Таҳдиди Ҳизбуллоҳи Ироқ алайҳи манофеи Омрико

Таҳдиди Ҳизбуллоҳи Ироқ алайҳи манофеи Омрико
Ахбори байналмилал
Таҳдиди Ҳизбуллоҳи Ироқ алайҳи манофеи Омрико дар остонаи сафари эҳтимолии Блинкен ба Бағдод
Дар пайи интишори ахборе мабнӣ бар сафари эҳтимолии вазири хориҷаи Омрико ба Бағдод тайи имрӯз (якшанбе), гурдонҳои Ҳизбуллоҳи Ироқ эълом кард, ки бо ташдиди таниши бесобиқае аз сафари вай истиқбол хоҳад кард.
Ба гузориши Jerusalem Post, Абӯалӣ ал-Аскарӣ, масъули амниятии гурдонҳои Ҳизбуллоҳи Ироқ, бо интишори паёме дар шабакаи иҷтимоъии Х (Твиттери собиқ) навишт: “Аз сафари Энтуни Блинкени яҳудӣ, вазири умури хориҷаи Омрико ва беҳтар бигӯем, вазири ҷанги режими саҳюнистӣ ба Ироқи Имом Алӣ ва Имом Ҳусайн истиқбол намешавад ва агар ба инҷо биёяд, бо ташдиди бесобиқаи таниш аз ӯ истиқбол мекунем.”
Абӯалӣ ал-Аскарӣ афзудааст: “Пас аз ташдиди амалиёти низомии муқовамати исломии Ироқ барои бастани манофеъи Омрико дар Ироқ ва таътил кардани онҳо дар кулли минтақа талош хоҳад шуд ва дар сурате, ки таҷовуз (ба Ғазза) идома ёбад, тайи ҳафтаҳои оянда ба ин ҳадаф даст хоҳем ёфт.”
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Пешниҳоди партоби бомби атомӣ ба Ғазза, аз ҷониби вазири Натонёҳу
Нигоҳи тафриқаҷӯёна ва нигоҳи ваҳдатхоҳона

Матолиби пурбоздид