Тавлиди Тоҷикистон ва оғози худшиносии тоҷикон
Соли 1924: Тавлиди Тоҷикистон ва оғози худшиносии тоҷикон
Муаллиф: Сайфуллоҳи Муллоҷон, доктори илмҳои таърих
Соли 1924 дар таърихи мардуми Осиёи Миёна ҳамчун сароғози як таҳаввули азим шинохта мешавад. То ин сана ҳукуматҳои минтақа ё ба исми силсилаҳо (сомонӣ, қарахонӣ, темурӣ, манғит) номгузорӣ мешуданд ё баргирифта аз марказҳои маъмурии он буданд (чун иморати Бухоро, хонии Хуқанд ё Хива). Акнун халқҳои бузурги ин минтақа бо номи этникӣ номгузорӣ шуданд ва сад сол мешавад, ки дар нақшаи сиёсии ҷаҳон бо ҳамин ном шиносоӣ мегарданд. Фарозу нишеби ин сад сол дар ин гуфтор ба баррасӣ кашида мешавад.
Асри ХХ дар сарнавишти тоҷикон фарозу нишебҳои фаровонеро сабт кард, вале ду санаро, ки бо ҳуруфи заррин навишта шуда, наметавон ба фаромӯшӣ супурд. Яке соли 1924 ва дигаре соли 1991. Санаи аввал тавлиди тифле бо номи Тоҷикистон ва санаи дувум ба камол расидани ин тифл аст.
ВАҚТИ ОЗОДИИ МО РАСИД?
Инқилоби соли 1917 дар Русия бо ҳама костиҳову мусибатҳое, ки ба дунбол дошт, барои мардуми ғайрирус навиди озодиро ба армуғон овард. Ленин дар нахустин рӯзҳои пирӯзии инқилоб (моҳи ноябри соли 1917) ба мардуми мусулмони Шарқ муроҷиат карда, ба онҳо “ваъдаи озодиву раҳоӣ аз дасти империализми ҷаҳонӣ”-ро дод. Дар ин санади таърихӣ аз мардуми ситамдидаи Шарқ даъват мешуд, ки бархезанду ҳуқуқҳои аздастрафтаи хешро соҳиб шаванд ва сарнавишташонро рақам зананд. Ленин аз поёни султаи ҷаҳонхорон навид медоду ҳамраъйи худро бо мусулмонону миллали шарқ эълом дошта аз эшон низ даъват мекард, ки бо ормонҳои инқилоби рус ҳамраъй бошанд. Ӯ мегуфт “дину ойину шуморо ҳокимони пешину ситамгарон таҳқир мекарданд, акнун инқилоби Русия пуштибони шумост, бархезеду ин инқилобро пуштибон бошед”.
Аммо сарнавишти мухторияти Қуқанд – ин “фарзанди” инқилоби коргарӣ нишон дод, ки аз даъвати сарвари инқилоб Ленин то воқеият фарсахҳо масофа аст. Кӯшиши таъсиси давлати мустақил дар қалби Осиёи Миёна ба хоку хун кашида шуд, ки ба дунбол ҳаракати муқовимат ё ҳамон “босмачигарӣ”-ро алайҳи Шӯравӣ тавлид кард. Ҳукумати навпои Русияи Шӯравӣ тарҳи нав дарандохта, аз рӯйи барномаҳои худ хост дар минтақа дигаргунӣ ворид кунад.
Ба дунболи инқилоби соли 1917-и Русия, дар он мавзеъҳои Осиёи Миёна, ки Ҳукумати Шӯравӣ бунёд гашт, соли 1918 Ҷумҳурии мухтори Туркистон таъсис ёфт. Суқути Бухоро ва Хива дар соли 1920 боиси ташкили ҷумҳуриҳои шӯравии Бухорову Хоразм гардид. Ҳукумати Шӯравӣ, ки солҳои 1918-1922 давраи душвори ҷанги шаҳрвандиро таҷриба кард, ба хулосае омад, ки дар минтақаи Осиёи Миёна бо марзҳои шаклгирифта давлат таъсис кардан хилофи барномаҳои он мебошад. Зеро дар ҳар се ҷумҳурии Туркистону Бухорову Хива бартарии қотеъ ба ҷониби ягон халқ набуд.
САРОҒОҲИ ТАРҲИ НАВ…
Соли 1919 бо фармони Ленин комиссияе таъсис ёфт, ки он бо номи “Комиссия туркистонӣ” машҳур аст. Азбаски ба вожаи Туркистон (ҳарчанд барғалат) ифода кардани минтақаи Осиёи Миёна пас аз истилои Русия маъмул гардид, комиссияи мазкур низ бо ҳамин ном ба фаъолият шуруъ кард. Дар идомаи ин фармон тавсия дода мешуд, ки “нақшаи ҷобаҷошавии мардуми минтақаро дақиқан бо номҳои Узбекия, Қиғизия ва Туркмения омӯхта, имкони баҳамойӣ ё ҷудошавии онҳоро омӯзанд”. Ҳамин тавр, ба ҳаракати таърихӣ ва бузурге асос гузошта шуд. Аммо ҷанги шаҳрвандӣ, ки тамоми қаламрави Русияи Шӯравӣ, аз ҷумла Осиёи Миёнаро фаро гирифт, нагузошт ин барнома роҳандозӣ шавад. Перомуни ин масъала донишманди шинохтаи тоҷик академик Раҳим Масов таҳқиқоте анҷом додаст, ки “Таърихи табартақсим” ва “Тоҷикон. Таърих бо муҳре комилан махфӣ” аз ҷумлаи онанд.
