Тасмими Ирланд, Нурвеж ва Испониё барои ба расмият шинохтани кишвари Фаластин

Тасмими Ирланд, Нурвеж ва Испониё барои ба расмият шинохтани кишвари Фаластин

Тасмими Ирланд, Нурвеж (Норвегия) ва Испониё барои ба расмият шинохтани кишвари Фаластин

 Режими Исроил сафиронаш дар ин кишварҳоро фаро хонд

Ахбори байналмилал

Хабаргузории Рейтер гузориш дод, нахуствазири Нурвеж бо таъйиди гузоришҳои қаблӣ, гуфт, ки Осло аз 28-май кишвари Фаластинро ба расмият хоҳад шинохт.

Пештар нашрияи Политика ба нақл аз як мақоми ирландӣ гузориш дод, ки ин кишвар дар иқдоме, бо ду давлати аврқпоии дигар, расман Фаластинро ба унвони як кишвар ба расмият хоҳанд шинохт.

Гуфта мешавад, кишвари севвум Испониёст, ки рӯзи чоршанбе ба Ирланд ва Нурвеж дар ин тасмим пайваст.

Дар гузоришоти расмӣ омадааст, беш аз 140 кишвар аз 193 узви СММ кишвари Фаластинро ба расмият шинохтаанд.

Ба гузориши расонаҳои исроилӣ, баъд аз тасмими Ирланд ва Нурвеж мабнӣ бар ба расмият шинохтани кишвари Фаластин, вазири хориҷаи Исроил дастур додааст, суфарои Тел-Авив дар ин ду кишвари аврупоӣ ба суръат барои ройзанӣ бозгарданд.

Farsnews

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Наврӯз дар Ироқ ба унвони иди миллӣ таҷлил мешавад
Як хабарнигори англис: “Расонаҳои ғарбӣ дар бораи номаҳбуб будани Раисӣ дурӯғ гуфтаанд”

Матолиби пурбоздид