Ҳикматҳо ва андарзҳо 

Ҳикматҳо ва андарзҳо 
Бахши аввал
Муртазо Мутаҳҳарӣ
Худошиносӣ, мабнои инсоният
بسم الله الرحمن الرحیم
Амирулмӯъминин Алӣ алайҳис салом мефармояд: “Оғоз ва пояи аввали дин, шинохтани Худост”. Агар динро ба сохтмоне ташбеҳ кунем, ки дорои дар, девор, сақф, панҷара, шиша, наққошӣ, рӯкорӣ, зерсозӣ ва ғайра аст, бояд бигӯем, зерсозӣ ва зербинои ҳамаи афкор ва мӯътақадот ва ахлоқиёт ва дастуруламалҳои динӣ, Худошиносӣ аст. Ва агар динро ба як китоби илмӣ ташбеҳ кунем, ки дорои бобҳо ва фаслҳо ва қазоё ва масоил ва истидлолот ва усули мутаъорафа ва мавзӯъа (1) аст, бояд бигӯем, он чизе, ки ба манзилаи асли аввалӣ ва ба истилоҳ асли мутаъорафи дин аст, Худошиносӣ аст.
Агар бино бишавад маҷмӯаи масолеҳи банноиро дар як ҷо анбор кунем, аҳаммият надорад, ки кадом қисматро аввал бирезем ва кадом қисматро охир бирезем; ва ҳамчунин агар бино бишавад китобе ба сурати кашкул ҷамъоварӣ кунем, муҳим нест, ки кадом матлабро дар сафҳаи аввал ва кадом матлабро дар сафҳаи дуввум ва ҳамчунин дар соири сафаҳот бинависем, чун мақсуд, ба вуҷуд омадани як кашкул аст, ҳар матлаб дар ҳар ҷо қарор гирифт, монеъе надорад; вақте ҳам, ки бихоҳем ин гуна китобҳоро мутолеа кунем ва мавриди истифода қарор диҳем, боз фарқ намекунад, ки аз аввал шурӯъ кунем ё васат ё охир.
Аммо агар сохтмоне бихоҳем ба вуҷуд оварем, ин тавр нест, (балки) тартиб дорад ва рӯйи ҳисоби муайяне бояд сурат бигирад. Ва ҳамчунин агар як китоби илмӣ бихоҳем таълиф кунем ё бихоҳем мутолеа кунем, аз аввал бояд шурӯъ кунем ва ба тартиб пеш биравем.
Диндорӣ агар бихоҳад ба сурати саҳеҳ ва маъқул ва мантиқӣ барои касе пайдо шавад, бояд аз пояи тавҳид ва Худошиносӣ оғоз гардад. То ин асл дар руҳу дил таъсис нашавад, соири қисматҳо асосе нахоҳад дошт. Расули Акрам ҳамин ки ба рисолат мабъус гашт ва барои аввалин бор ба миёни мардум зоҳир шуд ва беъсати худро ошкор кард, чӣ гуфт? Оё гуфт, намоз бихонед ё рӯза бигиред? Оё гуфт, силаи арҳом баҷо оваред ва ба якдигар зулм накунед? Оё гуфт, фалон одоби истеҳбобиро дар роҳ рафтан ё нишастан ё ғизо хӯрдан, хуб риоят кунед? На, ҳеч кадом аз инҳоро нагуфт, гуфт: мардум бигӯед: “Ло илоҳа иллаллоҳ”, то растгор шавед. Расули Акрам динро аз ин калима оғоз кард; ҳассостарин нуқтаҳои қалби мардумро бо ақидаи тавҳид ишғол кард ва таквин ва тарбияти уммате азим ва муқтадирро бар ин асос ба вуҷуд овард.
Худошиносӣ на фақат аввали дин аст, аввали поя ва мояи инсоният аст. Инсоният агар бино бишавад рӯйи асли пойдоре бино шавад, бояд рӯйи асли тавҳид сохта гардад. Мо як силсила умурро ба унвони “ҳуқуқи инсонӣ” ё “шуъуни инсонӣ” ном мебарем, мегӯем: инсоният ҳукм мекунад, ки раҳму мурувват дошта бошем, некӯкор бошем, аз сулҳу оромиш ҳимоят кунем, нисбат ба ҷанг ибрози танаффур кунем, ба бебизоатҳо ва беморҳо ва маҷрӯҳин ва масдумин ва дармондагон кӯмак кунем, ба ҳамнавъони худ озор нарасонем, балки дар роҳи хидмат ба навъ фидокорӣ кунем, ҷонфишонӣ кунем, афифу ботақво бошем, ба ҳуқуқи дигарон таҷовуз накунем. Ҳамаи инҳо дуруст аст ва воқеан ҳам бояд инчунин буд, аммо агар аз мо бипурсанд, ки мантиқи ин дастурҳо ва фалсафае, ки моро қонеъ кунад, ки манофеъи шахсии худро фидои ин умур кунем ва мутаҳаммили маҳрумият бишавем чист, оё метавонем бо чашмпӯшӣ аз масъалаи Худошиносӣ ҷавобе бидиҳем? Инҳо ҳама ба истилоҳ маънавиёт аст ва дар ҷиҳати мухолифи моддиёт ва манофеъи фардӣ аст. Сарсилсилаи маънавиёт Худошиносӣ аст. Мумкин нест аз сарсилсилаи маънавиёт ва аз реша ва бун ва сарчашмаи онҳо чашм бипӯшем ва он гоҳ битавонем усули маънавӣ дошта бошем. Ва аз тарафе ҳатто моддитарини маслакҳои ҷаҳон чорае надоранд аз ин ки созмони иҷтимоии худро бар як силсила усули маънавӣ ва шарофатҳои ахлоқӣ бисозанд.
