Терури фармондеҳи Ҳизбуллоҳи Лубнон
Ахбори байналмилал
Манобеъи хабарӣ аз терури як фармондеҳи муҳимми майдонии Ҳизбуллоҳ дар ҳамалоти имрӯзи режими саҳюнистӣ ба ҷануби Лубнон хабар доданд.
Ба гузориши расонаҳо, Ҳизбуллоҳи Лубнон баъд аз зуҳри имрӯз (душанбе, 8 январ), дар баёнияе эълом кард, яке аз фармондеҳони ин ҷунбиш дар ҷануби Лубнон ба шаҳодат расидааст.
Муқовамати исломии Лубнон эълом кард, Висом Ҳасан Тавил (Ҳоҷӣ Ҷавод) яке аз фармондеҳони ин ҷунбиш дар роҳи Қудс ба шаҳодат расидааст.
Ин баёния пас аз он содир шуд, ки манобеъи хабарӣ лаҳазоте қабл аз ҳамлаи паҳподии Исроил ба як худрав дар ҷануби Лубнон хабар доданд.
Ба гузориши расонаҳо, як паҳподи исроилӣ худраверо дар минтақаи ХарбаСалам ҳадаф қарор дода ва ин худрав ба таври комил дар оташ сӯхтааст.