре намунаҳои хеле каме дорад.кист, ки надонад, ин каромат ва ҳиммати волои имомони мо дар асари тарбияти илоҳӣ ва байти малакутии Фотимаи Заҳро (а) аст.
Рўзе Паёмбар (с) вориди хона шуд. Фармуд:
Духтарам имрўз падарат меҳмони шумост.
Фотима ҷавоб дод:
Падарҷон фарзандонам Ҳасан ва Ҳусейн аз ман таоме хостанд ва ман қудрати пухтани онро надоштам. Паёмбар (с) ба хона даромад ва дар канори Амиралмўъминин ва Имом Ҳасан ва Имом Ҳусейн нишаст. Фотима ҳамчунон ҳайрон буд, ки меҳмондории Расули Худо (с) чӣ кор кунад?
Дар ин ҳангом Паёмбари Худо (с) дастҳояшро ба қасди таоми биҳиштӣ ба осмон дароз кард, чанд лаҳза баъд Ҷабраил ба назди Паёмбар (с) мушарраф шуд, арз кард:
Ман аз Худованд барои шумо саломи махсус овардаам. Худованд мефармояд:
Ба Алӣ ва Фотима ва фарзандони вай бигў ончӣ аз меваҳои биҳиштӣ мехоҳанд, аз ман талаб намоянд.
Паёмбари Акрам (с) паёми Худоро ба Аҳли Байт (а) расонд, аммо касе чизе нагуфт. Имом Ҳусейн гуфт:
Агар иҷозат даҳед ман барои шумо мева интихоб мекунам.
Ҳама гуфтанд, интихоби туро қабул дорем.
Имом Ҳусейн гуфт: Эй Расули Худо! Ба Ҷабраил гўед мо хурмои биҳиштӣ мехоҳем. Паёмбар ба Фотима ишора кард, ки бархез дохили утоқ шав ва ҳар чӣ, ки онҷост биёр. Фотимаи Заҳро дар он утоқ бо сабади булўрине, ки бо дастмоли абрешимии сабз пўшида шуда буд, рўбарў гашт. Дохили сабад пур аз хурмое буд, ки дар ин фасл намерўяд. Паёмбар (с) хурмоҳоро гирифт ва дар байни аъзои хона тақсим кард ва худ дона-дона дар даҳони Ҳасан ва Ҳусейн гузошт.
Ин ривоятро ба хотири ин нукта овардем, ки то он эҳтироме, ки аҳли хона ба назари Имом Ҳусейн доштанд, мушоҳида кунем. Ончӣ Имом Ҳусейн ирода мекунад, барои дигарон омода мешавад. Ин гуна аҳамият додан ба назари аъзои хонавода, шахсияти мустаҳкамеро барои афрод ба армуғон меоварад.
Қаламонлайн