ЗАРУРАТИ ТАҚСИМОТИ МАРЗӢ БО АНГЕЗАҲОИ МИЛЛӢ
Дар асноду мақолаҳои солҳои 20-уми асри гузашта зимни баршумурдани заруратҳои тақсимоти марзӣ таъкид мешавад, ки ҷумҳуриҳои халқӣ боястӣ ба ҷумҳуриҳои сотсиалистӣ мубаддал гарданд. Дигар нуктае, ки коммунистон дар ҷараёни тақсимот аз он зиёд мегуфтанду асли корро бар пояи он қарор медоданд, масъалаи пайвандҳои иқтисодӣ буд. Яъне иттиҳоде ба вуҷуд ояд, ки халқҳо тавонанд бо ҳам наздик шаванд ва манофеи иқтисодии онҳо дар авлавият қарор гирад. Аммо набояд фаромӯш кард, ки ин тақсимотро на мардуми маҳаллӣ мехостанд ва онҳо на дар ин фикру андеша буданд. Ин як тарҳи ҳукумати марказии Маскав буд, ки манофеи хешро дар авлавият қарор дода буд. Аз ҷумла, болшевик Турар Ризқулови қазоқ, ки яке аз раҳбарони машҳури он замон буд, соли 1920 дар ҷавоб ба унвони Кумитаи Марказии ҳизби коммунисти Русия тақсимоти Туркистонро хилофи манофеи сиёсӣ ва иқтисодии минтақа шумурд. Болшевики дигар Иосиф Варейкис соли 1924 дар суханронии худ гуфт, ки “беҳтарин гузина барои мардуми Осиёи Миёна як федератсия мебошад ва рӯзгор моро ночор ба ин воқеият мерасонад. Аммо то таъсиси ин федератсия боястӣ давлатҳои миллиро бисозем, то онҳо рӯзе ба ҳам оянд”. Ҳамин тавр бо анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ ва шикаст хӯрдани ҳаракати муқовимат алайҳи Шӯравӣ масъалаи тақсимоти нави Осиёи Миёна дубора матраҳ гардид.
Ҳаракати муқовимати мардумӣ дар кулли Осиёи Миёна нишон дод, ки дар миёни мардуми минтақа ухуввату бародарии динӣ хеле қавӣ мебошад. Агар дар Қуқанд як руҳонӣ даъвате дар заминаи дину имон мекард, он дар Бухорову Тошканд ва Хоразму Фарғона ҳамовозӣ пайдо мекард. Ҳамон тавре, ки оташи ин ҳаракат аз Фарғона шуруъ гашт ва тамоми Осиёи Миёнаро фаро гирифт. Ҳукумати Шӯравӣ ба хулосае расид, ки боястӣ дар ин марзу бум воҳидҳои нави маъмурӣ таъсис дода шавад. Агар бар асоси қавму миллат ин воҳидро таъсиc диҳанд, бо як тир ду нишон зада мешавад. Нахуст ин кишварҳо аз ҳам ҷудо мешаванд ва бо нодуруст тарҳ кардани ин масъала оташе зери хокситари ин минтақа ҳамеша фурӯзон нигоҳ дошта мешавад ва дар сурати зарурӣ онро ҳар замон метавон пуф карду тарҳи низоъ дарандохт. (Ҳамон тавре, ки пири истеъмор Британия дусад сол бар Ҳинд тохту вақте зарурати баромадан аз ин сарзамин фаро расид, бо тақсимоти ғалату ноҷо миёни мардум ҳиндунажод (Ҳиндустону Покистон) дар заминаи динӣ чунон тафриқае эҷод кард, ки бо гузашти 80 сол ҳам оташи фитнааш фурӯзон боқӣ мондааст). Дигар ин ки халқҳои минтақаро барои ҳамеша миннатдор месохт, ки мо ба шумо давлат додем ё мо шуморо сохтем. Тавре ки имрӯзҳо муқаррар ин садо шунида мешавад ва парвардаҳои ин андеша аз миёни миллали ситамдида низ онро тӯтивор такрор мекунанд. Як бор намеандешанд, ки ба тоҷикон дар сарзамине ки 70 пушташон зиндагӣ мекард бо салоҳдиди худ давлати муҳтоҷу ниёзманд бахшид. (Дар таърихнигории Ҳинд ё Чин, ки рӯзгори истеъморро паси сар кардаанд, ҳеч як муаррихи ин кишварҳо инчунин сипоснома иншо намекунад!)
“ТАБАРТАҚСИМ” ВА ПАЁМАДҲОИ ОН
Муҳимтарин рӯйдодҳо дар раванди тақсимоти миллию марзӣ соли 1924 иттифоқ уфтод. Моҳи феврали соли 1924 дар ҷаласаи Кумитаи марказии ҳизбии Бухоро суханоронии Файзулло Хоҷа “дар бораи тақсимоти Осиёи Миёна ба ҷумҳуриҳои миллӣ” шунида шуд. Дар рӯзномаи ин ҷаласа мавзӯи асосӣ тақсими ҷумҳуриҳои Туркистон, Бухоро ва Хоразм ба шумор мерафт. Таъкид шуд, ки фурсате расида, ки ин воҳидҳои маъмурӣ тағйир дода шаванд. Ду масъалае, ки Файзуло Хоҷа матраҳ кард, муҳим буданд. Яке аз он масъалаи туркманҳо буд. Гуфта шуд, ки туркманҳоро “бояд ҷудо кард, зеро ин беҳтарин роҳ аст”. Аммо нагуфт чаро маҳз туркманҳо бояд ҷудо карда шаванд.