Инсоният аз Худошиносӣ наметавонад ҷудо гардад. Ё Худошиносӣ аст ва ё суқут дар ҳайвоният ва манфиатпарастӣ ва сабуъият ва дарандагӣ. Манфиатпарастӣ ба маънии воқеии калима яъне ин ки одамӣ воқеан бандаи шаҳват ва шикам буда бошад. Ё бояд бандаи Худо буд ва ё бандаи шикам ва ҷоҳу мақом ва пул ва зару зевар, роҳи севвум надорад. Аммо ин ки касе муддаии шарофат ва ахлоқ ва тақво ва иффат бошад ва дар айни ҳол ба Худошиносӣ, ки сарсилсилаи ин умур аст имон ва эътиқод надошта бошад, ваҳми ботиле беш нест.
Қуръони Карим масале зикр мекунад, мефармояд:
Масали калимаи поки тавҳид масали дарахти пок ва солиме аст, ки дар зери замин реша давонида ва шохаҳояш сар ба осмон кашидааст. Ин дарахт мевадеҳ ва самарбахш аст, ҳамешабаҳор аст ва ҳамеша мевадеҳ аст, дар ҳамаи фаслҳо ва ҳамаи рӯзҳо мевае фаровон дорад, ки тамом шуданӣ нест. (2) Ин масал дар бораи касоне аст, ки дарахти Худошиносӣ дар замини руҳашон рӯйида бошад. Шохаҳои ин дарахт иборат аст аз эътиқод ба нубувват ва вилоят ва вуҷуди адён ва роҳнамоёни илоҳӣ ва ҳамчунин эътиқод ба ҳаққонияти ҷаҳон ва ин ки ҷаҳон ба ҳақ ва адолат барпост, аҷри некӯкорон зойеъ намегардад ва кайфари бадкорон ба онҳо хоҳад расид ва амсоли ин умур. Меваҳои ин дарахт, шарофат ва каромат аст, иффат ва тақвост, эҳсон ва гузашт ва хидмат ва фидокорӣ аст, ризоят ва оромиши қалб ва итминон ва саодат аст.
Он гоҳ масали дигар зикр мекунад ва мефармояд:
Аммо масали сухани нопок ва беҳақиқат масали дарахте аст, ки решае надошта бошад, қарору субот ва оромише надошта бошад, андак боде онро аз реша мекунад. (3)
Ростӣ ҳамин тавр аст. Аҳёнан дида мешавад, ки афродеро ба номи ҳимоят аз нажод ва қавмият ва ё ҳимоят аз як маслак ва ақидаи иҷтимоӣ, таҳти таъсири порае аз талқинот ва илиқоъот қарор медиҳанд ва муваққатан он бадбахтҳо ва бечораҳо эҳсосоти козибе пайдо мекунанд ва мумкин аст гоҳе ҷони худро низ дар ин роҳҳо аз каф бидиҳанд, аммо ҳамин афрод ҳамин ки андак фурсате пайдо мекунанд ва бо худ меандешанд, наметавонанд мантиқе барои амали худ биёбанд; бо андак тааммул ва бо як тазаккури кучак аз ноҳияи шахси дигар монанди абре, ки ба суръат худро вомегузорад, аз сафҳаи руҳаш маҳву нобуд мегардад.
Оре, Худошиносӣ ягона мантиқи саҳеҳ ва дуруст ва мустаҳками инсоният аст, пояи аслии тақво ва покдоманӣ ва ростӣ ва дурустӣ ва шуҷоат ва шаҳомат ва фидокорӣ аст, мабнои инсоният ва маншаъи имтиёзи воқеии инсон аз ҳайвон аст. Танҳо Худошиносӣ аст, ки метавонад ҷонишини мантиқи манфиатпарастӣ ва худпарастӣ гардад. Ин аст, ки Қуръони Карим мефармояд:
Худованд мададкори касоне аст, ки ба ӯ имон овардаанд ва онҳоро аз зулматҳо ва торикиҳо ба фазои равшан ва нуронӣ мебарад ва аммо он касоне, ки ба ин ҳақиқат имон наёвардаанд, ёру кӯмаки онҳо тоғут аст, ҳар лаҳза онҳоро аз фазои равшан ба сӯйи торикиҳо мекашонад. (4)
* * *
(1) Усули мутаъорафа ва ё усули мавзӯъа (ба фаронсавӣ: axiome) дар фалсафа, риёзиёт, мантиқ ва физик гузорае аст, ки бидуни исбот ва ба шакли пешфарз пазируфта мешавад ва аз рӯйи он соири гузораҳо истихроҷ мешаванд.
(2) Сураи Иброҳим, оятҳои 24 ва 25, тарҷимаи оёт, тарҷимаи лафз ба лафз нест.
(3) Иброҳим/26.
(4) Бақара/257.
* * *
Идома дорад…
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Чӣ касе соҳиби императории Пригожин хоҳад шуд?
Зуфархон Ҷавҳарӣ

Матолиби пурбоздид