То ба кай…

Адаб

То ба кай…

То ба кай аз маъшуқаву ишқи нахустин гуфтан,

Аз маю мастиву ҳамбистару болин гуфтан.

Вақти он омада эй фирқаи саргарм ба ишқ.

Ҳоли ин мардуми бечораву мискин гуфтан.

Дар чаман кори гули руста ба хор афтодаст,

Бояд аз лолаи дар хун шуда рангин гуфтан.

Вазъи соҳибназароне ки бурун аз марзанд,

Аз ғами ҳиҷрати он зумраи хушбин гуфтан.

Бас хамӯшии шумо мояи озори шумост,

Бояд аз машрутаву лағви қавонин гуфтан.

Зишт бошад, ки ба маҷлис зи тамаллуқкорӣ,

Аз паси ҳар сухане хеста омин гуфтан.

Дар амал кӯш, ки озодӣ зи нав дарёбӣ,

Баски ширин нашавад ком ба ширин гуфтан.

Ин ки моро набувад рағбати озори касе,

Пайрав илло ки сухан рӯшану вазнин гуфтан.

Пайрави Иқбол

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Маркази пажӯҳишии исроилӣ: “325 ҳамлаи Ҳизбуллоҳи Лубнон алайҳи Исроил фақат дар як моҳ”
Дунё теруристи воқеиро шинохт

Матолиби пурбоздид