Асли кор дар он аст, ки раҳбари муқовимати зидди Шӯравӣ аз миёни туркманҳо Ҷунайдхон пас аз чанд ҷанг бо аскарони сурх соли 1919 бо Ҳукумати Шӯравӣ тарҳи сулҳро роҳандозӣ карда, истиқлолияти Хиваро хостор гашт. Сипас бо шарти воҳиди алоҳида бахшидан ба туркманҳо сулҳи дубора кард. Ҳарчанд неруҳои Ҷунайдхон барои идомаи мубориза кофӣ набуданд, пас аз ҳар ҷанг ӯ талаби нав пешниҳод мекард, ки дар меҳвари он масъалаи туркманҳо ва давлати ояндаи эшон буд. Ин шартгузорӣ ва тафовути ҷидии ҳаёти туркманҳо аз дигарон (қирғизу туркману тоҷик) имкон дод, ки туркманҳо соҳиби нахустин ва бузургтарин воҳиди маъмурии худ дар минтақа шаванд. Бар хилофи Ӯзбекистон, ки мухторияти Тоҷикистонро дар таркиб дошту, қазоқҳову қирғизҳо ки дар таркиби Русия монданд, Туркманистон мисли порчаи яклухт, ки 90% туркманҳои Осиёи Миёнаро фаро мегирифт, ба рӯзгори нав шуруъ кард. Дар ҳайати комиссияи тақсимот, туркманҳо намояндагоне дар сатҳи Файзулло Хоҷаев, Абдулло Раҳимбоев ва ё Турар Ризқулов ҳам надоштанд, ки барои манофеи онҳо пофишорӣ кунад.
Пас метавон ду омилро дар сарнавишти туркманҳо муассир донист. Нахуст муборизаи оммавии туркманҳо таҳти ливои раҳбари ягона Ҷунайд ва пуштибонӣ аз ӯ. (Бар хилофи муборизони тоҷик дар солҳои 20-ум, ки миёнашон иттиҳоду ҳамбастагӣ дида намешуд. На ононе ки ҷонибдори давлати Шӯравӣ буданд ва на мухолифони давлати Шӯравӣ). Дигар вижагии хосси туркманҳо ҳамчун халқи ҷудогона. Яке аз хусусиёти туркманҳо дар давраи асрҳои миёна ва замони нав он буд, ки онҳо аз омезиш бо халқҳои дигар хеле эҳтиёт мекарданд. Ҳатто дар замони пирӯзии муғулҳо сарони қавми туркман ба мардуми хеш тавсия медоданд, ки ба ҳеч ваҷҳ бо муғулҳо омезиш накунанд! Барои мисол, тарзи зиндагии қирғизҳову қазоқҳо чунон баҳам монанд буд, ки русҳо то ибтидои асри ХХ қазоқҳоро қирғиз мегуфтанд ва қирғизҳоро ба хотири фарқ кардан қароқирғиз меномиданд. Ё он ки монандии зиндагии тоҷикону ӯзбекони шаҳрӣ сабаб шуд, ки унсури шаҳрнишинро сарт номанд ва то имрӯз бисёре аз муҳаққиқон дар мансубияти сартҳо ба тоҷикон ё ӯзбекон сарсону мутаҳаййиранд. Туркманҳо дар ибтидои асри ХХ дар ҳудуди давлатҳои Хива, Бухоро, Афғонистон, Эрон ва Ироқ зиндагӣ карда, туркман боқӣ монаданд. Оре, онҳо тавонистанд аз қавму забону мазҳаби худ ба хубӣ дифоъ кунанд. Дар шадидтарин даврони шиасозии Эрон (асрҳои XVI-XVIII) туркманҳо бар мазҳаби суннат боқӣ монданд. Барои ҳамин соли 1924 бо вуҷуди он ки туркманҳо аз ҷиҳати нуфуз камтар аз тоҷикон буданд, вале ҷумҳурии яклухт бо ҳудуди васеътар аз Ӯбекистон насибашон гардид.
Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки дар меҳвари гуфтумони комиссия қарор дошт, асосан воҳаҳои сераҳолӣ ва шаҳрҳои умдаи минтақаро фаро гирифт. Тошканд, ки 50 соли охир маркази маъмурии генерал-губернатории Туркистон буд ва шаҳру воҳаҳои калидие чун Бухоро, Фарғона, Тирмиз ва Хоразм ба таркиби Ӯзбекистон ҳамроҳ гаштанд. Вақте ки тоҷикон ҳам Душанбеву Бухорои Шарқиро барои миллатсозӣ нокифоя дониста, пешниҳод карданд, ки марказашон Самарқанд гардад, соли 1925 саросемавор пойтахти Ӯзбекистонро ба Самарқанд кӯчонданд. Муҳаққиқи ин давра И. Бочкарева бо асноди тақсимоти миллӣ ошно гашта, ба хулосае расида буд, ки “тарҳи асосии ин тақсимот таъсиси Ӯзбекистон буд”. Барои Ҳукумати Шӯравӣ ин тарҳ ҳаётӣ буд. Ду омил дар ин кор муассир буд. Яке он ки таҳсилкардаҳои Осиёи Миёна ба даъватҳои пантуркистон ҳамовоз шуда, дар фикри давлати ягона Туркистон ё Турон буданд ва Ҳукумати Шӯравӣ бо ташкили давлати муқтадире чун Ӯзбекистон онҳоро қонеъ месохт. Дигар ин ки вақте русҳо ба минтақа оманданд, дар ҳар се давлати Бухорову Қуқанду Хива силсилаҳои ӯзбекии манғиту мингу қунғурот ҳукумат мекарданд. Яъне бо ин кор ӯзбекҳо қонеъ мегаштанд, ки комилан аз қудрат барканор нашудаанд ва аз баҳри ормонҳои Турони бузургу Туркияи қудратманд, ки дар ин солҳо хеле ҷонибдор дошт, мебаромаданд.
