Таҷовузи озодӣ

Таҳлили хабарӣ
Таҷовузи озодӣ
Додоҷон Атовулло
ТАҶОВУЗИ ОЗОДӢ ва ё сатре чанд дар ҳошияи «Тӯфони Ал-Ақсо»
Наворҳоро аз навори Ғазза тамошо мекунам ва чашмам чашма мешавад. Аммо намегӯям, ки ман гиря кардам. Номардон механданд ва мегӯянд: «мардон намегирянд».
Мардон мегирянд!
Мардон ашки чашмонашонро пок мекунанд ва ба даст камон мегиранд. Камон наёбанд, камонғӯлак месозанд. Агар ин ҳам нашуд, санг мегиранд. Мисли ҳамон духтараки фаластинӣ, ки номашро намедонам, аммо сураташ дар тамоми дунё паҳн шудааст. Дар ду даст ду санг дорад ва дар сар рӯсарии фаластинӣ – парчами дигари Фаластин.
Чашме, ки аз он ашк намерезад, кӯр карданист. Саре, ки зеби дор намешавад, буриданист. Одаме, ки барои НОМУС намемирад, барояш дар қабристон набояд ҷой дод, зеро мазорро бешафоъат мекунад. Намози он мусалмоне, ки барои Ал- Ақсо – қиблаи нахустини аҳли ислом ва меъроҷгоҳи Мустафо (салаллоҳи алайҳи вассалам) намесӯзад ва намеларзад, ҷойнамозаш бенамоз аст, гарчанде ҳазор бор ба ҳазор собун шуста бошад.
Фаластин фоҷиаи ИНСОНИСТ.
Гург гургро намехурад. Аммо дар Фаластин ҳоло гургҳои дупо хонаҳои 15-20 ошёнаро бомбаборон мекунанд. Ва қурбониёнро гӯр нокарда, ҳисобот медиҳанд, «дирӯз 1000, имрӯз 2000 лонаи террористонро хароб кардем».
Боз ҳам наворҳоро тамошо мекунам.
Аз зери хок тифлакеро бо модараш мебароранд, ки пистони модар дар даҳонаш фавтидааст.
Аз зери хок пирамардеро бурун меоваранд, ки сӯхтааст.
Аз зери хок духтарчаеро меёбанд, ки дар дасташ арӯсак дорад ва арӯсакаш бо расидани дасти наҷотбахшон механдад!
Ту ба ман механдӣ, арӯсак, ки аз дастам коре намеояд?
Биханд!
Ту ба тахтнишинони Ландану Порису Берлину Вашингтону Канберра механдӣ, ки дар маркази шаҳрҳояшон биноҳои асосиро ба рангҳои парчами Исроил оро додаанд. Исроиле, ки дугонаи туро кушт, вақте бо ту саргарми бозӣ буд…
Биханд!
Ту ба Бойдени худбохта, Макрони шайтон, Шолтси масхарабоз механдӣ?
Биханд!
Арӯсак!
Ҷонам, азизам!
Ба рӯи Ҳитлери замон – Бенямин Нотаняҳу туф кун! Он чӣ Ҳитлер дар ҳаққи яҳудиҳо раво дид, Натаняҳу дар ҳаққи фаластиниҳо раво мебинад. Хонаи дугонаи туро бо амри ӯ бомбаборон карданд. Ба рӯи вазири дифоъаш – Йоав Галант туф накун. Ҳайфи туфи ту! Ҳамин хабис боифтихор гуфт: ман амр кардам, ки Ғазза аз ғизо, об, барқ, дорую даво, сӯзишворӣ маҳрум карда шавад! Ғаззае, ки беш аз 2 миллион аҳолӣ дорад.
Арӯсак!
Ту медонӣ, ки дугонаи ту ташнаву гурусна буд! Об мехост. Ҳалқаш қоқ шуда буд. Як қатра об, то ба ту, як калима гӯяд:
-Алвидоъ!
