То саҳар монда ҳанӯз

То саҳар монда ҳанӯз

Шеъре бисёр дилнишин аз Наҷиби Бовар, шоири афғонистонӣ дар бораи муқовимати Эрон

Кам маёред, ки поёни сафар монда ҳанӯз,

То расидан ба тулӯву ба саҳар монда ҳанӯз.

Куфр, аз водии ислом ба мо метозад,

Ой уммат, ба тамошо чӣ қадар монда ҳанӯз!

Он ки аз ҳаққи “башар” лофи фаровон мезанад,

“Ба” ба шамшер ҷудо кардаву “шар” монда ҳанӯз.

Роҳи озодии ин қавм масираш пайдост,

Роҳбар рафтаву сад роҳгузар монда ҳанӯз.

Бут шикастан ҳунари суннати Иброҳим аст,

Ин иноят ба дами тези тир монда ҳанӯз.

Сокинон, хонаи обоии мо дар хатар аст!

Падарон рафтаву шамшери падар монда ҳанӯз.

Модари захмии таърихии мо, эй Эрон!

Офаринат, ки туро хуни ҷигар монда ҳанӯз!

Нури уммед, муроди дили шабро надиҳад,

Офтоб аз сари мо рафта, қамар монда ҳанӯз.

Хатми ин ғоила бо таркиши Рустам бишавад,

Гар аз он шаҳири симурғ асар монда ҳанӯз.

Лаҳзаи охар агар мушт гиреҳ карда шаҳид,

Аз забони бадан изҳори назар монда ҳанӯз.

(Пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии Ривоят)

Қаламонлайн 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Расонаи исроилӣ: 50 нуқтаи Исроил дар 24 соат мавриди ҳадаф қарор гирифт
Вокуниши Трито Порсӣ ба бомбборони Донишгоҳи санъатии Шариф

Матолиби пурбоздид