Соли 1925 ҷумҳурии мухтории Қирғизистон тағйири ном карду ҷумҳурии мухтори Қазоқистон гашт. Соли 1930 ҷумҳурии мухтори Қарақалпоқистонро ба таркиби Қазоқистон доданд ва бими он мерафт, ки Тошканд, ки аҳолии зиёди қазоқ дошту дар домани Қазоқистон ҷойгир буд, пойтахти ин ҷумҳурӣ гардад. Ба хотири ин, соли 1930 пойтахти Ӯзбекистон ба Тошканд интиқол ёфт. Қазоқҳо, ки то он замон русҳо онҳоро қирғиз меномиданд, 50 сол пештар аз дигар халқҳои Осиёи Миёна ба Русия шомил гашта буданд ва дар таркиби Ҷумҳурии Русия воҳидҳои миллии худро ташкил доданд. Пойтахти аввалияи ҷумҳурии мухтори Қазоқистон шаҳри Оренбург, аз дасти онҳо гирифта шуда, ба Русия гузашт ва қазоқҳо дар шаҳри Алмаато, ки то соли 1921 номи Верний дошт, пойтахт сохтанд. Вақте соли 1936 Ҷумҳурии Қазоқистон таъсис ёфт, ҷумҳурии мухтори Қароқалпоқистонро аз он гирифтанду ба Ӯзбекистон доданд. Ҳарчанд қароқалпоқҳо, ки шохаи қипчоқии туркҳо буда, аз нигоҳи фарҳанг ба қазоқҳо шабоҳати бештар доранд ва он аз лиҳози ҷуғрофӣ низ бо Қазоқистон наздик аст. Фикр мекунам, ки бо ин бахшиш Ҳукумати Шӯравӣ баромадани Тоҷикистон аз Ӯзбекистонро ҷуброн кард ва барои рӯзи мабодо Қароқалпоқҳои моил ба қазоқҳоро ба Ӯзбекистон ато кард. Ин тақсимотро ҳамон солҳо муҳаққиқи рус Зеленский хилофи урфу суннати минтақа дониста “табартақсим” номид. Ин ки солҳо дари бойгониҳои комиссияи тақсимот баста буду асноди он махфӣ нигоҳ дошта мешуд ва баъзе аснод ҳатто сӯзонда шуд, ҳикоят аз як кори оҷиливу махфӣ дорад, ки натиҷаҳои он дур аз адолату баробарӣ буданд.
ТОҶИКОН АНДАР ВАТАНИ ХЕШ…
То нимаи дуюми соли 1924 дар комиссияи тақсимот зикре аз тоҷикону ҳаққи онҳо бурда намешуд. Бар асоси дастури Ленин асосан дар бораи ба ду халқ – туркманҳо ва узбекҳо додани ҷумҳурӣ сухан мерафт. Файзулло Хоҷаев сипас дар ҳамон гузориши таърихии худ (феврали соли 1924) ба масъалаи тоҷикҳо низ пардохт. Ӯ перомуни тоҷикон гуфт, ки “тоҷикон парокандаанд ва на сохтори идории мустақил ва на мактабу маориф бо забони худ доранд. Аз ин рӯ онҳоро бояд дар таркиби Ӯзбекистон мухторият дод”. Ду ҳафта қабл аз ин суханронии Файзулло Хоҷаев рӯзномаи “Туркистон” (моҳи январи соли 1924) дар матлабе истифодаи забони тоҷикиро хилофи роҳи зиндагии дуруст номида, қотеъона навишт, ки “раванди таърих муқобили ин забон аст”, яъне забони асри гузашта ва забони амиру забони дину шариат! Ба тоҷикон ҳам тавсия дода шуд, ки аз баҳри ин забон бароянд. Дар ҳоле, ки то соли 1920, яъне то суқути Бухоро, дар беш аз 300 мадрасаи Бухоро таълиму тадрис бо забони тоҷикон ба роҳ монда мешуд. Маҳз Ҳукумати инқилобии Бухоро тоҷиконро аз ҳаққи таълиму тадрис бо забони худ маҳрум кард.
