Таъкиди Кунгураи Миллии Арабӣ бар нобудии Исроил

Таъкиди Кунгураи Миллии Арабӣ бар нобудии Исроил

Ахбори байналмилал

Кунгураи Миллии Арабӣ дар поёни нишасти худ дарБейрут, баргузинаи муқовимат ба унвони гузинаи аслии дифоъ аз уммати исломӣ таъкид кард.

Бахши хабарии Қаламонлайн: Кунгураи Миллии Арабӣ дар баёнияи поёнии худ таъкид кард, ки муқовимат гузинаи аслии дифоъ аз уммати исломӣ аст.

Бейрут аз рӯзи якшанбе ба муддати ду рӯз мизбони сию дуввумин давраи Иҷлоси солонаи Кунгураи Миллии Арабӣ буд.

Дар баёнияи поёнии ин иҷлос омадааст Кунгураи Миллии Арабӣ аз оштиҳои суратгирифта дар минтақа бавижа азсаргирии равобит байни Арабистони Саъудӣ ва Эрон ва наздикии равобити кишварҳои арабӣ бо Сурия қадрдонӣ мекунад.

Бинобаргузориши шабакаи Ал-Маёдин, дар баёнияи мазкур бар гузинаи муқовимат ба унвони гузинаи аслӣ дар минтақа ва муодилот таъкид шуда ва омадааст, ки муҷовимат аз роҳбурди жифоӣ ба роҳбурди ҳуҷумӣ тағйир пайдо кардааст.

Кунгураи Миллии Арабӣ ҳамчунин муқовимати Фаластин ва ифои нақши Алҷазоир дар ҳимоят аз Фаластин ва муқобила бо нуфузи Исроил дар Африқоро сутуд.

Дар баёнияи мазкур бар ташкили ҷабҳаи ҷаҳонӣ ҷиҳати ҳамкории иқтисодӣ ба нафъи манофеи кишварҳои арабӣ таъкид шуда ва ҳамчунин омадааст: “Ваҳдати арабӣ ҳадафи роҳбурдӣ аст ва бояд Исроил решакан шавад ва ҳимояти минтақа дар баробари дахолатҳои хориҷӣ зарурӣ аст”.

Бахши хабарии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Суҳравардӣ кист ва “Ҳикмати Ишроқ” чист?
Фалсафаи Ишроқ

Матолиби пурбоздид