Тақвияти равобити диплумосӣ миёни Тоҷикистон ва Баҳрайн
Ахбори байналмилал
Ройзаниҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Баҳрайн дар шаҳри Манома — пойтахти Баҳрайн — таҳти раёсати муовинони вазирони корҳои хориҷии ду кишвар баргузор гардид.
Дар ҷараёни ин мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба вазъи кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Тоҷикистону Баҳрайнро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Тибқи иттилои расмӣ, дар рафти гуфтугӯҳо, ҳар ду тараф, бар зарурати таҳкими робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ, афзоиши сармоягузорӣ, инчунин густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ, илмӣ ва таълимӣ таъкид намуданд.
Ҳар ду кишвар изҳори омодагӣ карданд, ки барои татбиқи тарҳҳои муштараки иқтисодӣ ва рушди муносибатҳои гуногунсамт дар сатҳи баланд талош хоҳанд варзид.
Ба гуфтаи таҳлилгарон, ин нишаст метавонад ба густариши пайвастаи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои арабии Халиҷи Форс мусоидат намояд ва имконоти навро барои ҳамгироии минтақавӣ фароҳам оварад.
qalamonline.net
Қаламонлайн