Тавре мушоҳида мешавад, муносибат бо тоҷикон аз оғози тақсимот нобаробару муғризона буд ва маълум мешавад, ки мувофиқи барномаи тарҳрезишуда ин сиёсат пиёда мегашт. Ин кор чанд далел дошт, ки муҳимтарини онҳо чунинанд:
Нахуст ин ки, дар фармони ҷаноби Ленин – муасиси давлати Шӯравӣ ва “доҳӣ”-и коргарони ҷаҳон, тавре мушоҳида кардем, номе аз тоҷикон бурда намешуд. Яъне дар маълумоте, ки раҳбари давлати Шӯравӣ дар даст дошт, чизе дар бораи тоҷикон мавҷуд набуд. Гумон намеравад, ки раҳбари як давлати навпо ва он ҳам марде донишманду харизматике ҳамчун Ленин аз мардуми бумии минтақаи Осиёи Миёна бехабар бошад. (Вақте соли 1910 Шишов китоби захиму муҳимме бо номи “Тоҷикон” менависад!) Ин тарҳ ва тасмими аз қабл андешидашуда бо барномарезии дақиқ ва ҳисобшуда гирифта шудааст. Зеро фарҳанги ғании тоҷикон ва густараи он ки фарохтар аз ҳудуди Тоҷикистону Осиёи Миёна буд, барои истеъмори он рӯз хушоянд набуд. Доманаи арсаи он аз марзи Чин то халиҷи Порс тул мекашид ва мухолиф бо ормони истеъмории он рӯз буд. Набояд фаромӯш кард, ки дар бештари навиштаҳои донишмандони руси солҳои 1880-1914 тоҷиконро ҳамчун посдорандаи фарҳанги мусулмонӣ дар минтақа номидаанд, ки барои давлати Шӯравӣ, ки яке аз барномаҳояш мубориза бо дин буд, чандон ҷолиб набуд. Устод Лоиқ дар асри гузашта, инқилоби Ленину паёмадҳои онро дар як мисраъ чунин баён карда буд:
ДОҲИЁНАТ АЗ ДАҲОИ ТОҶИКОН ОГАҲ НАБУДАНД, ИНҚИЛОБ!
Далели дуюми бесоҳибии тоҷик дар ҷараёни ин тақсимот он буд, ки равшанфикрони туркзабони минтақа, ки аз аҳволи олам бохабар буданд, кишвари Усмониро, ки нисбат ба Осиёи Миёна пешрафтаву қудратманд буд, ба чашми улгуву намуна нигариста, дар симои он як навъ пуштибонро медиданд ва аз турк номидани худ ифтихор ҳам доштанд. Ҷойгузини Усмонӣ, давлати Туркияи ҷадид, ки имсол аз таъсиси он сад сол мегузарад, низ бо Шӯравӣ робитаи наздик дошта, қотеъона равиши секулории давлатдориро интихоб карда буд. Мухолифату ҷанги Туркия бо қудратҳое чун Британияву Фаронсаву Юнони сармоядорӣ Туркияро дар чашми раҳбарони Шӯравӣ низ азиз карда буд. Ҳатто баъзе тоҷикон (намуна Абдулло Раҳимбоев) низ зери таъсири идеяҳои туркгароии ҷавонтуркон қарор мегирифтанд. Тоҷикон, ки на турканду на решаи туркӣ доранд, аз чунин маъману пуштовонае маҳрум буданд. Зеро Эрони ориёинажод худ бо ҳазор мушкил рӯбарӯ буда, соли 1907 байни Англия ва Русия тақсим гардид. Балои дигар тафриқаи мазҳабӣ буд, ки тоҷикони суннимазҳабу эрониёни шиамазҳабро аз ҳам дур ва ҳатто мутанаффир мекард. Ҷанги шиаву суннии соли 1910 дар Бухоро инро ошкор сохт, ки аз ду тараф танҳо форсигӯён куштаву талаф гаштанд.
Далели савум, идомаи ҳаракати муқовимат алайҳи Шӯравӣ дар қаламрави Бухорои Шарқӣ буд, ки ба хотири набудани роҳи оҳан ва мушкилоти рафту омад, идома дошт. Академик Раҳим Масов навиштааст, ки Бухорои Шарқӣ ва Масчо ду ноҳияи асосие буданд, ки болшевикон қарор доданд, вилояти мухтори Тоҷикистон дар ин ҷо бунёд ёбад. Муқовимати Масчо танҳо дар соли 1923 шикаста шуд. Ин ҳолат низ ба рафти тақсимот таъсир мерасонд ва барои мухолифони тоҷик баҳонаи муносиб буд. Ҳатто баъзе тоҷикони ҳайати комиссия ҳамроҳшавии минтақаҳои тоҷикнишини Фарғонаро бо Бухорои Шарқӣ ва Масчоҳ хилофи манофеи иқтисодӣ медонистанд. Манофеи иқтисодӣ бошад, яке аз усулҳои ин тақсимот ба шумор мерафт.
ГИРДИҲАМОӢ ДАР РӮЗИ ЭЪЛОНИ ТАЪСИСИ ҶУМҲУРӢ
Далели чорум бар хилофи қавмҳои дигари минтақа ҷудоиафканӣ ва бегона шумурдани ҳамдигар дар миёни тоҷикон хеле бармало буд. Эҳсоси худшиносии миллӣ дар миёни тоҷикон ниҳоят заиф буд. Мо тоҷикон он рӯз худро ғолибан бо номи шаҳр (самарқандӣ, бухорӣ, уротеппагӣ) ё кӯҳистон (қаротегинӣ, масчоӣ, кӯлобӣ) муаррифӣ мекардем. Вақте сухан аз вожаи барои он рӯз муҳими миллат матраҳ мегашт, худро аз “миллати мусулмон” медонистем. Тафовути тоҷикони шаҳрӣ ва рустоӣ дар шаҳрҳо ошкор буд. Мо инро аз навиштаҳои шарқшиносону сайёҳони рус ва инчунин аз матни осори Аҳмади Дониш, Садри Зиё, Садриддин Айнӣ ва Сотим Улуғзода метавонем мушоҳида кунем. Муҳаммадҷон Шакурӣ дар ёддоштҳои худ навиштааст, ки дар ҷараёни шумори аҳолии Бухоро, вақте болшевикони пантуркист мехостанд мардуми ин шаҳр худро тоҷик нанависанд, ба эшон мегуфтанд, ки “ҷумҳурии Тоҷикистон дар Масчо ва Ғарм бунёд мешавад, ҳар касе мехоҳад тоҷик бошад, бояд биравад ба он маконҳо”. Барои як шаҳрӣ шунидани номи маҳалли куҳистонӣ ва кӯчидан ба он баробар бо нобудӣ буд.
