Талафоти воқеии Исроил дар ҷанги 2-солаи Ғазза

Таҳлили хабарӣ

Талафоти воқеии Исроил дар ҷанги 2-солаи Ғазза

Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ

Лутфан гӯл нахӯрем!

Дар робита бо ҷанги 2 солаи Ғазза, расона, ки дар ҷаҳон бештар дасти саҳюнистҳо ва ё дар ихтиёри вобастагон ба онҳост – ва ҳатто шабакаҳои иҷтимоӣ – онҳо дар ин 2 сол, пайваста рӯйи Ғазза тамаркуз доштанд ва гӯӣ дар ин ҷанг, ҷиҳате, ки зарару зиён дида ин Ғазза аст ва аз Исроил тақрибан хабаре нест ва гӯӣ ҳама чиз дар он ҷо “гулу булбул” аст.

Дар ҳоле, ки зарару зиёне, ки саҳюнистҳо дар ин 2 сол диданд, агар нагӯем бештар, лоақал камтар аз зарару зиёни фаластиниҳо ва Меҳвари Муқовимат нест.

7-8 рӯз аст, ки баъзе расонаҳои то ҳадде бетараф дар Исроил (махсусан Ҳоаретс), гузоришҳое аз паёмадҳои ин ҷанг барои Исроил ва афсарон ва низомиёнаш ва зарару зиёнҳое, ки зерсохтҳои Исроил дида ва харобаҳое, ки ин ҷанг ба бор оварда нашр мекунанд. Вақте мехонед, ҳушатон аз саратон мепарад!

Фурсат надорам, яко-яки онҳоро нақл кунам, аммо ба сурати хеле-хеле кӯтоҳ арз мекунам: Исроил на танҳо зерсохтояш, балки ҷомеа ва одамҳояш доғун шудаанд, хонахароб шудаанд. Тибқи навиштаи Ҳоаретс, наздик ба 1500 нафар афсаронаш кушта шудаанд, ҳудуди 20 ҳазор нерӯи артиш маҷрӯҳ ва захмӣ шудаанд, ки бештари онҳо дасту пойи худро аз даст додаанд. Афсарон ва ниёзомиёни исроилӣ бисёриашон равонӣ шудаанд ва ба додгоҳ аз болои мақомоташон шикоят кардаанд. Бар асоси навиштаи Ҳоаретс, муддате дигар дар Исроил муҳокимаҳо оғоз хоҳад шуд, ки сари бисёре аз онҳоро хусусан Натонёҳу ва давру бариҳояшро хоҳад хӯрд.

Бар асоси гузориши ин рӯзномаи исроилӣ, дар ҳоли ҳозир, Тромп ва атрофиёнаш танҳо дағдағаашон, наҷоти Натонёҳу ва баъзе женеролҳои вобаста ба ӯ, аз маҳкама будааст. Ин рӯзнома менависад, Тромп ҳатто додгоҳи Лоҳаро таҳрим кардааст. (Намедонам, ин хабар саҳеҳ аст ё нест, ман аз Ҳоартес нақл мекунам.)

Ҳоаретс менависад, муҳимтарин пойгоҳҳои низомӣ дар Исроил ва ҳатто баъзе аз бункерҳои низомиаш, тавассути Эрон мавриди ҳамла қарор гирифта ва баъзе ба хок яксон шудааст. Ин рӯзнома менависад, муқовимати Фаластин, бавежа Қассом, дар тӯли 2 соли ҷанг бештари тонкҳо ва зиреҳҳои артиши Исроилро “аз кор андохта” будаанд. Омрико дар соли ҷорӣ ваъда дода будааст, ки Исроилро аз назари тонк ва зиреҳ таъмин хоҳад кард.

Хулоса, ҳамаи инҳо дар ҳоле аст, ки расонаҳои ҷаҳонӣ кучактарин хабаре аз онҳо надодаанд ва аз тарафи лоббиҳои саҳюнистӣ зери шадидтарин сонсур қарор доранд.

Бинобар ин, ин оташбасе, ки ахиран сурат гирифт ва Омрико дар он санги тамом гузошт, ҳамаи ин барои наҷоти Исроил буд.

Ҳамос аммо бо ин ҳама талафот, вале ҳанӯз пойбарҷост ва Омрико ночор шуд бигӯяд, феълан бош! Аммо Омрико нақша дорад. Он чиро, ки бо силоҳ натавонист ба он ноил шавад, ҳоло бо сиёсат мехоҳад ба он ноил шавад.

Аммо кӯр хондааст! Аввалин нақшае, ки кашида буд ва нақшааш бар об шуд, ин даъвати Эрон ба Шармушшайх буд, то нишон диҳад, Эрон мувофиқи ин бозӣ аст.

Дар бақияи нақшаҳояш ҳам шикаст хоҳад хӯрд.

Бинобар ин гӯли ин ҳаёҳуи расонаиро нахӯрем. Режими Исроил то чанд соли дигар суқут хоҳад кард, иншоаллоҳ!

Сайидюнуси Истаравшанӣ

qalamonline.net

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ишқи ҳидоятгар
Оташбаси Ғазза амнияти хабарнигоронро таъмин накард

Матолиби пурбоздид