Татбиқсозии Қонуни Забон
Танз аз Абдурауф Муродӣ
Садои занги телефон пинаки сарвари мактабро халалдор кард. Ӯ ҳаросон гӯширо бардошта, паиҳам «лаббай, лаббай»гуфт.
Мудири шӯъбаи маориф фармон медод: Ба татбиқи Қонуни забон диққат дихед. Ба наздики дастаи махсуси вазорат аз ин чиҳат кори мактабҳои ноҳияамонро месанчад. Амалро беҳтараш аз мураттабсозии нақшаи махсус огоз намоед. Корро кашол надода дар ду-се рӯз Қонуни забонро ба амал татбиқ кунеду монед…
Сарвари мактаб гӯширо гузоштан баробар саросемавор аз ғалладони мизаш чанд варақеро гирифта, чизе навиштан хост, аммо ҳарчанд зӯр мезад ҳеч илҳомаш намеомад. Котибаро фармуд, то чои талх оварад. Чой ҳам мадад накард. Бо амри ӯ котиба ҷонишинашро даъват кард. Сарвари мактаб чонишинашро аз вокеа огох намуд ва ҳарду ба фикр гӯтавар гаштанд. То нисфи шаб ҳамкорӣ намуда, ниҳоят нақшаи татбики Қонуни забонро дар мактаб мураттаб сохтанд ва як нусхаи онро худи ҳамон шаб ба девори мактаб овехта, гӯë поракӯҳи азимеро талкон карда ва ё куллаи осмонбӯсеро фатҳ намуда бошанд, як чуқур «уф-ф-ф» гуфта, сони хушҳолона ҳамдигарро сахт ба оғӯш гирифтанд бозингарони аз майдон ғолиб баромадагӣ барин. Инак, накшаи мазкур:
ПИЛАНИ
мероприятиҳо барои иҷорои Қонуни забон
- Бо гапи адабӣ абиспечит кардани ҳамаи маълимои мактаб,
- Виговор додан ба онҳое, ки забони тоҷикиро бо забонҳои дигар аралаш мекунанд…
- Гузаронидани пиразники забон ва дигар мероприятиҳо.
- Пастаяни зӯр ва чотка гузаронидани дарсҳои забон ва адабиёт.
- Дар теппи дари мактаб овехтани лозунги «Саломи шӯълавар ва Қонуни забони точики!»
- Културни римонт кардани кабинети забон ва адабиёт.
- Бо кино, нагладной пособия абиспечит кардани маълумоти забону адабиёт.
- Буровардани расписани барои дарсҳои дапалнителни аз за- бону адабиёт.
- Бо китобҳои тоҷикӣ пур кардани полкаҳои библиотекаи мактаб.
- Бо учебникҳои забону адабиёт абеспечит кардани хонанда- гони ҳамаи классҳо.
11.Аз ҳисоби учаскаи таҷрибавии мактаб ҷудо кардани 50 банди алаф ба говҳои маълимони забону адабиёт.
- Буровардани газиту фотомантажҳо, уголокҳо дар таърифи забону адабиёт ва Қонуни забон.
- Гузаронидани субботник бо максади думчамонӣ ба ҳарфҳои х, ч,ҷ ва к-и варақаҳои чопи мошинкаи мактаб.
- Ҳар саҳар гузаронидани питиминутка бо маълимои забону адабиёт
- Кантарол аз балои беашибка будани ҳамаи да- кументои мактаб.
Директори мактаб:Джамол Норкаллаюф.
Абдурауф Муродӣ
Қаламонлайн