Далели панҷум он буд, ки баъзе равшанфикрони тоҷиктабор (Файзулло Хоҷаев, Абдулло Раҳимбоев) комилан дар ҷабҳаи дигар қарор гирфита, баъзе дигар дар лаҳзаҳои ҳассос мекалавиданд. Яъне бовар надоштанд, ки метавон як ҷумҳурии қавие барои тоҷикон сохту онро муттаҳид кард. Дар миёни онҳо низ аслан чизе бо номи иттиҳоду ҳамбастагӣ вуҷуд надошт. Сиёсати ошкорои зиддитоҷикии он рӯз низ ин ноумедиро дар вуҷуди онҳо афзун месохт.
Дар ҷараёни кори комиссия вақте сухан аз маҳрумияти тоҷикон мерафт, баъзе аз аъзои комисся механдиданду истезҳо мекарданд. Дар суратҷаласаҳое, ки академик Раҳим Масов дар китоби хеш овардааст, ин ошкоро мушоҳида мешавад. Аммо шахси Раҳим Масов низ, ки баркашидаву дастпарвари низоми Шӯравӣ ва аз ҷонибдорони сарсахти он буд, тамоми иштибоҳоту лағзишҳо ва инҳирофи комиссияи тақсимоти марзии соли 1924-ро ё бар дӯши пантуркизм ҳавола мекунад ё ба самти Абдулло Раҳимбоеву Файзулло Хоҷаеву дигар ҳамроҳони он. Ғофил аз он ки инҳо дигар ҳамроҳонашон муҳрае беш набуданд. Зеро ин муҳраҳо бо гузашти як даҳсола ҳама дар осиёби террори сталинӣ маҳв гардиданд. Тақсимоти милливу марзӣ ҳам на пешниҳоди Туркия буду на хоҳиши пантуркизм. Аз оғоз то анҷом ин тарҳ бо ҳимояту раҳнамоии давлати Шӯравӣ ва болшевизм сурат мебаст. Дар ҳар лаҳза ҳам агар мехостанд метавонистанд онро ислоҳу такмил кунанд. Ҳамон тавре ки соли 1954 вилояти Қрими ғолибан руснишину русигӯйро бо як амри Никита Хрушев аз Русия гирифтанду ба Украина доданд, ки 60 сол пас муҷиби як низоъи бузург дар Аврупо гардид.
Як донишманди тоҷик соли гузашта ҳангоми суханронӣ дар ҷаласае афсус мехӯрду бо сад дареғ мегуфт, ки “Иосиф Сталин соли 1953 мурд, вагарна масъалаи мо тоҷиконро ҳаллу фасл мекард”. Яъне ин хушбоварони соддандеш ҳанӯз бовар доранд, ки як нафаре, ки дар сӣ соли қудрати мутлақу томи худ, ишораи бурут ҳам ба ин моҷаро накард, агар умри Хизр медид, шояд ба он масъала бармегашт. Ин ҳам сатҳи таҳлили донишманде, ки сад далелро ба як орзу иваз намекунад.
Ҳанӯз дар замони Шӯравӣ муҳаққиқони масъалаи тақсимот эътироф мекарданд, ки тақсимоти милии Осиёи Миёна на бар асоси ҳузури этникии халқҳо, балки бар пояи масоили идеологӣ ва параметрҳои иқтисодӣ ба роҳ монда шуд, то мақомоти ҳизбӣ ба осонӣ тавонанд онро идора кунанд.
Дарсҳову сабақҳои тақсимоти миллӣ
Ҳамин тавр, то сентябри соли 1924 масъалаи додани ҷумҳурии мухтор ба тоҷикон матраҳ нашуд ва сухан аз таъсиси як вилояти мухтори Тоҷикистон дар миён буду бас. Аз ин марҳила фаъолияти босамару ҷоннисоронаи Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шотемур бештар мегардад, ки додани вилоят ба тоҷиконро ситами бузург шумурда, унвонии Иосиф Сталин номанигорӣ карданд. Танҳо пас аз радду бадалҳои зиёд дар охирин лаҳзаҳо додани ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон матраҳ гардид ва рӯзи 14 октябри соли 1924 қарор дар бораи таъсиси ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон дар таркиби Ҷумҳурии шӯравии Ӯзбекистон тасвиб гардид. Ин рӯз рӯзи таърихиву фаромушнашуданӣ барои тоҷикон аст. Яъне то мубориза нашуд, чизе ба даст наёмад.
