Ташнае, ки машки обаш ба дӯш буд

Таърих

Ташнае, ки машки обаш ба дӯш буд

Охирҳои тобистон буд ва гармо бедод мекард. Хушксолӣ ва гаронӣ аҳли Мадинаро ба сутуҳ оварда буд. Фасли чидани хурмо буд. Мардум тоза мехостанд нафаси роҳате бикашанд, ки Расули Акрам (с) ба мӯҷиби хабарҳои ваҳшатноке – мабнӣ бар ин ки мусалмонон аз ҷониби шимоли шарқӣ аз тарафи румиҳо мавриди таҳдид ҳастанд — фармони басиҷи умумӣ дод. Мардум аз як хушксолӣ гузашта буданд ва мехостанд аз меваҳои тоза истифода кунанд. Раҳо кардани мева ва соя баъд аз он хушксолӣ ва дар он гармои кушанда ва роҳи дарози Мадина ба Шомро пеш гирифтан, кори осоне набуд. Замина барои коршикании мунофиқин комилан фароҳам шуд.

Вале на он гармо ва на он хушксолӣ ва на коршиканиҳои мунофиқон, ҳеч кадом натавонист монеъи фароҳам омадан ва ҳаракат кардани як сипоҳи чанд ҳазор нафарӣ барои муқобила бо ҳамлаи эҳтимолии румиён бишавад.

Роҳи саҳроро пеш гирифтанд ва офтоб бар сарашон оташ меборид. Маркабу озуқа ба ҳадди кофӣ набуд. Хатари камбуди озуқа ва васила ва шиддати гармо, камтар аз хатари душман набуд.

Баъзе аз сустимонон дар байни роҳ пушаймон шуданд. Ногаҳон марде ба номи Каъб ибни Молик баргашт ва роҳи Мадинаро пеш гирифт. Асҳоб ба Расули Худо гуфтанд:

— Эй Расули Худо! Каъб ибни Молик баргашт.

Ҳазрат фармуд:

— Эроде надорад, агар дар ӯ хайре бошад, Худованд ба зудӣ ӯро ба шумо бархоҳад гардонд, ва агар нест, Худованд шуморо аз шарри ӯ осуда кардааст.

Тӯле накашид, ки асҳоб гуфтанд:

— Эй Расули Худо! Марора ибни Рабиъ низ баргашт.

Расули Акрам фармуд:

— Эроде надорад, агар дар ӯ хайре бошад, Худованд ба зудӣ ӯро ба шумо бармегардонад, ва агар набошад, Худованд шуморо аз шарри ӯ осуда кардааст.

Муддате нагузашт, ки боз асҳоб гуфтанд:

— Эй Расули Худо! Ҳилол ибни Умайя ҳам баргашт.

Расули Акрам ҳамон ҷумларо, ки дар мавриди он ду нафар гуфта буданд, такрор карданд.

Дар ин байн, шутури Абӯзар, ки ҳамроҳи қофила меомад, аз рафтан бозмонд. Абӯзар ҳар чӣ кӯшиш кард, ки худро ба қофила бирасонад, муяссар нашуд. Ногаҳон асҳоб мутаваҷҷеҳ шуданд, ки Абӯзар ҳам ақиб кашида, гуфтанд:

— Эй Расули Худо! Абӯзар ҳам баргашт.

Боз ҳам Расули Акрам бо хунсардӣ фармуд:

— Эроде надорад, агар дар ӯ хайре бошад, Худо ӯро ба шумо мулҳақ месозад, ва агар хайре дар ӯ нест, Худо шуморо аз шарри ӯ осуда кардааст.

Абӯзар ҳар чӣ кӯшиш кард ва ба шутураш фишор овард, ки ӯро ба қофила бирасонад, мумкин нашуд. Аз шутур пиёда шуд ва борҳоро ба дӯш гирифт ва пиёда ба роҳ афтод. Офтоб ба шиддат бар сари Абӯзар метобид. Аз ташнагӣ леҳ-леҳ мезад. Худашро аз ёд бурда буд ва ҳадафе ҷуз расидан ба Пайғамбар ва мулҳақ шудан ба ёрон намешинохт. Ҳамон тавр, ки мерафт, дар гӯшае аз осмон абре дид ва чунин менамуд, ки дар он самт бороне омадааст. Роҳи худро ба он тараф каҷ кард. Ба санге бархӯрд кард, ки миқдори каме оби борон дар он ҷо ҷамъ шуда буд. Андаке аз он чашид ва аз ошомидани комили он сарфи назар кард, зеро ба хотираш расид беҳтар аст ин обро бо худ бибарам ва ба Пайғамбар бирасонам, накунад он ҳазрат ташна бошад ва обе надошта бошад, ки биёшомад. Обҳоро дар машке, ки ҳамроҳ дошт рехт ва бо соири борҳое, ки дошт ба дӯш кашид. Бо ҷигари сӯзон пастиҳо ва баландиҳои заминро зери по мегузошт, то аз дур чашмаш ба сиёҳии сипоҳи мусалмонон афтод; қалбаш аз хушҳолӣ тапид ва ба суръати худ афзуд.

Аз он тараф низ яке аз сипоҳиёни ислом аз дур чашмаш ба як сиёҳӣ афтод, ки ба сӯи онҳо пеш меомад.

Ба Расули Акрам арз кард:

— Эй Расули Худо! Мисли ин ки марде аз дур ба тарафи мо меояд.

Расули Акрам фармуд:

— Чӣ хуб аст Абӯзар бошад.

Сиёҳӣ наздиктар расид, марде фарёд кард:

— Ба Худо, худаш аст, Абӯзар аст!

Расули Акрам фармуд:

— Худованд Абӯзарро биёмурзад, танҳо зист мекунад, танҳо мемирад, танҳо маҳшур мешавад.

Расули Акрам Абӯзарро истиқбол кард, лавозимро аз пушти ӯ гирифт ва ба замин гузошт. Абӯзар аз хастагӣ ва ташнагӣ беҳол ба замин афтод.

Расули Акрам фармуд:

— Об ҳозир кунед ва ба Абӯзар бидиҳед, ки хеле ташна аст.

Абӯзар гуфт:

— Об ҳамроҳи ман ҳаст.

— Об ҳамроҳ доштӣ ва наёшомидӣ?

— Оре, падару модарам ба қурбонат, ба санге бархӯрдам дидам оби сарду гуворое аст. Андаке чашидам, бо худ гуфтам аз он намеошомам, то ҳабибам Расули Худо аз он биёшомад.

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Абӯзари Ғифорӣ”)

 

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Лагад ба афтода
Саргузашти босмачиҳо – 2

Матолиби пурбоздид