Ҳафт даҳ сола аст, ки мардуми Фаластинро давлати Исроил таҳқир мекунад, зиндон мекунад, мекушад, хонаашро месӯзонад, дар заминаш хона месозад ва ҷаҳон бепарвоёна тамошо дорад. Мисли имрӯз. Ба ҷуз баёнияҳои бебунёду бесуд.
Афви байналмилал, иқдомоти Исроилро алайҳи Ғазза ҷинояти ҷангӣ меномад. Аммо Бойден ба Исроил тайёраҳои ҷанганда мефиристад. Ва эълон мекунад: Амрико пуштибони Исроил аст! Исроиле, ки фарзанди ноникоҳии Амрико – эркатулфоре, ки Ховари Миёнаро ором намегузорад.
Созмони Милали Муттаҳид (ООН) ҳам баёнияе пахш кард. Ин садумин ё ҳазорумин изҳорот доир ба Фаластин? Исроил боре вокуниш кард?! Аз ишғоли заминҳои Фаластин даст кашид? Чаро бояд Исроил муайн кунад, ки давлати мустақиле дар харитаи ҷаҳон бо номи Фаластин бошад ё набошад?!
Танҳо Эрон аст, ки зӯри дандони режими фашистии Исроил – шағоли амрикоӣ ба он намегузарад.
Танҳо Эрон аст, ки гуфт: мо аз Фаластин ҳимоят мекунем! Оятуллоҳ Хоманаӣ суханеро ба забон овард, ки касе аз шайхону шоҳону вазирони кишварҳои мусалмоннишин аз такрораш дар лабони равғанолудашон табхол медамад.
Роҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: «Ин ҳамоса кори худи фаластиниҳост. Мо пешонӣ ва бозуи ҷавонони фаластинӣ ва тарроҳони мудаббир ва ҳушманди фаластиниро мебӯсем ва ба онҳо ифтихор мекунем!»
Фаластин поёни кор нест. Дар нақшаи «соҳибони замону макон» Эрон истодааст. Дер ё зуд ҷанг бо Эрон бахше аз лоиҳаи «тақсими нави дунё» хоҳад шуд. Беҳуда нест, ки номи Эрон имрӯзҳо баъди Фаластин зикр мешавад ва мехоҳанд Эронро асосгузори амалиёти ғофилгиронаи «Тӯфон дар Ал-Ақсо» ба ҷомиъаи ҷаҳонӣ муаррифӣ бинамоянд. Аммо Эрон Фаластин нест! Фатҳи ин диж, ин қалъаро танҳо дар хобашон хоҳанд дид.
Бармегардем ба Ғазза.
Ғаззае, ки ғазо дорад.
Ғаззае, ки дар ашку хун тар гаштааст.
Ғаззае, ки хонаҳояш ба қабристонҳои дастҷамъӣ бадал гаштаанд.
Дар наворе дидам, ки саге дар вайроне зуза мекашад, нола мекунад…
Мехоҳам гардани ин сагро бигирам ва фарёд кашам!
Фарёдрасе ҳаст?
Шумо мешиносед?
Ман намешиносамаш!
Аммо дунёро шинохтаам.
Ҳуқуқи инсон, истиқлол, озодӣ, демукросӣ шиорҳои зебоянд. На беш аз ин. Дунё ба як корпоратсия, бозор ва тиҷоратхонае бадал гаштааст, ки ҳар зӯргӯ мехоҳад судбардори (бенифитсар) ягонаи он бошад. Дар ин савдо аз ҳама арзон ҷони инсонҳост.
Ҳама хӯрдан мехоҳанд. Ҳам дандондору ҳам бедандон. Ҳамаро пул муайян мекунад. Марзи одамият ва адолат дар яхдонҳо хотима меёбад.