Дар соли 1924 Тоҷикистон аз 8 вилоят иборат буд. Инҳо вилоятҳои Ӯротеппа (аз 6 туман иборат буд: 1. Ӯротеппа, Масчо, Ғончӣ, Басманда, Шаҳристон, Далён); 2. Панҷакат (Панҷакат, Офтобрӯя, Искандаркул, Киштут, Моғиён, Фалғар); 3. Душанбе (Душанбе, Ҳисор, Ёвон, Янгибозор, Файзобод). 4. Сари Осиё (Регар, Қаротоғ); 5. Қурғонтеппа (Қурғонтеппа, Саройкамар, Қубодиён, Ҷиликӯл); 6. Ғарм (Ғарм, Ҳоит, Қалъаи Хумб, Оби Гарм, Дарвоз, Ванҷ); 7. Кӯлоб (Кӯлоб, Муъминобод, Ховарлинг, Балҷувон) буданд. Соли 1925 Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон дар ҳайати шаш туман (Помир, Вахон, Ишкошим, Шуғнон, Бартанг, Рушон) низ ба Ҷумҳурии мухтори Шӯравии Тоҷикистон ҳамроҳ карда шуд.
Пойтахти ҷумҳурии халқи тоҷик, халқе, ки ба қавли Бозор Собир “халқ карда буд сад халқ” ва тули таърих сад шаҳр ҳам сохта буд, деҳаи Душанбе муқаррар гардид. Нақши пойтахти як кишвар дар идораи дурусти мамлакат, бунёди иқтисоди тавоно, фарҳангу тамаддуни фарогир ва ҷойгоҳи муносиби низомӣ бағоят бузург аст. Баъзе кишварҳоро дар таърихи гузашта бо номи пойтахти он мехонданд, ки гувоҳи нақши муассири пойтахт дар сарнавишти миллат ва давлат аст, назири шаҳри Рум, ки номи як империя гардид. Ё Бухоро, ки номи давлати дусадсоли охири тоҷикони Вароруд буд. Душанбе аз лиҳзози таърихӣ ҳатто дар минтақаи Бухорои Шарқӣ мақоми аввалро соҳиб набуд ва дар канори Ҳисори Шодмон қарор дошт. Шарти дигари пойтахт гаштани як шаҳр (на деҳа) он буд, ки аз нигоҳи интеллектуалӣ боястӣ бо шаҳрҳои дигари як қаламрав рақобат кунад. Душанбе мақоми мумтози иқтисодӣ низ надошт. Ва муҳимтар аз инҳо, пойтахти баъзе кишварҳо аз нигоҳи нуфузи мардум низ мақоми бартарро дорад ва аз чоряк то сеяк ва гоҳе нисфи аҳолӣ дар он иқомат мекунад. Агар ба осори таърихиву адабии тоҷик назар афканем мебинем, ки Душанбе дар осори гузаштагони мо бо Самарқанду Бухорову Балху Нишопур он тараф, ҳатто ба андозаи Ҳисору Кӯлобу Дарвозу Масчо ҳам зикр нашудааст. Акнун дар деҳаи дуруфтодаи бесаноату фараҳанги умумимиллии шаҳрӣ тоҷик бояд миллат мегашту давлат месохт. Деҳае, ки дар ҳошияи шаҳрҳои азим қарор дошту муҳтоҷ ба муаррифӣ дошт. Пайдост аз ин миён чӣ хоҳад бархост!
Бо вуҷуди ҳамаи ноадолатиҳое, ки дар ҷараёни тақсимоти милливу марзии соли 1924 нисбат ба тоҷикон раво дида шуд, ин ҳодисаи таърихиву азим барои ҳамеша дар таърихи тоҷикон сабт ёфт. Аммо муҳимтарин паёмадҳову сабақҳои ин тақсимот инҳоянд:
1.Таъсиси давлат ба номи халқ, яъне Тоҷикистон барои нахустин бор дар таърих иттифоқ уфтод. Халқи мо то ин дам давлатҳое дошт, ки бо номи силсилаҳои ҳукуматгар (ҳахоманишӣ, сосонӣ, сомонӣ) зикр мегаштанд ё бо номи вилояту шаҳри хосс (ҳамчун давлати Ғуриёну иморати Бухорову хонии Қуқанд). Ин ҷо номи қавм матраҳ гардид, ки таҳаввули аҷибу азимеро ба дунбол эҷод кард.
- Вақте барои ТОҶИК будан ва бар асоси ҳамин миллият моро давлат додаанд, агар роҳи саодату растагории ҳамин миллатро мехоҳем, боястӣ ҳамин аслро тақвият намоем, такмил созем ва дар тасмимоти давлатдорӣ танҳо ҳамин тоҷикиятро милоки тасмимгирӣ қарор диҳем, то дар сафи миллатҳои сарфарозу тавоно қарор гирем;
- Тоҷикон ҳарчанд ба кундиву оромӣ сӯйи миллат шудан мешитофтанд, таъсиси Тоҷикистон оғози худшиносии мо тоҷикон гардид. То ин дам мо танҳо худро ба номи шаҳру деҳот ё зодгоҳи кӯчаки худ меномидем ва Тоҷикистон моро ТОҶИК гардонд, ҳуввияи нав ва бунёдиву асосӣ бахшид. Бунёди ҳамин Тоҷикистон буд, ки мардуми қаҳрамони Конибодомро илҳом бахшид ва эшон соли 1925 он корномаи рангину ҷовидониро офариданду каме дертар ҷумҳурии мухтор ба ҷумҳурии шӯравӣ табдил ёфт;
- Тақсимот муҳимтарин конунҳои илмиву фарҳангӣ ва худшиносиву боландагии тоҷиконро аз мо рабуд. Оре, ҳамин тақсимот муҷиби таъсиси воҳиди сиёсиву маъмурие бо номи Тоҷикистон гардид, вале ҳамон тавре ки Фаронсаро бе Париж, Русияро бе Санкт-Петербургу Москав, Италияро бе Рум, Чинро бе Пекин намешавад тасаввур кард, давлати тоҷикро низ бе пойтахтҳои ҳазорсолааш Самарқанду Бухоро тасаввур кардан номумкин буд. Ин ҳолат яке аз сабабҳои кундии раванди миллатсозӣ дар миёни тоҷикон гардид.
