Торихчаи Истиқлол

Таърих

Торихчаи Истиқлол

Ёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов

Назаре ба воқеаҳо дар остонаи Истиқлол ва ҷаласаи 16-ми Шӯрои Олӣ

Он гуна, ки худаш мегӯяд, яъне полковник В. Квачков, дар муддати кӯтоҳ барои сарварии гурӯҳи ҷиноӣ, шахси 23 сол дар зиндон буда, ҷинояткор (рецидивист) Сангак Сафаровро интихоб менамояд ва барои сӯҳбат ва барои таъид ба назди Ислом Каримов мебарад.

Зоҳиран Ислом Каримов параметри ҷиноятҳои Сангакро баркашида маъқул мекунад. Чунки ба ӯ ҷинояткор лозим буд, то супоришҳое, ки медод бе чуну чаро ва дар бераҳмии комил иҷро карда тавонад…

Сангак Сафаров барои саркӯб кардани озодандешон супоришро мегирад. Вале бо фаҳмиши онҳо на озодандешон, балки исломиёнро дар назар доштанд. Лекин дар асл кулли мардуми озодандешон, исломиён ва ҳар шахсе, ки каме озод буд, аз озодӣ хабар дошт дар зери хатар буд…

Сангак Сафаров, баробари ҷиноятҳое, ки содир кард, яке аз онҳо, раиси Комиҷроияи вилояи Кӯлоб Ҷиёнхон Ризоевро аз пешониаш парронд ва ба ҷои он директори совхози ба номи “Ленин” – и ноҳияи Данғара Эмомалӣ Раҳмоновро шинонд. Гуфтан мумкин аст, ки аз ҳамин рӯз сардори гурӯҳи ҷиноӣ қатли мардуми бегуноҳ ва бесилоҳро оғоз кард.

Сангак Сафаров дар гурӯҳи ҷиноӣ (Фронти холқӣ) ягона шахсе набуд, ки собиқаи ҷиноятӣ доштааст – ӯ шахсонеро, ки аллакай тибқи Кодекси ҷинояти маҳкум шуда буданд ва ё ҳанӯз ҷинояташон ошкор нашуда буд зери фармондеҳи худ ҷамъ мекард.

Барои мусаллаҳ гардонидани гурӯҳи ҷиноӣ, полки 91 – уми дивизияи 201 – уми Русия, ки дар шаҳри Қурғонтеппа мустақар буда, сардори он полковники маккор Вячеслав Меркулов шахсан дастгирӣ ва ғамхорӣ кардааст ва сабабгори хунрезиҳои зиёде дар маркази Қӯрғонтеппа ва вилоят шудааст.

Инҷо чанд нуктаеро аз мусоҳибаи рӯзноманигори шинохта Додоҷони Атовулло бо устоди зиндаёд Саид Абдуллоҳи Нурӣ – ро меорам: “Устод бо ин шарҳ мегӯянд, ки ҷаллоди миллат Сангак Сафаров ба Қӯрғонтеппа омада ба идораи вилоят медарояд ва митинг ташкил намуда шаҳрро зери тасарруфи худ медарорад, аз ин ҳодиса мардум огоҳӣ ёфт ва шаҳрро то Калининград поккорӣ намудем. Онҳо гурехта ба хонаҳои афсарони рус паноҳ гирифтанд. Полковник Меркулов ба мо гуфт, ки ман аввал нафаҳмида гумон мекардам, шумоён одамони хуб нестед, зидди мардуми ҳастед, акнун фаҳмидам, ки Сангак ва тарафдоронаш, аз Кӯлоб омада, одамҳои хуб набудаанд. Мо ба ӯ бовар карда мафтуни ӯ гаштем, дар кӯчаҳо постҳои худро гузошта баргаштем, вале ӯ моро фиреб додааст.

Шабона соати 3 – и шаб тарафдорони Сангак, 4 танк, БТР, БМП ҳамагӣ 7 адад техникаи ҳарбиро гирифта мераванд, гӯё, ки онҳо дуздида бошанд.

Мо пагоҳии рӯз ба сардори дивизияи 201 – ум Ашӯров хабар додем, онҳо гуфтанд, ки мо ин масъаларо ҳал мекунем, вале боз чанд танк, БТР, БМП – и дигар равон карданд ва дар Калининобод ҷамъ шуда мулоқот карданд. Сангак Сафаров бо чунин миқдори танку мошинҳои зиреҳпӯши Меркулов ба болои мардум аз нав ҳуҷум кард. Дар задухӯрдҳо афсарони Меркулов ва русӣ иштирок доштанд, ки аз асирҳои гирифтаи мо 5 нафарашон аз регионҳои Русия буданд, онҳоро бо баҳонаи картошкачинӣ мебарем гуфта ба ҷанги шаҳрвандӣ овардаанд, онҳо яроқҳояшонро партофта гурехта ба дасти мо афтиданд. Онҳо мазлум буданд, мо бо либосу пойафзол таъмин карда, меҳмондорӣ намуда, пул ҳам додем ва бо нақлиёти роҳи оҳан, ба ҷойҳои зисташон гусел кардем.”

Устод инчунин гуфтаанд: Нуктаи дигаре, ки ба вуқӯъ пайваст, ҳодисаи Тавилдара буд. Дар инҷо ҳам 200 300 нафар аскарони русӣ иштирок доштанд, аксарияти онҳо дастгир шуданд, кушта шуданд ва ҳуҷҷатҳои онҳоро ба пеши мо оварданд, ки тоза аз артиши Русия шаҳодатнома дода буданд, онҳо гурӯҳи махсусиятҳои вижа ҳастанд, ба амалиётҳои махсус мерафтанд, ҳамчун десант иштирок мекарданд. Инҳо ҳама аз тарафи нерӯҳои мо дастгир шуданд ва ҳама ҳалок гардиданд. Боз мисолҳои зиёд овардан мумкин аст, ки дар Душанбе ва дигар ҷойҳо афсарони русӣ иштирок мекарданд, коммунистҳоро тарафдорӣ ва ҳаракати мардумиро пахш мекарданд.”

***

Гурӯҳи ҷиноӣ ва як гурӯҳи депутатҳо эълон карданд, ки иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд гузаронда мешавад. Инҷо саволе пайдо мешавад: гурӯҳи ҷиноӣ бо Акпаршо Искандаров маслиҳат карданд ё на?! Чаро? Чунки, ӯ иҷрокунандаи вазифаи президентӣ ва ҳамзамон раиси Шӯрои Олӣ буд.

Чанд муддат пештар, аз тарафи ҷумҳуриҳои ИДМ пешниҳод шуда буд, ки дар Тоҷикистон “Дар давраи гузариш сохтори Шӯрои давлатӣ – додани роҳбари Ҳукумат то интихоботӣ навбатӣ” таъсис гардад. Акбаршо Искандаров бо чунин пешниҳод фармонро имзо карда буд. Дар лаҳзаҳои охир гузинаи дигар, яъне даъвати иҷлосияи Шӯрои Олӣ ба пеш меояд.

Идома дорад…

Дадоҷон Ёқубов

qalamonline.net

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Сарбози озодшудаи исроилӣ: “Ҳамос ба ман иҷоза медод намоз бихонам ва Таврот бароям таҳия кард”
Ҳамос дар солгарди шаҳодати Яҳё Синвор: “Шӯълаҳои Тӯфонул-Ақсо хомӯш нахоҳад шуд”

Матолиби пурбоздид