Таҳлили Абдулборӣ Атвон дар бораи музокироти Эрон ва Амрико
Таҳлили Абдулборӣ Атвон аз аввалин даври музокироти Эрон ва Омрико
Байналмилал
Абдулборӣ Атвон, рӯзноманигори фаластинӣ ва саршиноси араб ва сардабири рӯзномаи “Раъюл-явм” навишт:
“Чӣ гуна Омрико дар даври аввали музокироти ҳастаӣ дар Масқат ҳатто қабл аз шурӯи он шикаст хӯрд? Чаро ҷанги тиҷории шикастхӯрдаи Тромп мавқеияти музокираи Эронро тақвият кард?”
Вай дар ин ёддошт зимни таҳлили худ аз музокироти ғайримустақими Эрон ва Омрико дар Уммон навишт: “Ҷумҳурии Исломии Эрон тавониста дар бозии “ҷанги иродаҳо”, ки ин ҳафта дар Масқат оғоз шуда, як “голи тиллоӣ” ба Омрико бизанад.”
Атвон бо ишора ба шакли баргузории ин музокирот таъкид мекунад, ки Теҳрон хостори ҳифзи шакли ғайримустақими гуфтугӯҳо буд, дар ҳоле ки Вошингтун исрор дошт, гуфтугӯҳо мустақиман анҷом гирад.
Атвон идома медиҳад: “Ин мавзӯъ, ки музокирот ба шакли ғайримустақим баргузор мешавад, дар воқеъ нахустин шикасти ошкори Омрикост, бавежа он ки Дунолд Тромп, раиси ҷумҳури Омрико, ахиран дар конфронси хабарии муштарак бо нахуствазири Исроил, Бенёмин Натонёҳу, хостори гуфтугӯи мустақим бо Эрон шуда буд — дархосте, ки ҳатто барои Натонёҳу низ ғайримунтазира буд.”
Ба гуфтаи ин таҳлилгари фаластинӣ, ҳайати омрикоӣ ба риёсати Стив Уиткофф, мушовири наздики Тромп, дар ҳоле вориди музокироти Уммон шуда, ки бо дасти холӣ ва аз мавзеи заъф зоҳир шудааст.
Атвон меафзояд: “Пас аз шикасти тарҳи Тромп дар таҳмили таърифаҳои гумрукӣ бар беш аз 200 кишвар ва ниҳод, Омрико имрӯз мунзавитарин кишвари дунёст. Ҳатто дӯстони деринаш дар Урупо, Жопун ва Куреи ҷанубӣ низ ба саффи мухолифон пайвастаанд.”
Сардабири рӯзномаи “Раъюл-явм” мегӯяд, ҳайати эрониро Аббос Ироқчӣ, диплумоти коркушта ва вазири хориҷаи ин кишвар раҳбарӣ мекунад; фарде, ки дар музокироти БАРҶОМ низ нақши аввалро ифо карда буд ва ба хубӣ бо фаннҳо ва токтикҳои музокира ошиност.
Атвон менависад: “Ироқчӣ таслими таҳдидҳои Тромп нашуд ва муваффақ шуд ҳамаи шартҳои Теҳронро ба тарафи омрикоӣ таҳмил кунад. Музокирот, маҳдуд ба парвандаи ҳастаӣ шуд ва ҳеч баҳсе дар бораи барномаи мушакӣ, паҳподҳо ё равобит бо Меҳвари Муқовамат матраҳ нашуд.”
Тарси Тромп аз таваққуфи содироти нафт аз халиҷи Форс
Ба бовари Атвон, ин Тромп буд, ки маҷбур шуд барои фирор аз бӯҳронҳои дохилӣ ва байналмилалӣ, ба Эрон наздик шавад ва масири гуфтугӯро интихоб кунад.
Вай таъкид кард: “Ӯ (Тромп) дигар на таҳдиди низомӣ метавонад бикунад ва на доду вояш асар дорад. Таҳдид ба эъзоми новҳо, ҳавопаймоҳои B-52 ва размоишҳои халиҷи Форс на танҳо Эронро натарсонд, балки раҳбари ин кишвар ба он посухи сахте дод ва артишро дар омодабоши комил қарор дод.”
Ин таҳлилгари фаластинӣ бо ишора ба суханони сареҳи Оятуллоҳ Хоманаӣ менависад: “Раҳбари Эрон ҳушдор дод, дар сурати ҳар гуна ҳамла, пойгоҳҳои Омрико дар атрофи Эрон ҳадаф қарор хоҳанд гирифт ва содироти нафт аз халиҷи Форс ба таври комил қатъ хоҳад шуд. Ин паём, амиқан дар Вошингтун шунида шуд.”
Варшикастагии Омрико ва рӯёрӯии Чин бо Тромп дар ҷанги таърифаӣ
Атвон сипас ба вазъияти дохилии Омрико мепардозад ва менависад: “Иёлоти Муттаҳида имрӯз бо бӯҳрони бузург дар бадеҳии умумӣ ва касрии будҷа мувоҷеҳ аст. Бадеҳии Омрико аз 42 триллион доллар убур карда ва касрии будҷа ба 1.4 триллион доллар расида. Ин вазъияти иқтисодӣ Тромпро водор карда, ба суръат аз таҳдиди низомӣ ақибнишинӣ карда ва ба мизи музокира баргардад.”
Ӯ дар идомаи таҳлили худ, ба таъсири Чин дар таҳаввулоти ахир ишора карда ва менависад: “Пекин дар посух ба ҷанги тиҷории Тромп, на танҳо таърифаҳои колоҳои омрикоиро то 125 дарсад афзоиш дод, балки бо ташвиқи Брикс, ҳамла ба доллар ва низоми SWIFT-ро оғоз кард. Ин ҳаракати Чин, сутуни фақароти молии Омрикоро ҳадаф гирифтааст.”
Тарси Тромп аз ҷабҳаи муттаҳид ба раҳбарии Чин
Атвон таъкид кард: “Тромп, ки аз паёмадҳои шикаст дар Укройн, шӯриши дохилӣ ва бӯҳрони иқтисодӣ дар ранҷ аст, дигар тавони муқобила бо ҷабҳае муттаҳид ба раҳбарии Чин ва ҳамроҳии Эрон ва Русияро надорад. Ӯ ҳатто маҷбур шуд, танҳо се рӯз пас аз оғози ҷанги таърифаӣ, ақибнишинӣ кунад ва онро таҳти унвони “Таълиқи 90-рӯза” ба афкори умуми бифурӯшад.”
Ин таҳлилгари саршинос, дар ҷамъбандӣ навиштааш менависад: “Сиёсати Эрон дигар сиёсати сабри стратегӣ нест. Теҳрон вориди фози рӯёрӯӣ шудааст — ҳам дар майдони набарди низомӣ ва ҳам дар арсаи диплумотик. Ин кишвар рӯйи тақвияти бозуи ямании худ дар баҳри Сурх ҳам тамаркуз кардааст.”
Атвон дар поён бо лаҳне тамасхуромез менависад: “Омрико дар нахустин моҳҳои риёсати ҷумҳурии Тромп ба корикотуре хандадор табдил шуда ва баъид нест, ки дар ин давр аз тақобул, Эрон ва муттаҳидонаш танҳо бозмондагони пирӯзи ин майдон бошанд… Ва албатта, ҳамон тавр, ки ҳамеша гуфтаам: Алайёму байнано.”
Қаламонлайн