- Ҳарчанд бо душворӣ, аммо дар Тоҷикистони Шӯравӣ миллате бо номи тоҷик сохта шуд, ки ҳам давлат дошт (ҳарчанд мутеъ), ҳам нишону парчаму суруди миллӣ. Ҳамин Тоҷикистон аз як муллои мадрасахоне чун домулло Садриддини Айнӣ, ки то соли 1924 танҳо барои ислоҳи мактабу маориф низоми идории иморати Бухоро талош мекард, шахсияти миллӣ ва доҳии миллатпараст сохт. Ин миллатро низ минбаъд шахсиятҳои бузургу фидокор, ки парвардаи мактаби миллатсозии устод Айнӣ буданд, сохтанд.
- Вуҷуди Тоҷикистон дар асри ХХ тоҷикони он сӯйи Омӯйро низ умед бахшида ва барои имрӯзу фардо низ умедвор мекунад. Зери таъсири Тоҷикистон, матбуоту радиои Тоҷикистон, эҷоди аҳли илму ҳунари он дар солҳои Шӯравӣ, тоҷикони Хуросон бедор гаштанду нахустин қадамҳои худро дар масири тоҷик шудану тоҷик будан гузоштанд. Имрӯз ҳам Тоҷикистон хонаи умеду орзуи тоҷикони дигар аст;
- Як халқ, ки даъвои ҳастӣ мекунаду иддиои давлатдорӣ, набояд дар таъйини сарнавишти худ умед ба бегона кунад, бегонаро дар сарнавишти худ дахилу тасмимгир бисозад, ба умеди бегона бизиҳад. Боястӣ равшанфикрону нухбагони ин халқ бар пояи манофеи дарозмуддати миллӣ ҳамеша суду зиёни хешро донанду арзёбӣ кунанд, давлатро тақвият созанд, мардумро раҳнамоӣ кунанд, номи давлату миллат ҷузви арзишҳои зиндагии онҳо гардад. Равшанфикроне, ки пойбанди ягон қудрати хориҷӣ набошанд ва танҳо ба ин мардуму ин сарзамини вобаста бошанд.
- Вуҷуди як Тоҷикистон барои давлати Шӯравии он рӯз низ зарур буд, дар ғайри ин сурат тамоми минтақаи Осиёи Миёна, бо таъсиси ҷумҳуриҳои туркзабон дар замоне ки ҳаракати пантуркизм хеле авҷ гирифтаву паҳн мегашт, метавонист барои Шӯравӣ мушкилсоз гардад. Зеро дар солҳои 20-уми асри гузашта ва сад сол баъд, яъне имрӯз низ идеяи таъсиси як давлат ё иттиҳодияи туркзабонҳои Осиёи Миёна аз байн нарафтааст. Гузаштан ба хатти лотинӣ ва тарк кардани ҳавзаи алифбои русии кириллӣ аз ҷониби Туркманистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва дар оянда Қирғизистон гоме дар ин масир аст.
- Ҳамчун мардуми намакшинос хидмати давлати Шӯравӣ дар таъсиси ҷумҳурии кӯчаку вобаста ба давлати Шӯравиро, ки заминаи истиқлоли имрӯзаи мо гашта, қадр медонем, вале ин маънои онро надорад, ки хатову каҷравиҳои он давлатро нодида гирему чизе нагӯем. Ин тазаккур дар шароити феълии равандҳои хатарноки ҷаҳонӣ ва минтақавӣ барои мо тоҷикон зарур аст. Ҳар тоҷике, ки аз ин саҳифаҳои душвори давлатсозӣ огоҳ гардад, ба қадри доштани давлат мерасад ва барои ягонагии миллӣ, ки аз шартҳои асосии ҳастии милат аст, талоши бештар мекунад. Ғараз аз тазаккур низ огоҳии ҷавонони миллат аст, на эҷоди бадбиниву хусумат, он ҳам ба давлате, ки акнун ҷузви таърих шуда ва фурӯпошии он низ натиҷаи сиёсатҳои нодурусти миллӣ ва фарҳангии сардармдоррони он низом будааст. Ҳамон тавре ки тоҷикон дар таъсиси давлати Шӯравӣ ҳеч саҳме надоштанд, дар фурӯпошии он низ нақше надоштаанд.
- Агар соли 1924 ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон таъсис намеёфт, мо дар соли 1929 соҳиби ҷумҳурии мустақил намегаштем ва агар соли 1929 намебуд, мо соли 1991 на истиқлол доштему на Тоҷикистон. Соли 1924, ки мо дар остонаи садумин солгарди он ҳастем, соли таърихиву саъид ва соли орзуву умедҳои миллати тоҷик гардид. Соле, ки ба қарнҳо баробар буд. Зеро Тоҷикистонеро сохт, ки аз умеди рафтагони мо нишона аст!
Муаллиф: Сайфуллоҳи Муллоҷон, доктори илмҳои таърих
Қаламонлайн