Таҳлилгари рус: Пас аз Сурия, навбат ба Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ мерасад

Таҳлили хабарӣ

Таҳлилгари рус: Пас аз Сурия, навбат ба Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ мерасад

Александр Проханов – нависанда, таҳлилгар ва рӯзноманигори рус дар як ёддошт аз эҳтимоли густариши васеи таҳаррукоти террористии ифротгароён дар манотиқи таҳти нуфузи Русия дар Қафқоз ва Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистон пас аз ба қудрат расидани террористон дар Сурия навишт.

“Пас аз ба қудрат расидани террористон дар Сурия, ифротгароёни ба истилоҳ ҷиҳодгар дар кишварҳои пасошӯравӣ умедвор шуда ва аз руҳияи болое бархурдор хоҳанд шуд”.

Ба гуфтаи Александр Проханов эҳтимолан шоҳиди афзоиши таҳаррукоти террористӣ дар саросари минтақа, бахусус кишварҳои таҳти нуфузи Русия, яъне кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистон хоҳем буд.

Ӯ таъкид мекунад: Ифротгароён дубора зинда шуда ва Димишқро тасарруф кардаанд. Аммо бар тамоми Сурия султа надоранд. Ҳоло як ҷанги дохилӣ дар ҳоли вуқӯъ аст; ҷанги ҳама алайҳи ҳама бо тазодди манофеи бисёр, ки дар ғиёби қудратҳои мутамаркизи Сурия дар ҳоли вуқӯъ аст. Сурия яке дигар аз кишварҳои Ховари Миёна аст, ки ҷанги дохилии он бисёр хунин хоҳад шуд. Зарбаи баъдӣ ногузир ба Тоҷикистон ворид хоҳад шуд. Ифротгароён аз Афғонистон ба он сӯи марзҳо хоҳанд рафт; ба самти пойгоҳи низомии Русия, ба самти Душанбе. Кишварҳои ҷавони Осиёи Марказӣ дар ҳоли табдил шудан ба майдони ҷанг ҳастанд ва нируҳои Русия ба унвони бахше аз CSTO бояд дар Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон биҷанганд. Мавҷе аз ифротгароён аз марзи Русия убур хоҳанд кард ва Қафқоз ба оташ кашида хоҳад шуд. Инфиҷорҳои террористӣ дар шаҳрҳои Русия ҷавлон хоҳад дод. Коргарони муҳоҷири осиёӣ (бахусус Осиёи Марказӣ) дар Русия, ки дар кафи ҷомеа дар таксиҳо ва бозорҳо ҳузур доранд, табдил ба заминае барои террор ва куштор хоҳанд шуд.

Қаламонлайн

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён
Ҳузури нируҳои шохаи Хуросони Таҳрири Шом дар шимоли Афғонистон

Матолиби пурбоздид