Таъсири ҷараёни гардишгарӣ бар тақвияти равобити Эрон ва Осиёи Марказӣ

Таҳлили хабарӣ

Таъсири ҷараёни гардишгарӣ бар тақвияти равобити Эрон ва Осиёи Марказӣ

Алии Сонеӣ – пажуҳишгари ҳавзаи фарҳангии Эрон ва Осиёи Марказӣ

Имрӯза санъати туризм ва гардишгарӣ ба яке аз муҳимтарин фаъолиятҳои кишварҳо табдил шудааст, ки метавон онро аз ҷиҳоти мухталиф мавриди баррасӣ қарор дод. Ба таври мисол, аз дидгоҳи иқтисодӣ боиси равнақи машоғил ва касбу корҳо ва вуруди сармоя шудааст, аз дидгоҳи фарҳангӣ ва иҷтимоӣ боиси таомул, пайванд ва наздик шудани фарҳангҳо мешавад ва аз дидгоҳи сиёсӣ, омили барқарории равобити хуб миёни кишварҳост. Ҳавзаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба далели муштаракоти фарҳангӣ, торихӣ ва тамаддунӣ аз дер боз мавриди таваҷҷуҳи Эрон буда ва аз ҳайси гардишгарӣ дорои аҳамияти бисёре аст. Бо ин ҳол, ҷараёни гардишгарӣ он тавр ки мунтабиқ бар ин зарфиятҳо бошад, то кунун шакл нагирифтааст. Аз ин манзар, дар ин гузориш нақши санъати гардишгарӣ бар тақвияти равобити Эрон ва Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

 

Вазъияти кунунии ҷараёни гардишгарӣ байни Эрон ва Осиёи Марказӣ

Ҳар ду минтақа, Эрон ва Осиёи Марказӣ дорои зарфиятҳо ва потенсиалҳои гуногуни гардишгарӣ дар заминаҳои торихӣ, тафреҳӣ, фарҳангӣ, табиӣ, пизишкӣ ва ғайра ҳастанд ва барои баҳрамандии бештар аз мавоҳиби санъати гардишгарӣ ба дунболи тавсиаи зерсохтҳои худ ва таблиғот барои ҷазби гардишгарони бештар ҳастанд. Аммо тамаркузи ҳар кадом аз ин кишварҳо барои ҷазби гардишгарон мутафовит аст. Ба таври мисол, Қирғизистон ва Қазоқистон бештар рӯи ҷазби гардишгар дар ҳавзаи экотурзим ё табиатгардӣ тамаркуз кардаанд ва дар Узбекистон ва Тоҷикистон, ҳавзаи гардишгарии торихӣ ва фарҳангӣ мавриди таваҷҷуҳ аст.

Аммо ба назар мерасад, ки гардишгарони эронӣ ҳануз бо зарфиятҳои гардишгарӣ дар ҳавзаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ошно нестанд ва аз ҷозибаҳо ва имконоти гардишгарии ин кишварҳо бехабар ҳастанд ва ба ҳамин далел, барои сафарҳое бо аҳдофи гардишгарӣ, ҷазби ҳавзаҳо ва кишварҳои баъзан мутахосим ва ё дорои тазоди манофеи миллӣ бо Эрон мешаванд. Нуктаи муҳимми дигар ин аст, ки оё ҳавзаи гардишгарӣ ва санъати туризм дар тавсиаи равобит миёни Эрон ва кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ таъсире хоҳад гузошт ё на?

Бештари гардишгарони хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ аз мабдаи Русия ба ин кишварҳо меоянд; он ҳам ба далели наздикӣ ва арзон будан ва ҳамчунин ривоҷи забони русӣ дар ин манотиқ. Гардишгарии дарунминтақаии Осиёи Марказӣ низ бахши дигаре аз потенсиали бозори гардишгарии ин кишварҳост. Ин вазъият бештар ба иллати вобастагии мутақобили ин кишварҳо ба далели сиёсатҳои давраи Шӯравӣ буда ва албатта мавориде ҳамчун дидори ақвом, тиҷорат ва монанди онро дарбар мегирад. Албатта кишварҳои Осиёи Марказӣ сахт ба дунболи густариши бозори гардишгарони худ бавижа аз кишварҳои ғарбӣ ва англисизабон ҳастанд. Дар Эрон низ бештари гардишгарон аз мабдаи кишварҳои арабӣ назири Ироқ ва ҳамчунин дигар кишварҳои ҳамсоя монанди Афғонистон, Покистон ва Озарбойҷон вориди кишвар (Эрон) мешаванд, ки гардишгарии зиёратӣ ва тиҷорати минтақаӣ аз аслитарин далоили вуруди гардишгарон ба Эрон ҳастанд.

Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қазоқистон бо бештарин боздидкунанда, ҳудуди 8,6 миллион нафар гардишгар дорад. Пас аз Қазоқистон, Узбекистон бо ҳудуди 6,6 миллион нафар, Қирғизистон бо ҳудуди 3,2 миллион нафар ва Тоҷикистон бо ҳудуди 1,4 миллион нафар гардишгар, дар зинаҳои баъдӣ қарор доранд. Туркманистон бо ҳудуди 20 ҳазор нафар, камтарин омори гардишгарон дар кулли Осиёи Марказиро ба худ ихтисос додааст.

Ҷойгоҳи гардишгарони эронӣ низ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мутафовит аст, ба таври мисол, эрониҳо рутбаи нахусти боздидкунандагони хориҷӣ аз Туркманистонро доро ҳастанд, вале дар бораи Узбекистон рутбаи бистумро ба худ ихтисос додаанд. Аз сӯи дигар, дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, Туркманистон болотарин мизони гардишгаронро равонаи Эрон карда, ки бештар ба далели тиҷоратҳои марзӣ ва дидори ақвом будааст ва пас аз он Тоҷикистон қарор дорад ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ омори чандон қобили таваҷҷуҳе аз назари омори гардишгарони вурудӣ ба Эрон надоранд. Дар ин миён, аҳолии минтақаи Осиёи Марказӣ огоҳии чандоне низ аз тавоноиҳо ва ҷозибаҳои гардишгарӣ ва имконоти Эрон дар ҳавзаи гардишгарӣ надоранд ва мутаассифона тасаввури зеҳнии бештари онон аз Эрон, дидгоҳест, ки дар тавлидоти расонаҳои ғарбӣ реша дорад, ки умдатан душмани Эрон ҳастанд ва Эронро ба унвони кишвари даргири буҳрон ва ақибафтода нишон медиҳанд.

Эрон ба тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ парвози мустақим дорад. Дар ҳоли ҳозир, аз Теҳрон ба Бишкек ва баръакс ҳафтае як бор, аз Теҳрон ба Алмаато ва баръакс ҳафтае як бор, аз Теҳрон ба Ишқобод ва баръакс ҳафтае як бор, аз Теҳрон ба Тошканд ва баръакс ҳафтае ду бор, аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс ҳафтае ду бор, аз Машҳад ба Душанбе ва баръакс ҳафтае як бор ва аз Гургон ба Октова (Қазоқистон) ҳафтае як парвози мустақим доир аст. Аммо ба назар мерасад бо таваҷҷуҳ ба ҳусни собиқа, ҳамкориҳои наздик, доштани пайвандҳои амиқ ва дигар масоил, ин теъдод парвозҳо кофӣ нест ва ниёзманди бозбинӣ дар шумори парвозҳо ва афзоиши онҳо ба мақсади кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастем.

 

Зарфиятҳои гардишгарии мавҷуд

Заминаҳои фаровоне барои ҳамкории бештар дар ҳавзаи гардишгарӣ миёни Эрон ва Осиёи Марказӣ вуҷуд дорад, ки метавон ба ҳавзаҳои гуногун ишора кард. Дар Эрон, гардишгарии зиёратӣ бар амокини муқаддас мисли ҳарами мутаҳҳар ва муқаддаси Имом Ризо(а) дар Машҳад ва ҳарамҳои имомзодагони азимулқадр дар Қум ва Шероз ва дар радаи баъдӣ, зиёратгоҳи уламо ва суфиёни бузург монанди Боязиди Бастомӣ, Абулҳасани Харақонӣ, Шайх Аҳмади Ҷомӣ ва ғайра мутамаркиз аст. Ҳамчунин вуҷуди хонаи мубораки ҳазрати Имом Алӣ ибни Мусо Ризо(а) ва дигар маконҳои торихӣ ва мазҳабӣ, монанди мазори Касоии Марвазӣ, мазори Хоҷа Юсуфи Ҳамадонӣ ва ғайра дар шаҳри Марв, оромгоҳи бузургон ва олимони дин монанди Чаҳор Бакр ва Чаҳор Пир дар Бухоро ва низ оромогоҳи Шоҳи Зинда аз наводагони Имом Алӣ(а) ва имомзода Иброҳим(а) дар шаҳри Самарқанд аз ҷумлаи ин зарфиятҳо дар Осиёи Марказӣ аст.