Ҷанги Русия бо Украина ва Исроил бо Фаластин ҳам ҷанги абарқудратҳо барои ба даст овардани захираҳои табиъӣ, заминҳо, сарватҳо ва боигариҳост. Аз ҷумла, ширкатҳои бузург аслиҳа ва силоҳҳои ҷангии кӯҳнаро мефурӯшанд ва навашро месанҷанд.
Дунё ҳам дунёи молу модигаро гаштааст. Дар ин кӯҳнабозор танҳо савдогарони маккор ва даллолҳои айёр дастболо мешаванд. Барои он ки охирин луқмаи даҳонатонро нагиранд, тӯъмаи гургон нашавед, бояд зӯр буд.
Танҳо иқтисодиёти шукуфо, дастрасӣ ба кашфиётҳои навтарини илмӣ ва мили туфанг метавонад роҳи наҷот бошад. Бе ин ҳар миллат ба рамае бадал мегардад, ки ё гург мехурад ва ё чӯпон. Таърихи Фаластин, сарнавишти Фаластин гувоҳи ин гуфтаҳост.
Дунёи дун кайҳо дурӯя гаштааст. Ба ҷанги Украина бо Русия ҷанг барои озодӣ ва истиқлол ном ниҳодаанд. Муборизаи мардуми Фаластин барои озодӣ ва истиқлолро ҷанг бо «терроризми исломӣ» унвон додаанд. Он якеро «соҳибони замону макон» «қаҳрамон» мехонанд, дигареро «ҳайвонҳои хунхор»
Дунё имрӯз хомӯшона ба фоҷиаи Фаластин менигарад. Фардо Исроил аз пирӯзӣ ҳисобот медиҳад. Аммо ин анҷом оғози ҷанги нав аст. Пасфардо рӯи қабри шаҳидони фаластинӣ сабза мерӯяд. То як фаластинӣ зинда ҳаст, барои Ватанаш, барои иззаташ, барои озодияш мубориза хоҳад бурд. Бо санг, бо кулӯх, бо туфанг, бо паҳбод ва ҳатто бо дастони урён!
Боз садои «Аллоҳу Акбар» дар овардгоҳҳо ва майдонҳо танин хоҳад андохт!
Мардҳо намегирянд?
Аммо ман ин сатрҳоро менависаму хомӯш мегирям…
Барои сукути қариб 2 миллиард мусалмон, зеро ҷанг бо Фаластин ҷанг бо дини мубини ислом ҳам ҳаст. Ибораи нафратангези «террористони исломӣ» дар ин ҷанг аз ҳама беш садо медиҳад ва қатли ононеро, ки барои истиқлол ҷонбозӣ доранд, амри маъмулӣ ва кори савоб талаққӣ мекунанд.
Барои бетарафию бешарафии инсонҳо.
Барои дурӯғҳое, ки расонаҳои «озод»-и Ғарб паҳн мекунанд.
Барои онҳое, ки хонаашон гӯрашон гашт.
Барои ҳамон тифлаке, ки пистони модари беҷонаш дар даҳон ба хоби абад рафт.
Барои ҳамон арӯсаке, ки дасте ба дасташ расиду ханда кард.
Барои ҳамон саге, ки дар вайронаҳои Ғазза зуза мекашид…
Зинда бод Фаластин!
Зинда бод Донишгоҳи байналмилалии ватандорӣ ва озодагӣ!
Зинда бод пойтахти шараф ва номус!
Зинда бод сарзамине, ки аз хун сурх гаштааст ва инсониятро аз рӯсиёҳӣ дар амон медорад!
Худо ба ҳамроҳ!
То дидор дар Уршалим – пойтахти давлати Фаластини навин!
Додоҷон Атовуллоев,
сарвари ҷунбиши мардумии
«Ватандор»
Берлин
11.10.2023
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Эрон кумакҳои фаврӣ ба Ғазза ирсол мекунад
Англия: Эҳтизози парчами Фаластин ҷурм шинохта мешавад

Матолиби пурбоздид