Таъкиди Оятуллоҳ Хоманаӣ дар мавриди пайгирии авомили оташсӯзӣ дар Бандар-Аббос
Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Ҳар гуна саҳлангорӣ ё тааммуд дар ҳодисаи бандари шаҳид Раҷоӣ пайгирӣ шавад”
Байналмилал
farsnews
Ба гузориши хабаргузории Форс
Дар пайи ҳодисаи дардноки оташсӯзӣ дар бандари шаҳид Раҷоии Бандар-Аббос, Оятуллоҳ Хоманаӣ дар паёме, зимни таслият ба хонаводаҳои мусибатзада, масъулони амниятӣ ва қазоиро муваззаф кард, ки ҳар гуна саҳлангорӣ ё тааммуд дар ин ҳодисаро ба таври комил баррасӣ ва кашф карда ва бар тибқи муқаррарот пайгирӣ намоянд.
Матни паёми Оятуллоҳ Хоманаӣ ба шарҳи зер аст:
Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим
Инно лиллоҳ ва инно илайҳи роҷиун
Ҳодисаи дардноки оташсӯзӣ дар бандари шаҳид Раҷоӣ мӯҷиби андӯҳ ва нигаронист. Масъулони амниятӣ ва қазоӣ муваззафанд бо баррасии комил, ҳар гуна саҳлангорӣ ё тааммудро кашф ва бар тибқи муқаррарот пайгирӣ кунанд.
Ҳамаи масъулон бояд худро дар пешгирӣ аз ҳаводиси талх ва хасоратбор муваззаф бидонанд.
Инҷониб раҳмату мағфирати илоҳӣ барои ҷонбохтагон ва сабру сакина барои хонаводаҳои мусибатзадаи онон ва шифои оҷил барои осебдидагони ин ҳодисаи талх масъалат мекунам ва аз мардумони пургузаште, ки дар лаҳзаи ниёз омодаи хун додан ба масдумон шуданд, самимона ташаккур мекунам.
Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳ
Сайидалӣ Хоманаӣ
7 урдибиҳишти 1404 (27 апрели 2025)
Farsnews
Қаламонлайн