Гардишгарии торихӣ-фарҳангӣ низ метавонад бар биноҳои торихӣ ва мероси фарҳангӣ дар шаҳрҳои Исфаҳон, Шероз, Язд, Кошон ва ҳамчунин биноҳои торихӣ дар Самарқанд, Хоразм, Тошканд, Марв, Бухоро, Хуҷанд ва ғайра бо ҳадафи наздиктар сохтани шинохти мутақобили ду ҳавзаи Эрон ва Осиёи Марказӣ, ки аз як фарҳанг ва тамаддун реша доранд, мутамаркиз шавад. Ҳамчунин ҳавзаи гардишгарии саломат бо таваҷҷуҳ ба имконот, тавоноиҳо ва рушди чашмгири Эрон дар дониши пизишкӣ ва ҳамчунин собиқаи дурахшони Эрон дар мизбонӣ ва дармони беморон ва саломатҷӯён аз кишварҳои ҳамсоя, махсусан кишварҳои арабӣ ва ҳамчунин корномаи муваффақе, ки кишвари Эрон дар ин ҳавза дорад, метавонад бастари муносибе барои дармони беморон аз мабдаи кишварҳои Осиёи Марказӣ бошад. Албатта табиатан истифодаи комил аз ин зарфият ниёзманди таваҷҷуҳи вижа ва омодасозии зерсохтҳост. Дар ниҳоят гардишгарии санъатӣ-тиҷорӣ аст, ки дар ин замина ҳадафи мавриди назар, бештар тоҷирон ва бозаргонон, санъатгарон (саноатгарон – истеҳсолкунандагон, тавлидкунандагон), соҳибони касбу кор ва фаъолони ҳавзаи иқтисод ҳастанд. Ҳадафи ин навъ аз гардишгарӣ касби дониш ва иттилоот нисбат ба тавоноиҳо ва фурсатҳои иқтисодии Эрон дар ҳавзаҳои тиҷорӣ ва санъатӣ ва ба таври мутақобил шинохти фурсатҳо дар Осиёи Марказӣ аст. Ин ҳавза дар сурати фаъол шудан, метавонад мазиятҳои зиёде дар заминаи тақвияти таомулоти тиҷорӣ дошта бошад. Матолиби гуфташуда танҳо гӯшае аз зарфиятҳои мавриди ғафлат дар ҳавзаи санъати туризм миёни Эрон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ аст, ки билфеъл кардани ин зарфиятҳо ниёзманди ҳамкорҳои бештар миёни давлат ва маҷмуаҳои хусусии Эрон ва ин кишварҳост.

 

Арзёбии вазъияти кунунӣ ва мулоҳизот

Ба таври куллӣ, бо таваҷҷуҳ ба пайвандҳои фарҳангӣ, торихӣ ва тамаддунӣ, наздикии ҷуғрофиёӣ, фурсатҳои ҳамкорӣ, ҷозибаҳои муштараки ҳар ду ҳавза ва равобити густарда ва торихии миёни Эрон ва Осиёи Марказӣ, метавон гуфт, ки равобити гардишгарӣ миёни ин ду минтақа мутаносиб бо ин зарфиятҳо набуда ва ниёзи ҷиддӣ ба баррасӣ, ислоҳ ва тақвияти равобит ва фаъолиятҳои ҳавзаи туризм вуҷуд дорад. Дар ин чорчӯб Ҷумҳурии Исломии Эрон мебоист ба дунболи роҳҳои густардатар кардани фаъолиятҳои гардишгарӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, чӣ аз диди ҷазби турист ва чӣ аз манзари фиристодани гардишгар бошад, то битавонад аз мавоҳиби гуногун дар ин ҳавза баҳраманд шавад. Ҳузури гардишгарони Осиёи Марказӣ дар Эрон боиси вуруд ва гардиши сармояи бештар дар Эрон, ошноии бештари мардуми Эрон бо аҳолии Осиёи Марказӣ, барқарории таомулоти фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва ҳатто иқтисодӣ ва шинохти бештари мардуми Осиёи Марказӣ нисбат ба Эрон ва тавоноиҳои он дар заминаҳои гуногун мешавад. Ҳузури гардишгарони эронӣ дар Осиёи Марказӣ низ чунин паёмадҳоро дар пай дорад, илова бар он, боиси ошноии бештари эрониён бо тавоноиҳои Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин мероси эроние, ки дар ин минтақа вуҷуд дорад, хоҳад шуд. Ҳамчунин бояд кӯшиш ва заминасозӣ шавад то талоши ғарб барои тарсими чеҳраи махдуш аз Эрон ва муаррифии он ба унвони як кишвари ақибафтода, заиф, ноамн ва дорои саркуби динӣ хунсо шавад ва ҳамчунин таблиғоти фаровони душманони Эрон, ки бахусус аз сӯи ҷараёнҳои ифротӣ-мазҳабӣ барои доман задан ба ихтилофҳои динӣ мавриди истифода қарор мегиранд, посух дода шавад то ҳам тасвири Эрон дар азҳони умумии мардуми Осиёи Марказӣ ислоҳ шавад ва ҳам мизони тараддуд ва ҳузури гардишгарон дар Эрон афзоиш ёбад.

