Теъдоди муаллимони рус бештар мешавад
Теъдоди муаллимоне, ки аз Русия ба Тоҷикистон эъзом мешаванд, афзоиш меёбад
Ахбори минтақа
Sputnik
Бар асоси гузориши Sputnik, теъдоди омӯзгороне, ки аз Русия дар чаҳорчӯби барномаи “Муаллими рус дар хориҷ аз кишвар” дар соли нави таҳсилӣ, барои кор ба Тоҷикистон ҷалб мешаванд, ба 117 нафар хоҳад расид, ки аз афзоиши 1,5 баробарӣ шаҳодат медиҳад.
Дар ин бора намояндагии Россотрудничество дар ҷумҳурӣ хабар додааст.
Лозим ба ёдоварист, соли гузашта дар Тоҷикистон 73 нафар омӯзгорон аз Русия дар доираи ин барнома фаъолият доштанд.
Sputnik
Қаламонлайн