Албатта дар ин миён бархе мулоҳизот низ вуҷуд дорад, ки бояд ба он таваҷҷуҳ кард. Масъалаи аввал, вуҷуди ҳассосиятҳои давлатӣ дар Осиёи Марказӣ нисбат ба шаклгирии гардишгарии мазҳабӣ миёни Эрон ва Осиёи Марказӣ ба воситаи вуҷуди аксарияти аҳли суннат дар он минтақа аст. Мавзӯи дигар, ҳузури рӯзафзуни гардишгарон аз мабдаи режими саҳюнистӣ (Исроил) дар ин минтақа, махсусан шаҳри Бухоро ба воситаи торихи деринаи ҳузури яҳудиён дар ин шаҳр аст, ки мулоҳизотеро барои Эрон ба ҳамроҳ дорад. Масъалаи дигар, афзоиши рафтуомад ба Туркия ва гароиш ба он кишвар аст, ки ҳам боиси аз даст рафтани фурсатҳои ҳамкорӣ ва касби даромади Эрон хоҳад шуд ва ҳам боиси нуфузи бештари Туркия ва таҳти таъсир қарор гирифтани азҳони умумии мардуми минтақа ва рушди андешаҳои хатарноки пантуркизм дар Осиёи Марказӣ хоҳад шуд.

 

Ҷамъбандӣ ва пешниҳодҳо

Эрон ва Осиёи Марказӣ зарфиятҳои билқувваи зиёде барои беҳбуди ҷараёни гардишгарӣ доранд. Бо ин ҳол, бино ба далоили мухталиф, ин санъат байни ду тараф то кунун тавсиаи маҳсусе наёфтааст. Дар ин чорчӯб бо ҳадафи тақвияти таомулҳо метавон пешниҳодҳоеро ироа кард, ки иборатанд аз:

Ақди қарордоди хоҳархондагӣ миёни шаҳрҳои гардишгарии Эрон ва Осиёи Марказӣ ва роҳкорҳои амалиётӣ шудани хоҳархондагиҳои мавҷуд ҷиҳати афзоиши шинохти мутақобил, ироаи ёронаҳои давлатӣ барои камтар шудани ҳазинаҳои сафар ба ин минтақа (барои мисол, пардохти ёрона ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ, ки боиси коҳиши нархи билети парвоз шавад); тасҳили судури раводид миёни кишварҳо ва дар сурати имкон ҳазфи раводиди муштарак миёни Эрон ва кишварҳои ҳавзаи Осиёи Марказӣ, барқарории иртиботҳои тахассусӣ дар ҳавзаи гардишгарӣ аз тариқи раводидҳои тахассусӣ назири намоишгоҳҳои гардишгарӣ дар ҳошияи комиссиюнҳои муштарак ва дар ниҳоят тарбияти нируҳои гардишгарии мутахассиси ҳавзаи Осиёи Марказӣ.

Алии Сонеӣ – пажуҳишгари ҳавзаи фарҳангии Эрон ва Осиёи Марказӣ

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳодисаи Карбало (4)
Суханони ӯ худ беҳтарин далел бар ҳаққонияти ӯст

Матолиби пурбоздид